Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ "Ахбор"-ро баст. Мирзои Салимпур: Ин ҳамлаи ошкор ба озодии матбуот аст


Саҳифаи асосии сомонаи "Ахбор" дар рӯзи 9-уми апрели 2020
Саҳифаи асосии сомонаи "Ахбор" дар рӯзи 9-уми апрели 2020

Додгоҳи олии Тоҷикистон сомонаи мустақили "Ахбор"-ро, ки қароргоҳаш дар шаҳри Прага аст, ба рӯйхати вебсайтҳои мамнуъ дар кишвар ворид кард. Мақомот торнаморо ба он айбдор кардаанд, ки ба созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифин дар Аврупо, "хидмат мекунад".

Мирзои Салимпур, муассис ва сардабири “Ахбор”, гуфт, сомонаи зери раҳбарии ӯ ба ҳеч созмон ё ниҳоде тааллуқ надорад ва бастанаш "як амали ғайриқонунӣ ва ҳамлаи рӯйирост ба озодии матбуот аст".

Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8-уми апрел бо нашри иттилоия гуфт, дар баробари "Ахбор.ком" дастрасӣ ба сомонаи “Наҳзат.ру”-ро низ қатъ кардаанд.

Мақомоти Додгоҳи олӣ гуфтанд, қарор дар бораи бастани ин сомонаҳо рӯзи 18-уми феврал содир шуда, аз 19-уми март ба иҷро даромадааст. Маълум нест, чаро ин хабар баъди қариб як моҳ нашр шуд.

Мирзои Салимпур
Мирзои Салимпур

Мирзои Салимпур, муассис ва сардабири сомонаи “Ахбор”, аз қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар бораи баста шудани ин сомона интиқод кард. Ӯ рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сомона "тарҳи комилан мустақили журналистӣ аст ва ба ягон гуруҳу ҳизбу ҳаракат вобаста нест - на ба тарафи ҳукумат ва на ба мухолифинаш."

Салимпур мегӯяд, ба зидди онҳо парванда сохтанд, аммо намояндаи онҳоро ягон бор ба додгоҳ даъват накарданд.

"Сабаби аслии масдуд кардани сомонаи "Ахбор” чанд хабару гузориш дар бораи ҳизбҳои мухолиф нест, чунки сомона ҳар моҳ беш аз 500 мақолаву гузориш нашр мекунад, ки аз ин шумор шояд як ё дутояш дар бораи мухолифин бошад. Бо ин баҳонаи беасос мақомот мехоҳанд аз "Ахбор” барои фош кардани мавридҳои фаровони коррупсия, порахӯрӣ ва дигар камбудиҳое, ки ин сомона фош мекунад, ниқор бигиранд", - афзуд ӯ.

Сомонаи "Ахбор.ком" моҳи ноябри соли 2016 дар маркази Ҷумҳурии Чех ба кор оғоз карда, хабарҳои марбут ба Тоҷикистону минтақаро бе парда бозтоб медиҳад. Мирзои Салимпур мегӯяд, дар муддати фаъолияти тақрибан чаҳорсолаи сомона хабару гузоришҳои нашркардаи онҳоро беш аз 20 миллион бор дидаанд. Дастрасӣ ба ин сомона беш аз ду сол боз дар Тоҷикистон масдуд аст.

XS
SM
MD
LG