Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзе, ки намедонам иҷро кардам, ё не. Дар сӯгвории як раҳнамои бисёриҳо


Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Дар сӯгвории як раҳнамои бисёриҳо

Ба ӯ ваъда дода будам, ки ҳеч гоҳ танҳояш намемонам ва ин эҳсосро аз сараш умуман дур кунад. Зеро ҳамеша бо ману мо буд. Ҳарчанд худро ҳамеша хушҳол нишон медод, касе намедонист дар андешааш чӣ фикрҳоеро ҷо карда буд.

Гап дар бораи Рӯзимад Тоҳирие меравад, ки дина моро тарк гуфт.

Ӯро аз бемористон рост ба манзилгоҳ бурданд

Ӯ барои оилаи мо бештар аз як домод буд. Оре, Рӯзимад Тоҳирӣ домоди аввалини хонадони мост. Яккаписари хонадонашон. Бобои Наврӯз ва Холаи Гадойбӣ фарзанди дигаре надоштанд. Ҷояшон Биҳишти ҷовидон бод, ки яке соли 2005 ва дигаре 2008 ин дунёро тарк гуфтанд.

Тоҳирӣ шукри Худо 5 фарзанд дорад. 2 духтару 3 писар. Аммо ҳамеша аз он фикр мекард, ки агар аҷал ба суроғаш омад, оё сари тобуташро кӣ хоҳад гирифт ва танҳо ҳамсару духтарҳояш барои ӯ навҳа хоҳанд кард?

Осудааш мекардем, ки ин фикрҳоро аз сараш дур барад. Ӯ, ки барои мо бегона нест. Ҳамчуноне дар ҳама маъракаҳои хурсандиву мотам то ин замон ҳамроҳаш будем, аз ин пас ҳам хоҳем буд. Ӯ ҳам ҳамеша бологузари маъракаҳои мо ва раҳнамо ба ҳисоб мерафт. Бар илова, ӯро дар ноҳияи Восеъ бисёриҳо мешиносанд ва дасти кӯмакаш ба бисёриҳо расидааст...

... Соли 1980, вақте тӯйи хонадории ӯву апаам баргузор гардид, хеле хурд будам, ҳамагӣ 7-сола ва нав мактабхон. Бачаи калони хона. Соли ахири донишҷӯии акаи Рӯзимад дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи Кӯлоб. Маҳз ӯ барои ман китобҳои зиёдеро меовард, имтиҳон мегирифт. Худаш яке аз муаллифони доимии нашрияи ноҳиявии "Мубориз" ва нашрияҳои ҷумҳуриявӣ буд. Ҳамеша боифтихор имзои ӯро дар сафҳаи нашрияҳо медидаму ҳавас мекардам, ки ман ҳам чун ӯ як шахси машҳуру донишманд мешавам.

Пас аз хатми донишгоҳ аввал ӯро ба ноҳияҳои Шаҳритусу Қабодиён ба кор фиристоданд, ҳарчанд яккаписари хонадон буд. 2-3 сол он ҷо муаллимӣ намуд ва ҳамзамон дар нашрияҳои ноҳиявиашон матолиб менавишт. Баъд як муддат дар мактаби №17-и хоҷагии Миралӣ Маҳмадалӣ ҳам кор кард. Ахиран ба зодгоҳи худ баргашт ва дар мактаби №1 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба шогирдон дарс медод...

Дар хонааш китобхонаи шахсӣ дошт, ки аз ҳазорҳо китоб, бастаи нашрияҳо иборат буд. Мардуми зиёде аз шаҳраки Восеъ меомаданду аз ӯ китобу нашрияҳоро мегирифтанд, мехонданд ва бозпас меоварданд. Дафтари махсусе карда дошту номнавис мекард. Аллакай дар синфи 4-5 хонданам, ман ҳам аз корбарони ашаддии китобхонааш гардидам. Бо ҳавас ба кору фаъолиятҳои ӯ нигоҳ мекардам. Ҳатто аз синфи 7 ман ҳам дар пайравӣ аз Тоҳирӣ китобхонаи шахсӣ кушодам ва ҳар боре идпулиам медоданд ва баъдтар, ки аввалин ҳаққи қалами худро аз нашрияву маҷаллаҳо мегирифтам, бо он китоб мехаридам.

Қисмате аз ин китобҳоро, ки теъдодашон аз 3000 зиёд буд, соли 2013, ки номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Восеъ будам, ба китобхонаи мактабҳо тӯҳфа кардам...

Аз синфи 7 ҳар таътили тобистонаро дар хонаи онҳо мегузаронидам. Ҳамин хонаеро, ки ҳоло он ҷо зиндагӣ доранд, ҳамроҳ сохтаем. Дар хиштрезиву лойкорӣ кӯмакаш мекардам. Дастёри дигаре надошт, ҳарчанд ҳамарӯза ба хонааш шогирдони зиёдаш барои дарси иловагӣ меомаданд, ё барои супурдани имтиҳони дохилшавӣ ба макотиби олӣ, хоса аз забону адабиёти тоҷик ва иншо сабақашон медод. Мактаби дигареро мемонд хонаашон...

Тамоми тобистонҳо дар хонаашон аз рӯи номгӯи вуҷуддоштаи онзамона иншоҳо дар мавзӯъҳои озод ва аз адабиёти классику шӯравӣ менавиштам. Маро ислоҳ мекард, роҳнамоӣ менамуд, машварат медод. Ин иншоҳоро баъдан ҳамчун намуна ба шогирдонаш дода, мегуфт, ки аз онҳо метавонанд истифода баранд.

Фикр мекунам, ҳар касе аз ноҳияи Восеъ ва гирду атрофи он ба факултаи филологияи тоҷик ва журналистика дохил шудан мехост, маҳз пеши Тоҳирӣ меомад. Хеле аз ҳамсабақу ҳамкасбони ояндаамро маҳз дар ин хона вохӯрдаам.

Ӯ ҳам ба ман муҳаббати хос дошт. Аз шогирдонаш, аз ҷумла ҳамсинфони Фирӯза Шарифӣ, ки хатмкардаи факултаи филологияи тоҷик аст ва ҳоло муовини раиси вилояти Хатлон, маро ҷудо намекард. Соли 1988 ҳамроҳи онҳо маро ба лагери меҳнатӣ ба Волгогради Русия бурд. Аввалин сафари берун аз Тоҷикистони ману бисёриҳо гардид. Вақти бозгашт Тошканду қисман Бухороро ҳам тамошоямон дод...

Дар синфи 8 мехондем ва ба озмунҳои фаннии ноҳия, хоса забону адабиёти тоҷик шогирдони худро мебурд, аммо эҳсос мешуд, ки ба ман таваҷҷӯҳи бештар дорад, аз ман мухлисӣ мекунад. Дар ин озмунҳо рақиби ҳамешагиву асосии ман Адолати Мирзо - сардабири нашрияи "Миллат" буд, ки дар мактаби №10 -шаҳраки ноҳия таҳсил мекард. Қиссаҳои хотирмоне аз ин озмунҳо дорем...

Вақти супурдани имтиҳон ба Донишгоҳи миллӣ ягона ҳамроҳи ман Тоҳирӣ буд. Аз ҳар баҳои ман ифтихор мекард ва таҳрикам медод, ки ҳарчӣ бештар хонам ва чиро...

Нахустин телевизиони мустақил дар Тоҷикистон "Мавҷи озод" -и Восеъ буд ва Рӯзимад Тоҳирӣ аз кормандони сермухлисаш. Барномаҳои рамазонӣ дошт, ки бинандаи зиёдеро фаро мегирифт. Якум ва охирин таҷрибаомӯзии ман дар ТВ ҳамон соли 1994 иттифоқ афтод ва таҳти раҳнамоии Тоҳирӣ чанд барнома таҳия кардем. Дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва мактабу маориф ҳам барномаҳои диданӣ дошт. Мутаассифона "Мавҷи озод" пас аз марги Самариддин Фазлиддинов ба ҳолати душвори молиявӣ рӯ ба рӯ шуд. Аммо Тоҳирӣ то охир маънаван бо ин шабака монд...

Воқеан, Тоҳирӣ ҳунари дипломатии ҷолибе дошт. Инро дар бисёр ҳолатҳо дидаам. Кадом як интихоботи маҳаллӣ буд, ки ҳам писари Самариддин Фазлиддинов номзадиашро ба маҷлис гузошт ва ҳам шогирдаш Фирӯза Шарифӣ, ки он вақт ба сифати раиси созмони ҷавонони вилояти Хатлон фаъолият дошт. Ду рақиби аслии маърака ва ҳарду мехостанд, ки Тоҳирӣ шахси боэътимодашон бошад. Ба гунае роҳи ҳалли муамморо ёфт. Фирӯза ахиран вакил шуд...

Нашрияҳои ҳарҳафтаинаро мегирифт ва ҷамъоварӣ менамуд. Бойгонии фаровоне дорад. Аз онҳо дар таҳияи беш аз 20 маҷмӯа истифода кардааст.

Яке аз аввалин устодони фанни хатти ниёгон буд. Синфхонаи муҷаҳҳазу дидание омода кардааст. Як замон намояндаҳои Ройзанаи фарҳангии Сафорати Эрони дар Тоҷикистон ба дидани синфхонаҳои алифбои ниёгон рафтанд ва утоқи кории Тоҳириро ҳамчун намунаи беҳтарин дар минтақаи Кӯлоб эътироф карданд. Ваъда доданд, ки як бор сафар ба Эронро барояш таъмин мекунанд. 3 сол пеш даъваташ карданд, вале Вазорати маорифи Тоҷикистон мушкил пеш оварду натавонист аз Эрони орзуҳояш дидан намояд. Қариб як моҳ дар хонаи ман дар интизори иҷозаи вазорат монд, аммо онро барои ӯву ҳамкасбони дигараш надоданд...

Шахси нафсшикастае буд, бо вуҷуди таҷрибаи анқариб 40-солаи омӯзгорӣ ва таълиму тарбияи беҳтарин шогирдон ягон унвону ҷоизае надошт. Гоҳе дар сӯҳбатҳои инфиродӣ ба ман гила мекард, аммо "ҷангаш" мекардам ва мегуфтам мо аз Шумо чунин тарбия нагирифтаем: "Дар кӯча бо сари баланд садҳо нафар устод гуфта, эҳтиромат мекунанд, ҳамин кофист".

Бо хандаи зебо розӣ мешуд...

Ӯро дар ҳақиқат дӯст медоштанд, эҳтиром мекарданд. Обрӯву нуфузашро соли 2013, вақте номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Восеъ буданам, на танҳо ман, ҳамчунин ҳамкасбони зиёдам, ки барои кумак дар ин маърака рафта буданд, шоҳид гардиданд. Хоса Сафват Бурҳонов, ки қариб ду моҳ дар хонаи Тоҳирӣ – ситоди асосии мо бо ман буд...

Ман ҳоло нав - нав эҳсос мекунам чӣ шахсиятеро аз даст додаем. Чанд рӯзи ахири беморӣ аз дур тамос доштем. Аз рафтан ба касалхона тарс дошт. Зеро зиёд медонист. Ҳолату вазъияти бемористонҳоро ҳам. Бо ин вуҷуд, ахиран маҷбураш кардем, ки ба касалхона равад. Гуфтем, ки ақаллан дастгоҳи нафаскашӣ доранд. Вагарна ҳамаи доруву дармони дигарашро таҳия карда будем. Шукри фарзандонаш, ки дар муҳоҷират ҳам бошанд, кӯшиш карданд ҳама доруву дармон саривақт таъмин бошад.

Апаам, ки духтур аст, то замони дар хона табобат гирифтанаш ҳамаи доруву дармонро мегузаронд. Аммо дар бемористон, ки бурданаш, якбора инсулт гирифт. Он ҷо шароите набуд, ки ташхиси мушаххас гузоранд. Ҳарчанд аз Душанбе табибонеро дархост кардем, ки ба ҳамкасбони восеъгиашон тавсия бидиҳанд, аммо бе дастгоҳҳои зарурӣ маълум кардани сатҳи беморӣ имконнопазир гардид. Ду рӯз беҳуш хобид ва дина ҷон ба Ҳақ супурд...

Як рӯз пеш аз ин духтурҳо гуфтанд, ки дар дасту пойяш ҳаракат эҳсос мешавад. Аз як ҷиҳат хурсанд шудам ва аз сӯи дигар сахт дар ташвиш гардидам. Зеро чандин бор шоҳид будам, ки ин гуна беморон пеш аз ҷон супурдан ҳатман як қадаре дар назар беҳтар мешаванд. Акаам Эмомалӣ ҳам, ки як моҳ дар бемористони Шӯрообод соли 2017 пас аз садамаи мудҳише беҳуш буд, як рӯз пеш аз марг "каме беҳтар" гардид ва рӯзи дигараш моро тарк гуфт...

Субҳи барвақти дина, вақте додару апаҳоям мегуфтанд, ки духтурон мегӯянд, Тоҳириро бояд ба касалхонаи дигар интиқол бидиҳем, ман сари чизҳои дигар фикр мекардам. Дар ин андеша будам, ки наход пешгӯии акаи Рӯзимад рост барояд ва тобути Ӯро пайванде набардорад? Ду писарии калонаш дар Русияанд. Дар атрофаш фақат хешу табори мо ва Зафар Муродов - хабарнигори "Кулябская правда", ки чанд соли ахир дӯсту ҳамроҳи доимиаш буд...

Дар роҳ ба ноҳияи Восеъ будем, ки додарам Шӯҳрат занг зад ва пурсид: духтурон мегӯянд интизори омаданашон шавем, ё майитро ба гӯристон барем? Тақрибан 2 соат зарур буд. Гуфтам, ки Тоҳирӣ як ҳаёт ҳамеша интизори одамон буд. Бигзор ҷисми беҷонаш ҳам дар интизори одамон ба хоки сард супурда шавад...

Ба хонааш замоне расидем, ки одамон аз сари манзилаш бармегаштанд. Нақл карданд, ки Рӯзимадро додарони ман ва Зафар Муродов дар хонаи охираташ ҷо кардаанд. Намедонам худро ором карда метавониста бошам, ки Ӯро танҳо нагузоштаем, ё не...

Намедонам, бисёр чизҳоро намедонам...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG