Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии хайриявии FIFA барои ҷамъоварии маблағ дар мубориза бо коронавирус


Бунёди Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) оид ба кор бо лоиҳаҳои рушди иҷтимоӣ барои ҷамъоварии маблағ дар мубориза бо пандемияи коронавирус бозии хайриявӣ ташкил мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти FIFA хабар додааст.

Маблағҳои ҷамъшуда ба рушди технологияҳои гуногуни табобати бемориҳо аз коронавирус, беҳтар кардани ташхис, табобат ва эҷоди ваксинаҳо равона карда мешавад.

"Мо бояд ҳамбастагиро нишон диҳем ва тамоми саъю кӯшишамонро дар мубориза бар зидди пандемия идома диҳем, - гуфт президенти FIFA Ҷанни Инфантино.

- Мо дар баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ тавассути як қатор ширкатҳои дигар фаъолона иштирок кардем. FIFA низ дар ҳалли ин масъала саҳми молӣ гузоштааст, аммо ҳоло мо ӯҳдадорем, ки чорабиниҳои оламгирро оид ба ҷамъоварии маблағ ташкил намоем, замоне ки ба ин вазъият мусоидат мекунад, ҳатто агар он танҳо пас аз якчанд моҳ рух диҳад,"-афзуд Президенти FIFA.

"Маълумоти муфассалтар дар бораи ин чорабинии беҳамто, аз ҷумла макон, сана, иштироккунандагон ва андоза аз ҷониби бунёд саривақт эълон карда мешавад", - гуфт мудири кулли Бунёди FIFA оид ба кор бо лоиҳаҳои рушди иҷтимоӣ Юрий Ҷоркаефф. - Дар айни замон сенарияҳо ва нақшаҳои мухталиф баррасӣ мешаванд, ки ҳар яки онҳо ба талаботи ҳифзи саломатӣ ва дигар қарорҳои ҳукуматҳои марбута ва ташкилотҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG