Бозиҳои IV ҷаҳонии кӯчманчиён ба иллати пандемияи коронавирус ба соли 2021 ба таъхир гузошта шуд. Ин тасмим бо мақсади ташкили Бозиҳо дар сатҳи сазовори мероси муштараки кишварҳо ва халқҳои туркзабон, инчунин ҳифзи саломатии варзишгарон ва дигар иштироккунандагон гирифта шуд.
Бояд гуфт, ки Бозиҳои IV ҷаҳонии кӯчманчиён мебоист тирамоҳи соли 2020 дар Туркия баргузор мешуд. Бозиҳои қаблии ҷаҳонӣ дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон барпо гардида буданд.
Шаш сол пеш дар нахустин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён намояндагони 19 кишвар ширкат доштанд. Дар Бозиҳои дувум, ки моҳи сентябри соли 2016 доир шуд, намояндагони 52 кишвар иштирок карданд.
Севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён дар Иссиқкӯли Қирғизистон моҳи сентябри соли 2018 бо ширкати беш аз якуним ҳазор варзишгар аз 66 кишвар ва 11 минтақаи Русия доир гардид. Ба барномаи Бозиҳо 31 риштаи варзиш шомил буд. Аз ҷумла асптозӣ, варзишҳои размӣ, бозиҳои суннатии миллӣ, мусобиқоти тирандозӣ, камонварӣ, бозиҳои суннатии зеҳнӣ ва ғайра шомили барномаи ин Бозиҳо буданд.
Варзишгарони тоҷик дар севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён дар мусобиқот оид ба гуштии алиш, гулеш ва кураш маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.
Ҳадафи аслии Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён эҳё ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии халқҳои бодиянишин мебошад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Махалгарои даркор нест хамаи мо Точикем
Рост гуфтед, Фирузчон
Гуфти калонсоло ин милати "пурбардошт" кай руи об мебаромада бошад!!!
Ман аз шахри Турсунзожа хастам.....ба шахри мо хам заминларза шуд аммо ин ходисаро на он хама фахмид...такрибан аввали 17 январ заминларза шуд ман хоб набудам вакте диване ки ман хоб будам аз чояш як чунбиду боз ба чояш баргашт....ман он гох фахмидам к заминларзида истодааст....
Оянда Хитой ба чои карз албата бокисондаи конхои тилою нукра, сурмп ва гайра конхоро мегирад. Пага барои фарзандони мо факат яма мемона.