Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бозиҳои бетамошобини қаҳрамонии Тоҷикистон. "Кӯктош" бо "Хуҷанд" мусовӣ кард


Бозӣ миёни дастаҳои "Куктош" ва "Хуҷанд".

Бозии охирини даври сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки рӯзи чоршанбеи 22-юми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи «Кӯктош» хотима ёфт. Ҳисобро нимҳимоятгар Ҳикматулло Расулов дар дақиқаи 41-ум боз кард. Голи ҷавобиро нимҳимоятгари «Хуҷанд» Фатҳулло Фатҳуллоев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 52-юм зад.

Ёдовар мешавем, бозии марказии даври сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар, ки 19-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Дар бозии дигари даври сеюм рӯзи 19-уми апрел ССКА-и Душанбе бар дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 18-уми апрел дар майдони худ - варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена» - бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.

Бозии ду дастаи нави лигаи олӣ - «Душанбе-83»-и Душанбе ва «Файзканд»-и Восеъ, ки 18-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат доир гардид, бидуни гол анҷом пазируфт.

Ба ин тартиб, пешсафон – «Истиқлол» ва «Хатлон» - бо ҳафтимтиёзӣ мавқеашонро дар ҷадвали мусобиқа нигаҳ доштанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷойи аввал ва “Хатлон” дар ҷойи дувум қарор доранд. Дастаҳои «Кӯктош» ва «Файзканд» бо панҷимтиёзӣ ҷойҳои севуму чаҳорумро касб намудаанд.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат, 25-26-уми апрел баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозиҳо муваққатан бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин тасмим бо тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба иллати хатари коронавирус ва бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ гирифта шудааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

2

1

0

11-2

7

2

«Хатлон» (Бохтар)

3

2

1

0

7-5

7

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3

1

2

0

4-1

5

4

«Файзканд» (Восеъ)

3

1

2

0

5-4

5

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

1

1

1

6-4

4

6

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

3

1

1

1

4-5

4

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

1

1

1

6-5

4

8

ССКА (Душанбе)

3

1

0

2

4-6

3

9

«Душанбе-83» (Душанбе)

3

0

1

2

0-8

1

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

3

0

0

3

2-9

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон») – 3-тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шерзод Маҳамадиев, Диловаршо Ғаниев (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ.

Даври 4-ум

25-уми апрел (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:30

«Файзканд» – «Истаравшан»

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Истиқлол» – «Кӯктош»

26-уми апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Локомотив-Помир» – «Хатлон»

«Душанбе-83» – ССКА

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG