Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои соҳилии Осиё-2020 моҳҳои ноябр-декабр дар Чин доир мешавад


Рамзи Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё дар Санйаи Чин
Рамзи Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё дар Санйаи Чин

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё дар Санйаи Чин пиктограммаҳо ё тасвирҳои шартии намудҳои варзишро, ки дар ин мусобиқаҳо муаррифӣ мешаванд, пешниҳод кард.

Тавре хабар дода мешавад, дар Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё 17 намуди варзиш, 19 ришта ва 93 чорабинӣ муаррифӣ карда мешаванд. Бозиҳо аз 28-уми ноябр то 6-уми декабри соли 2020 дар шаҳри курортии Санйаи ҷазираи Ҳайнан баргузор мешаванд.

Намояндаи Кумитаи тадорукоти “Санйа-2020” Чжоу Ҷун консепсияи тарроҳиро чунин тавсиф кард:

- Пиктограммаҳои варзишӣ ба нурҳои офтобе, ки болои варзишгарон меафтанд, диққати махсус медиҳанд ва моҳияти беназири варзиши соҳилиро инъикос мекунанд. Нури офтоб дар ин ҷо дар заминаи тозаи пиктограммаҳо инъикос ёфта, маҷмуи визуалии байни Йин (соя) ва Ян (нури офтоб)-ро эҷод менамояд, ки он ҳам ба эстетика ё зебоии анъанавии Чин мувофиқат мекунад.

Ба гуфтаи Чжоу Ҷун, ин як зуҳуроти хаёлоти Чин мебошад ва ба он ишора мекунад, ки худи Санйа як шаҳри пур аз хаёлот аст. "Тавассути Бозиҳо мо кӯшиш мекунем, ки шаҳрро эҳё намоем, Санйа хеле шод хоҳад шуд, ки дастовардҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи худро ба шумо нақл кунад", - гуфт Чжоу Ҷун.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои соҳилии Осиё ширкат карда, ба комёбиҳо ноил шудаанд. Чунончи, паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки соли 2014 дар шаҳри Пҳукети Тайланд доир гардид, дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни беш аз 90 килограмм барои мақоми аввал бо медали тилло сарфароз шудааст.

Маълумот

Бозиҳои соҳилии Осиё бузургтарин мусобиқаи варзишии соҳилӣ дар Осиё мебошад. Мусобиқаи шашум дар Санҷа аз 28-уми ноябр то 6-уми декабри соли 2020 баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 17 намуди варзиш, бо шумули футболи соҳилӣ ва волейбол дохиланд. Ин мусобиқа нахустин мусобиқаи минтақавист, ки дар Ҳайнан баргузор мешавад, инчунин ягона чорабинии бузургтарини варзишӣ дар Чин дар соли 2020 мебошад.

Намудҳои варзиш: акватлон (3 мусобиқа); варзишҳои обӣ: шино дар оби кушода (4) ва полои обӣ (2); варзиши сабуки соҳилӣ (12); заврақи муҳаррикдор (8); қайиқи аждаҳо (9); баскетбол 3x3 (2); шӯхпаймоии варзишӣ (4); ҳандболи соҳилӣ (2); футболи соҳилӣ (2); волейболи соҳилӣ (2); вудбол (8); ҳунарҳои размӣ: гуштии соҳилӣ (7) ва ҷиу-ҷитсу (4); кабоддаи соҳилӣ (2); сёрфинг (6); варзиши бодбонӣ (10); текбол (3); мотопараплан (3).

Таърихи Бозиҳои соҳилии Осиё:

• 2008 - Балӣ, Индонезия;

• 2010 - Маскат, Умон;

• 2012 - Ҳайян, Чин;

• 2014 - Пҳукет, Тайланд;

• 2016 - Дананг, Ветнам.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG