Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои VI осиёӣ дар Тайланд доир мегардад


Бозиҳои осиёӣ. Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ соли 2021 дар Тайланд баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Шӯрои олимпии Осиё хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, Шӯрои олимпии Осиё дар бораи гузаронидани Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки соли 2021 дар Тайланд доир мегардад, бо ҷониби баргузоркунандаи бозиҳо шартнома ба имзо расонд.

Маросими имзои шартнома тариқи тамоси видеоӣ миёни раёсати варзиши Тайланд дар Бангкок ва қароргоҳи Шӯрои олимпии Осиё дар Кувайт сурат гирифт.

«Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар ду шаҳри Тайланд – Бангкок ва Паттай - соли 2021 баргузор мешавад. Санаи аниқи бозиҳо дертар маълум хоҳад шуд. Ба барномаи мусобиқот 24 намуди варзиш дохил шудааст», - гуфта мешавад дар ин хабар.

Зимнан, Бангкок соли 2005 аввалин Бозиҳои осиёиро дар иншооти сарпӯшида ва соли 2009 Бозиҳои осиёии ҳунарҳои размиро (ҳар ду бозиҳо соли 2013 муттаҳид шуданд) мизбонӣ кардааст.

Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё, бо таассуф изҳор намудааст, ки ба иллати бемории ҳамагири COVID-19 натавонистанд шартномаро дар ҳузури якдигар ба имзо расонанд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 16-ум то 27-уми сентябри соли 2017 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод - баргузор шуд, ҳамагӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 125 варзишгар дар 15 намуд ширкат кард. Намояндагони Тоҷикистон дар 9 намуд медал гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи сифати медалҳо дар ҷойи 17-ум ва аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар ҷойи 8-ум қарор гирифт.

Се медали тиллоро ба мунтахаби Тоҷикистон Миҷгона Самадова дар риштаи кикбоксинг миёни занон дар вазни зери 60 кило, Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни зери 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило оварданд.

Дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод варзишгарон дар таркиби 64 дастаи мунтахаб аз кишварҳои Осиё, Уқёнус, инчунин дастаи паноҳандагон зери парчами Шӯрои олимпии Осиё ширкат варзида, оид ба 21 намуди варзиш рақобат карданд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод бо пирӯзии мизбонон ба поён расид. Варзишгарони туркман, ки аз аввал то охири бозиҳо пешсафиро аз даст надоданд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 245 медал (89 тилло, 70 нуқра ва 86 биринҷӣ) ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мақоми аввалро азони худ карданд.

Умуман, дар ин бозиҳо 36 даста бо медалҳои бозиҳо мукофотонида шуд. Варзишгарони 28 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG