Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ва Чехия нирӯҳои худро аз Ироқ берун меоранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Фаронса гуфтанд, нирӯҳои худро аз Ироқ берун меоранд, то онҳо дар мубориза ба зидди густариши коронавирус дар кишвари худ саҳм гиранд. Ин иқдом 25-уми март, як рӯз пас аз он эълом шуд, ки Ҷумҳурии Чех, низ тасмими хуруҷи нирӯҳояш аз Ироқро гирифт. Ин нирӯҳо бахше аз маъмурияти зери раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, ба омӯзиш ва машварат додан ба нирӯҳои ироқӣ ва кумак ба иҷрои амалиёти зиддитеррористии алайҳи ДОИШ дар Ироқ машғуланд.

XS
SM
MD
LG