Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони дармондаи узбек иҷозати убур тавассути Қазоқистонро дарёфт карданд


Муҳоҷирони дармондаи узбек дар марзи Русия ва Қазоқистон
Муҳоҷирони дармондаи узбек дар марзи Русия ва Қазоқистон

Садҳо муҳоҷири Узбекистон, ки аз рӯзи 11-уми май дар марзи Русия бо Қазоқистон дармонда буданд, иҷозати баргашт ба ватанро тариқи роҳи транзитӣ дарёфт карданд. Дар ин бора консули Узбекистон дар Тотористон Фариддин Насриев иттилоъ дод.

"Барои интиқоли шаҳрвандони худ ба Узбекистон мо автобусҳои махсусро ташкил мекунем. Сафорати Қазоқистон дар Узбекистон низ барои интиқоли шаҳрвандони мо ба ватан нақлиёт ҷудо мекунад", - изҳор дошт дипломати узбек.

Ба гуфтаи Насриев, дар ин замина дар ҷараёни гуфтугӯҳои ҳукумати Узбекистон бо ҷониби Қазоқистон ва Русия созиш ҳосил шудааст.

"Ин натиҷа осон ба даст наомадааст. Ҳукумати мо бо Қазоқистон ва Русия гуфтугӯ карда, дархост намуд, ки шаҳрвандони Узбекистонро иҷозати убур диҳанд. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳар касе фардо омад, ӯ низ гузашта метавонад. Агар шаҳрвандони дигари Узбекистон биоянд, мо онҳоро иҷозати убур нахоҳем дод. Аз шаҳрвандон даъват мекунем, дар ҷои зисти худ монанд. Ҳар касе дар парвозҳои чартерӣ ба қайд гирифта шудааст, бо навбат ба ватан интиқол меёбад", - афзуд ӯ.

Муҳоҷирони дармондаи узбек пештар аз мақомоти Нурсултон ва Тошканд ташкили роҳи транзитӣ тавассути Қазоқистон ба Узбекистонро дархост карда буданд. Вале мақомоти Қазоқистон гуфтанд, то беҳбуди вазъ дар кишварҳои ҳамсоя марзҳои худро боз нахоҳанд кард.

Ин гуруҳи муҳоҷирони узбек дар гузаргоҳи марзии "Маштаково"-и вилояти Оренбурги Русия бо Қазоқистон дармондаанд. Онҳо мегӯянд, бо умеди боз шудани марзи Қазоқистон 11-уми май озими Узбекистон шуданд.

XS
SM
MD
LG