Дар чанд ҷумла
Заминларза дар Тоҷикистон
Рӯзи 26-уми март заминларза баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистонро такон дод. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки ҳодиса соати 09:44-и субҳ сабт шудааст ва марказаш "дар 220-километрии шимолу шарқи Душанбе ва 24-километрии шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт аст". Мақомот мегӯнд, нирӯи зилзила дар маркази он ба 3-4 дараҷаи Рихтер ва дар Хуҷанд ба 3 дараҷа баробар буд. Заминҷунбиро дар шаҳри Душанбе ҳам эҳсос кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, дар ин заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд нагирифтанд. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари заминларза чандин хона вайрон шудааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Назорати фарзандони муҳоҷирон дар Русия ба ихтиёри ВКД мегузарад
Вазорати маорифи Русия хабар дод, ки қоидаҳои супурдани иттилоъро дар бораи фарзандони хориҷиён ба Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ кардааст ва ин бешак тарсу бими муҳоҷиронро аз таъқиб афзоиш медиҳад.
Вазорат рӯзи 26-уми ноябр бо нашри баёния дар вебсайти худ гуфтааст, ба мақомоти интизомӣ супурдани иттилоъ дар бораи бачаҳои муҳоҷирон имкон медиҳад, ки маълум кунанд, чӣ қадар аз фарзандони муҳоҷирон дарс намехонанд ё берун аз мактаб ҳастанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ҳадафи аслиро зери назорати сахттар гирифтани хориҷиён ва бахусус фарзандони муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, медонанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Вакилони мардумии Русия имсол қонунеро қабул карданд, ки Вазорати маорифро вазифадор мекунад, ҳамаи иттилои лозимро дар бораи фарзандони муҳоҷирон ба Вазорати корҳои дохилӣ супорад. Ба қавли худи вакилони рус, ҳадафи қонун гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия аст.
Вазорати маориф гуфтааст, ки қонуни мазкур аз рӯзи 28-уми январ ҳукми иҷро мегирад ва бар асоси он Вазорати умури дохилӣ ба онҳо дар бораи сабтиноми хориҷиён дар маҳалли зисташон маълумот мефиристад. Вазорат ҳам бар асоси он бачаҳои муҳоҷиронро ба мактаб қабул мекунад ва агар муҳоҷир аз ҳаққи иқомат маҳрум шуд, фарзандашро ҳам аз мактаб ҷавоб медиҳанд.
Дар иваз Вазорати маориф бояд ба шуъбаҳои умури дохилӣ бояд дар бораи муроҷиати ягон муҳоҷир барои қабули фарзандаш ба мактаб, иттилоъ дар бораи ӯ, натиҷаҳои имтиҳонаш аз забони русӣ ва ё ба мактаб қабул шудан, ё хориҷ шудани онҳо хабар бидиҳад.
Вақти қабули ин қонун дар Думаи давлатӣ яке аз вакилон гуфт, ҳеч яке аз фарзандони муҳоҷиронро набояд бепул ба мактаб қабул кунанд, ҳатто агар ҳузурашон қонунӣ ҳам бошад.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ он замон вакилонро танқид карданд, ки вақтҳои охир дар Русия фақат қонунҳо дар бораи муҳоҷирон қабул мешавад, гуё дар Русия ба ғайр аз муҳоҷирон ягон масъалаи ҳалталабе нест.
Ермак: Зеленский мехоҳад, "ҳарчи зудтар" бо Трамп мулоқот кунад
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, омода аст, бо президенти Амрико Доналд Трамп ҳарчи зудтар мулоқот ва нақшаи сулҳро имзо кунад.
Дар ин бора роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Украина, Андрей Ермак, дар мусоҳиба бо Axios изҳор дошт.
Ба гуфтаи Ермак, мулоқот метавонад 27-уми ноябр, дар Рӯзи Шукргузорӣ дар Иёлоти Муттаҳида, баргузор шавад.
Масъалаи асосие, ки Зеленский ва Трамп бояд баррасӣ кунанд, бештар ба қаламрав дахл дорад.
Вашингтон ҳам изҳор дошт, ки "чанд ҷузъиёти нозук" бояд ҳал карда шаванд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар маросиме пеш аз Рӯзи Шукргузорӣ изҳор дошт, ки Русия ва Украина ба созиш барои ҳалли низои низомӣ наздиканд.
Кир Стармер, нахуствазири Бритониё, эълон кард, ки Зеленский ҳангоми суҳбати видеоӣ бо аксар нуктаҳои тарҳи сулҳи Трамп розӣ шудааст.
Вай гуфт, ҳампаймонҳои аврупоии Украина тасмим гирифтаанд, нақшаи сулҳи худро пеш набаранд, балки ба ислоҳи ташаббуси маъмурияти президенти Амрико тамаркуз кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Қирғизистон рафтааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 26-уми ноябр бо сафари корӣ ба Қирғизистон рафтааст.
Дафтари матбуоти президент навишт, ки ӯ дар ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ ширкат хоҳад кард.
Нишаст рӯзи 27-уми ноябр дар пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад. Тибқи иттилои вебсайти СПАД, дар ҷаласа тақвияти ҳамкорӣ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Интизор меравад, дар нишаст раҳбарони Русия, Беларус ва Қазоқистон низ иштирок кунанд.
СПАД як созмони ҳарбии минтақаии зери нуфузи Русия аст, ки бо иштироки ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ таъсис шуд, вале дар солҳои баъдӣ аз узвияти он чандин кишвар, аз ҷумла Узбекистону Гурҷистон берун шуданд.
Ҳабси се нафар бо иттиҳоми "ғасби қудрат" дар Қирғизистон
Додгоҳе дар шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, се нафарро бо гумони "ғасби қудрат бо зӯр" муваққатан, то нимаи моҳи январи соли 2026, ба ҳабс гирифтааст.
Онҳо – Темирлан Султонбек, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ; Қодирбек Отамбоев, писари президенти пешин Алмосбек Отамбоев ва Кубаничбек Қодиров, вакили собиқи порлумон, ҳастанд.
Дар сурати исботи иттиҳом ба ин афрод аз даҳ то понздаҳ сол зиндон бо мусодираи амвол таҳдид мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 22-юми ноябр дар бораи боздошти даҳ нафар хабар дода, ҳамаашонро ба "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" муттаҳам карда буд. Ҳоло иттиҳоми се нафари онҳо ба "ғасби қудрат бо зӯр" иваз шудааст.
Вазорат ҳамон рӯз гуфт, ки аз хонаи гумонзадҳо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, норинҷак, дастгоҳи иртибототӣ, 150 ҳазору доллар ва маводи мухаддир ёфтаву мусодира кардааст.
Гумонзадҳоро барои тарҳрезии ташкили нооромиҳо дар Қирғизистон пас аз интихоботи порлумонӣ айбдор медонанд.
Боздоштшудагон ва хешовандони онҳо иттиҳомҳоро рад мекунанд.
Афзоиши содироти орду гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон
Воридоти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар додааст.
Оҷонси иттилооти давлатиии Қазоқистон аз қавли вазорати кишоварзии Қазоқистон навиштааст, ки дар назар аст содироти орд ба Тоҷикистон чаҳор маротиба афзоиш ёбад.
Корхонаҳои коркарди орд дар Тоҷикистон асосан аз гандуми воридотии Қазоқистон истифода мекунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, солона ба Тоҷикистон наздик ба як миллион тонна гандум ворид мешавад, ки беш аз 99 дарсади он ба Қазоқистон рост меояд.
Вокуниши Кумитаи андози Тоҷикистон ба як гузориши Радиои Озодӣ
Кумитаи андоз ба як гузориши Радиои Озодӣ аз 11-уми ноябри имсол дар бораи қатъи кори ҳазорҳо ширкату соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон вокуниш кард.
Дар гузориш бо такя ба маълумоти Оҷонси омор гуфта шуда буд, ки аз 810 ҳазор ширкату соҳибкори инфиродӣ зиёда аз 400 ҳазори онҳо корро бас карда ва ё аз байн рафтаанд.
Дафтари матбуоти Кумитаи андоз дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ “то якуми ноябр 378,4 ҳазор ширкату соҳибкори инфиродӣ вуҷуд доранд” ва ин рақам “нисбат ба аввали сол 13,2 ҳазор маврид зиёд аст”.
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 25-уми октябри имсол навишт, “то 1-уми октябр тариқи “Равзанаи ягона” дар тамоми ҷумҳурӣ 810,7 ҳазор субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст ва аз ин 59,8 ҳазор шахси хуқуқӣ ва 750,9 ҳазор соҳибкори инфиродӣ мебошанд.”
Рӯшан нест, омори кадоме дуруст аст.
Масъулони Кумитаи андоз дар номаи худ ба Радиои Озодӣ аслан нагуфтаанд, ки чӣ теъдод аз ширкату соҳибкорон аз байн рафтанд ё фаъолияти худро қатъ карданд. Ба ҷойи ин, гӯшзад кардаанд, ки тайи солҳои охир қонунгузориро беҳтар ва сабтиноми ширкату соҳибкоронро осон намудаанд.
Аз 10-уми январи имсол санҷиши соҳибкорон дар Тоҷикистон ба муҳлати ду сол (ба ҷуз мақомоти андоз) манъ шудааст.
Дар гузашта низ мақомот борҳо аз пешниҳоди имтиёзу сабукӣ ба соҳибкорон хабар додаанд, вале соҳибкорон баҳраҳои баланди бонкӣ, вуҷуди фасоди молӣ, набудани шаффофияту рақобати солим, инҳисор ё монополияи соҳаҳои сердаромад ва молиёти баландро аз мушкилоту монеаҳо номбар мекунанд.
Баъзе афроди шинохта бо Дҳармендра Деол видоъ кардаанд
Дҳармендра Деол, ҳунарманди саршиноси Ҳиндустон, ки камаш дар 300 филм, аз ҷумла "Алибобо ва 40 роҳзан", нақши қаҳрамонӣ бозидааст, даргузашт. "Алибобо ва 40 роҳзан"-ро дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Ҳиндустон, Узбекистон ва Тоҷикистон ба навор гирифтаанд.
Наздикони Дҳармендра маросими ҷамъиятии видоъ бо ҳунармандро ташкил накарданд. Вале афроди шинохта ба мисли ситораи синамо Амиттабҳ Баччан рӯзи 24-уми ноябр дар маҳаллаи Ҷуҳуи шаҳри Мумбай бо ӯ видоъ намуданд.
Дҳармендра соли 1935 дар Панҷоб ба дунё омада, баъди пирӯзиаш дар як озмуни синамои ҷавонон дар соли 1960 ба Мумбай кӯчид ва тӯли шаст соли гузашта дар садҳо филми маъруфи ҳиндӣ нақши қаҳрамони мусбат, ҷавони ошиқ, инсони хуб ва ҳатто нақшҳои ҳаҷвиро иҷро кардааст.
Соли 1975 Дҳармендра дар филми "Шулай", ки дар Тоҷикистон бо номи "Қасос ва Қонун" маъруф аст, ҳамроҳи Амитабҳ Баччан нақши ду дӯсти ҳақиқатҷӯйро бозидаанд. Ин филм ҳамчун намунаи фарҳанги ҳиндӣ эътироф шудааст.
Ҳамсари аввали Дҳармендра Пракаш Каур мебошад. Онҳо қабл аз шуҳратёбии Дҳармендра издивоҷ карда буданд. Дар соли 1980 Дҳармендра бидуни талоқи ҳамсараш бори дуюм ва ин дафъа бо Ҳема Малинӣ издивоҷ кард.
Дҳармендра дар солҳои 2004-2009-ум вакили мардумӣ ҳам будааст. Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба аҳли оила ва наздикони Дҳармандра ҳамдардӣ иброз дошт.
Шахси наздик ба духтари Мирзиёев намояндаи хос дар Вашингтон шуд
Комил Алламҷонов, яке аз шахсони наздик ба Саида Мирзиёева, духтари раисҷумҳури Узбекистон, дар сафорати ин кишвар дар Вашингтон намояндаи хос таъйин шудааст. Ӯ маъмурияти президенти Узбекистонро дар Иёлоти Муттаҳида намояндагӣ хоҳад кард.
Фармонро дар ин бора Саида Мирзиёева, раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумати Узбекистон ва духтари президент Шавкат Мирзиёев, рӯзи 24-уми ноябр имзо гузоштааст.
Алламҷонов дар моҳи сентябри имсол мушовири вижаи барномаи омӯзиши Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дар Иёлоти Муттаҳида таъйин шуд.
Ӯ ҳамзамон ба ҳайси мушовири мустақили роҳбари маъмурияти президенти Узбекистон кор хоҳад кард. Ба ин мақом дар моҳи июни имсол таъйин шуда буд.
Намояндаи хоси маъмурияти президенти Узбекистон дар Вашингтон баррасиву татбиқи тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кори Шӯрои тиҷорат ва сармоягузории Амрико-Узбекистонро бар уҳда хоҳад дошт.
Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Русия ба Киев ба 6 нафар расидааст
Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Русия ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, ба шаш нафар расидааст.
Бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ навишт, ки ҳамла шаби 24 ба 25-уми ноябр сурат гирифт.
Тимур Ткаченко, раиси маъмурияти низомии Киев, дар саҳифааш дар Telegram навишт, дар ноҳияи Святошинский чор кас кушта шуданд.
Қаблан дар бораи марги ду нафар, аз ҷумла як зани 86-сола, дар ноҳияи Днепровский гузориш расида буд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, дар бораи бистарӣ шудани нуҳ нафар, аз ҷумла як кӯдак ва се калонсол хабар дод.
Ба гуфтаи шаҳрдор, эҳтимол баъзе аз одамон дар зери вайронаҳои як бинои харобшуда дар ноҳияи Святошинский монда бошанд.
Мақомот аз қатъи нерӯи барқ ва об дар баъзе аз гӯшаҳои Киев хабар доданд.
Ҷаласаи СПАД. Маҳдудияти равуо дар баъзе аз гӯшаҳои Қирғизистон
Дар пайванд ба нишасти Шӯрои амнияти ОДКБ ё Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, аз 25 то 27-уми ноябр дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуйи Қирғизистон равуои мошинҳоро маҳдуд мекунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон иттилоъ додааст.
Вазорат аз ронандагон хостааст, мошинҳои худро дар канори роҳҳо нагузоранд, аз истифодаи мошинҳои борбари гаронвазн худдорӣ кунанд ва дастурҳои нозирони роҳро иҷро намоянд.
Ба ҷуз ин, мактабҳои миёнаи Бишкек аз 25-уми ноябр то 1-уми декабр ба таълими онлайн мегузаранд. Мактабҳои олии пойтахти Қирғизистон низ аз 25 то 27-уми ноябр ба таври маҷозӣ ё онлайн кор хоҳанд кард.
Нишасти асосии Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯзи 27-уми ноябр дар пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад. Тибқи иттилои вебсайти созмон, дар ҷаласа тақвияти ҳамкорӣ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Интизор меравад, дар нишаст раҳбарони Русия, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок кунанд.
Ҳунарманди тоҷик: "Бигузоред соҳибкорон оромона кор кунанд"
Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи тоҷик, ки дар баробари ҳунармандӣ ба соҳибкорӣ низ машғул аст, дар як паёме дар саҳифаи инстаграми худ аз масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон хоҳиш кардааст, то имкон диҳанд мардум фаъолияти соҳибкории худро пеш баранд.
Ба навиштаи ӯ, соҳибкорон сари вақт маблағи андози худро месупоранд, вале баъзе намояндаҳои ин ниҳод айбҷӯӣ мекунанд ва онҳоро ором намегузоранд.
Ӯ дар идома гуфтааст, намедонад ба куҷо муроҷиат кунад ва изҳори умедворӣ кардааст, ки баъди навиштаи ӯ мақомот "дар ин масъала бо инсоф сӯҳбат мекунанд".
Масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон то кунун дар робита ба ин гуфтаҳои Зулайхо Маҳмадшоева вокуниш накардаанд.
Дар гузашта низ соҳибкорон борҳо аз гаронии молиёт ва тафтишҳои пай дар пай шикоят карда буданд.
Ба гузориши Оҷонси омори Тоҷикистон, аз 810 ҳазор ширкату соҳибкори инфиродӣ, ки дар "Равзанаи ягона"-и Кумитаи андоз сабт шудаанд, зиёда аз 400 ҳазори онҳо фаъолиятро бас кардаанд.
Бархе соҳибкорон аз дахолат ба корашон ва таваҷҷуҳ нашудан ба мушкилашон сӯҳбат мекунанд, ки боиси аз кор мондани ширкату корхонаи онҳо гаштааст.
Русия мегӯяд, "тақаллуби санадҳо" миёни муҳоҷирон афзудааст
Дар Русия ҷиноятҳои марбут бо тақаллуби ҳуҷҷатҳо миёни муҳоҷирон афзудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ дар Русия хабар дод.
Алексей Гасак, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Русия, гуфтааст, теъдоди ҳодисаҳои ошкоршуда бо иттиҳоми тақаллубӣ, таҳия ва фурӯши асноди муҳоҷирон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 22 дарсад бештар аст.
Ба гуфтаи ӯ, "муҳоҷирони корӣ барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия бештар ба издивоҷҳои сохта, фарзандхонӣ ва тақаллуби натиҷаҳои имтиҳони ягонаи давлатӣ даст мезананд."
Ҳамчунин, Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҳамкорӣ бо Хадамоти марзбонӣ зиёда аз се ҳазор мавриди иваз кардани маълумоти шахсии хориҷиро барои ворид шудан ба ин сабт кардааст.
Аз аввали сол ба зиёда аз 160 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ иҷозат дода нашуд, ки ба Русия ворид гарданд. Аз ин теъдод, се ҳазор нафар кӯшиши вуруд бо истифода аз маълумоти тағйирёфтаро кардаанд.
"2 хонаро вайрон карданд." Баҳси мардум бо "Муҳиддин Суруш" ба куҷо расид?
Баъд аз гузориши Радиои Озодӣ, мақомот дар шаҳри Ваҳдат монеи вайрон кардани манзили сокинон дар кӯчаи Наврӯз шудаанд. Соҳибони ҳафт хона дар инҷо рӯзи 21-уми июн шикоят доштанд, ки ширкати бинокории “Муҳиддин Суруш” бе ризояти онҳо ва пешниҳоди ҷуброн бо трактору булдозер ҷойи зисташонро вайрон мекунад. То кунун ду хона тахриб карда шудааст.
Сокинон рӯзи 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки намояндагони ҳукумат баъд аз зуҳри ҷумъа ба назди онҳо омада, “аз тахриби панҷ манзили дигар пешгирӣ карданд”. Маълум нест, ин қарор доимист ё танҳо фурсатест барои музокироти байни ширкати бинокор ва соҳибони ҳавлиҳо.
Яке аз онҳое, ки хонааш вайрон карда шудааст, рӯзи душанбе гуфт, “намояндагони ҳукумат пурсиданд, ки розӣ будед, хонасоз манзилҳоятонро чаппа кунад? Мо ҳама дар ҷавоб гуфтем, ки розӣ нестем.”
Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, “агар навор саривақт пахш намешуд, мумкин буд, манзилҳои дигарро ҳам вайрон мекарданд. Пас аз суҳбати намояндаҳои ҳукумати Ваҳдат то имрӯз касе наомадааст.”
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ширкати бинокории “Муҳиддин Суруш” низ трактору булдозерҳояшро аз хонаҳои баҳсӣ берун баровардааст. Вале талоши мо барои гирифтани шарҳи намояндагони ширкат дар чаҳор рӯзи охир бенатиҷа буд.
Дар бораи “Муҳиддин Суруш” маълумоти кофӣ дар даст нест. Қарор аст, ин ширкат дар ҷойи ҳавлиҳо дар кӯчаи Наврӯзи шаҳри Ваҳдат бинои баландошёна бисозад, аммо мардум мегӯянд, ба онҳо на ҷуброни зарурӣ дода шуда ва на арзиши хонаашон пардохт шудааст.
Дар пойтахти Тоҷикистон ва шаҳрҳои дигар баҳсҳои вобаста аз манзили наву кӯҳна зиёд аст. Ҳар чанд вақт сокинон шикоят мекунанд, ки ширкатҳои бинокор манзилашонро тахриб карда ҷуброни ночиз пешниҳод мекунанд. Меъморон мегӯянд ягона роҳ ин аст, ки ширкати сохтмонӣ ва соҳибони манзил бар асоси нархи бозор ба тавофуқ расанд.
Масъалаи таъмини сокинон бо манзил аз мушкили рақами аввал дар Тоҷикистон дониста мешавад. Нархи як метри мураббаи хона дар бисёртабақаҳои шаҳри Душанбе аз 400 то 1800 долларро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, агар онро ба даромади аҳолӣ муқоиса кунем, "фарқ байни замину осмон хоҳад буд" ва зоҳиран баҳсҳо барои хона ҳам беасос нест.
Ҳабси муваққатии гумонбарони ташкили ошӯб дар Қирғизистон
Дар Қирғизистон даҳ нафарро бо гумони омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ боздошт кардаанд, ки дар миёни онҳо писар ва чанде аз шарикони раисҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев низ ҳастанд.
Ба гуфтаи муфаттишон, “боздоштшудаҳо ният доштанд, пас аз эълони натиҷаҳои интихобот аввал дар ҷануб ва сипас дар шаҳри Бишкеку минтақаҳои дигари Қирғизистон як силсила гирдиҳамоиро ташкил кунанд.”
“Нақшаи онҳо мусодираи эҳтимолии биноҳои маъмурӣ, шабакаҳои телевизионӣ, иншооти нерӯҳои амниятӣ, аслиҳа ва муассисаҳои ислоҳиро дар бар мегирифт,” – гуфта шудааст дар баёнияи расмӣ.
Ба иттилои мақомот, нерӯҳои амниятии Қирғизистон ҳангоми кофтукоб аз гумонбарон “силоҳу муҳимоти ҷангӣ, норинҷак, васоили иртиботот, нақшаи чорабиниҳо, маводи мухаддир ва 150 ҳазор доллар пули нақд”-ро мусодира кардаанд.
Модари Темирлан Султонбеков, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ ва яке аз боздоштшудаҳо, гуфт, ҳангоми кофтукоб дар хонаи онҳо ба фарқ аз аксу наворҳое, ки Вазорати корҳои дохилӣ паҳну нашр кард, чизе ёфт нашудааст.
Додгоҳи шаҳри Бишкек шоми 23-юми ноябр ба ҳабси чанде аз гумонбарон иҷоза дод.
Аз ҷумла, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ Темирлан Султонбеков, ҷонибдори ӯ Қодирбек Отамбоев, вакили собиқ Шайлообек Атазов ва соҳибкор Урмат Бариқтабасов барои ду моҳи оянда дар боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳанд монд.
Интизор меравад, интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 30-юми ноябри соли 2025 баргузор гардад.
Ҷасади ду зодаи дигари Тоҷикистонро аз Русия овардаанд
Рӯзи 23-юми ноябр ҷасади ду зодаи Тоҷикистонро, ки зоҳиран дар ҷанги Украина кушта шудаанд, ба ватан оварданд.
Тобути Сабзалӣ Раҳмонов аз ноҳияи Восеъ ва Шарофиддин Саидов аз ноҳияи Варзобро аз шаҳри Ростови лаби Дон ба Тоҷикистон интиқол дода, ба наздиконашон супурданд.
Наворҳо аз лаҳзаи фиристодани ҷасадҳо ва ҳамчунин дафни онҳо дар зодгоҳашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Дар видеоҳо иддао мешавад, ки ҳарду нафар дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Рӯзи марги онҳо маълум нест.
Ҳангоми боз кардани тобути Сабзалӣ Раҳмонов аз ноҳияи Восеъ дар болои ҷасади ӯ либоси сабзи шабеҳи либоси низомиён дида мешавад. Кай ва чӣ гунаву аз куҷо ба ҷанги Украина рафтани ҳалокшудагон ҳоло маълум нест.
Хешовандони аксари онҳое, ки хабари маргашон дар ҷанги Русия дар Украина мерасад, мегӯянд, фарзандонашонро бо фиребу зӯр ба ҷанг бурдаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ин дам танҳо сад мавриди аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурда шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ кардаанд.
Тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” дар чанд моҳи охир номи наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун "зархарид" нашр кардааст, ки бархе аз онҳо дар ҷанги Украина кушта ё нопадид шудаанд.
Қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сахтеро пешбинӣ мекунад, вале дар муддати тақрибан чаҳор соли ҷанг ҳеч додгоҳи кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст.