Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии бокси ҷаҳон соли 2021 дар Белград доир мегардад


Қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон соли 2021 дар Белград баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, санаи баргузории мусобиқа дар пойтахти Сербия баъдтар маълум хоҳад шуд. "Бо сабаби ба таъхир андохтани Олимпиадаи 2020 то соли 2021 ба иллати пандемияи коронавирус лозим омад ислоҳот ворид карда шавад",-гуфта шудааст дар хабари сомонаи AIBA.

Дар аввал қаҳрамонии ҷаҳон-2021 мебоист дар Деҳлӣ баргузор мешуд, аммо шаҳр ӯҳдадориҳои молиявии худро дар назди AIBA иҷро накард ва Сербия ин мусобиқаро ба даст овард. Пойтахти Ҳиндустон вазифадор аст, ки 500 ҳазор доллар ҷарима пардохт кунад.

Белград барои бори дуввум дар таърихаш қаҳрамонии ҷаҳонро баргузор мекунад. Мусобиқаи қаблӣ соли 1978 доир шуда буд. Соли 2021 қаҳрамонии ҷаҳон миёни занон низ баргузор мешавад. Макони онро баъдтар AIBA эълон хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон, ки аз 2-юм то 6-юми апрел дар шаҳри Душанбе доир шуд, беш аз 120 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат дошт.

Варзишгарон аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (5 вазн миёни занон ва 8 вазн миёни мардон) рақобат карданд. Дар сабқати занон дар ҳамаи панҷ вазн варзишгарони шаҳри Душанбе – Сумайя Қосимова (-51 кг), Миҷгона Самадова (-57кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг), Идимоҳ Холова (-69 кг) ва Фарзона Каримова (-75 кг) - ғолиб шуданд.

Дар сабқати мардон дар панҷ вазн варзишгарони Душанбе - Саидикром Амонов (-69 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (-75 кг), Аҳмадҷон Саидов (-81 кг), Давлат Болтаев (-91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҷойҳои аввалро касб намуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дар ду вазни дигар муштзанҳо аз вилояти Суғд - Муҳаммад Абдусамадзода (-52 кг) ва Абдураҳмон Ёқубов (-63 кг), инчунин Бахтовар Сагизов (-57 кг) аз вилояти Хатлон ғолиб омаданд.

Қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон ба ҳайати дастаҳои мунтахаби занона ва мардонаи кишвар дохил шуда, минбаъд Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ хоҳанд кард.

"Дар мусобиқаи имсола ду муштзани маъруфи тоҷик - Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио роҳхат гирифтаанд, ширкат надоштанд. Ба ҳарду имкон дода шуд, ки ба мусобиқоти байналмилалӣ, бахусус Олимпиадаи соли 2021 хубтар омодагӣ бигиранд",-гуфт ба Радиои Озодӣ Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG