Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суперҷоми Тоҷикистон: Кӣ ғолиб мешавад -"Истиқлол" ё "Хуҷанд"?


Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони кишвар ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 4-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бидуни мухлисон баргузор мешавад.

Дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 3-юми апрел, дар Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) доир шуд, таъкид гардид. Зикр шуд, ки ин тасмим бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ гирифта шудааст.

Аз ин пеш Вазорати тандурустии Тоҷикистон тавсия дода буд, ки ба иллати хатари коронавирус чорабиниҳои оммавӣ дар кишвар коҳиш дода шавад. ФФТ ин тавсияро дастгирӣ намуд ва бо мақсади пешгирӣ тасмим гирифт, ки бозӣ барои Суперҷом бидуни мухлисон баргузор карда шавад.

Дар нишасти хабарӣ сармураббиёни ҳарду бошгоҳ аз омодагии дастаҳои худ ба бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ доданд.

Никола Лазаревич, сармураббии дастаи “Хуҷанд”:

- Ин бозии дувуми мо бо “Истиқлол” дар муддати камтар аз як моҳ аст. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), ки 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуда буд. Мо ба бозӣ барои Суперҷом хуб омодагӣ дидем. Кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем ва фардо ғолиб шавем. Бозӣ бе мухлисон мегузарад, ки фазои футболӣ нест, вале ин тасмими ФФТ дуруст аст, зеро ки саломатии аҳолӣ дар мадди аввал мебошад. Мухлисон имкон доранд, ки бозиро тавассути телевизион мустақиман тамошо кунанд. Мекӯшем, ки онҳоро хурсанд намоем.

Виталий Левченко, сармураббии дастаи “Истиқлол”:

- Қабл аз ҳама ҳаводорони футболро бо мавсими нав дар Тоҷикистон, ки бо бозӣ барои Суперҷом оғоз меёбад, табрик мекунам. Мо фардо бозии хубро интизорем. Рақибамон мақсади ҷиддӣ дорад. Ва аммо дар ин бозӣ кадом дастае, ки зӯр аст, ғолиб мешавад. Ба мухлисон таманно дорам, ки пуртоқат бошанд. Онҳо имконияти тамошои ин бозӣ ва бозиҳои чемпионати Тоҷикистонро тавассути телевизион доранд. Вале дар бисёр кишварҳо бозиҳои чемпионатҳои миллӣ мавқуф гузошта шудаанд.

Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори ёздаҳум доир мегардад. Ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро ба даст овардааст. «Истиқлол»-и Душанбе ҳашт бор, «Равшан»-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор якборӣ дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон баранда шудаанд.

Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, «Истиқлол» бар «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

Суперҷоми Тоҷикистон - 2020

4-уми апрел (шанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Кӯмакдоварон: Акмал Буриев (Турсунзода), Исмоил Нуралиев (Норак).

Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири доварон: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG