Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корти сурх ба капитани "Хатлон" Умарҷон Шарипов бекор шуд


Бозӣ миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хатлон".
Бозӣ миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хатлон".

Кумитаи назорат ва интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷаласаи худ, ки 23-юми апрел баргузор шуд, бар асоси тавсияи кумитаи доварони ФФТ корти сурх (корти дувуми зард)-ро дар бозии “Истиқлол» - “Хатлон» (19-уми апрел) ба Умарҷон Шарипов бекор кард. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар додааст.

Ёдовар мешавем, кумитаи доварони ФФТ 21-уми апрел пас аз тамошои сабти видеоии бозии даври сеюми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол»-и Душанбе ва “Хатлон»-и Бохтар, тасмим гирифт сардовар Насрулло Кабиров дар дақиқаи 80-ум ба нимҳимоятгар Умарҷон Шарипов, капитани дастаи «Хатлон», корти сурх (корти дувуми зард) нишон дод, ки ин нодуруст аст. Кумитаи доварон аз Кумитаи назорат ва интизоми ФФТ дархост намуд корти сурх (корти дувуми зард)-ро бекор намояд.

Илова бар ин, бо қарори кумитаи доварони ФФТ сардовар Насрулло Кабиров барои нодуруст нишон додани корти сурх (корти дувуми зард) ба бозигари «Хатлон» аз ҳакамӣ дар ду даври қаҳрамонии Тоҷикистон маҳрум шуд.

Бозии марказии даври сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни пешсафони мусобиқа - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар, ки 19-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Ба «Истиқлол» танҳо дар замони изофа (90+5) муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд.

Дар ҷаласаи кумитаи доварони ФФТ шикояти бошгоҳи футболи «Хатлон»-и Бохтар нисбати ду ҳолат дар бозӣ муқобили «Истиқлол» баррасӣ гардида буд.

Кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки сардовар Насрулло Кабиров ба дарвозаи “Хатлон” дуруст, тибқи қоидаҳои футбол, пеналтӣ таъйин намудааст.

"Дарвозабони “Хатлон» Куайе Годсон дар дохили ҷаримагоҳ муқобили бозигари «Истиқлол» қоидаи бозиро вайрон кардааст",-гуфта мешавад дар қарори кумитаи доварони ФФТ.

Зимнан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз наҳваи бархӯрди сардовар ва тайъин кардани ҷаримаи ёздаҳметрӣ ба дарвозаи "Хатлон" норозигӣ карданд. Онҳо аз ҷумла гуфтанд, ки дар ин маврид қоидаи бозӣ вайрон нашуда буд ва сардовар ба иштибоҳ роҳ дод.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон "Истиқлол" ва "Хатлон" бо ҳафтимтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо "Истиқлол" дар ҷойи аввал ва "Хатлон" дар ҷойи дувум қарор доранд. Дастаҳои "Кӯктош"-и Рӯдакӣ ва "Файзканд"-и Восеъ бо панҷимтиёзӣ ҷойҳои севуму чаҳорумро касб намудаанд.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат, 25-26-уми апрел, баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ба иллати хатари коронавирус ва бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ бозиҳо муваққатан бе ҳузури тамошобинон доир мегарданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

2

1

0

11-2

7

2

«Хатлон» (Бохтар)

3

2

1

0

7-5

7

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3

1

2

0

4-1

5

4

«Файзканд» (Восеъ)

3

1

2

0

5-4

5

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

1

1

1

6-4

4

6

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

3

1

1

1

4-5

4

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

1

1

1

6-5

4

8

ССКА (Душанбе)

3

1

0

2

4-6

3

9

«Душанбе-83» (Душанбе)

3

0

1

2

0-8

1

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

3

0

0

3

2-9

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон») – 3-тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шерзод Маҳамадиев, Диловаршо Ғаниев (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ.

Даври 4-ум

25-уми апрел (шанбе)

Оғози бозӣ соати 16:30

«Файзканд» – «Истаравшан»

Оғози бозӣ соати 17:00

«Истиқлол» – «Кӯктош»

26-уми апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

«Локомотив-Помир» – «Хатлон»

«Душанбе-83» – ССКА

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG