Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии футболи Эрон 11-уми июн бозкушоӣ мешавад


Қаҳрамонии футболи Эрон рӯзи 11-уми июн азсар гирифта хоҳад шуд. Дар ин бора Лигаи футболи Эрон хабар додааст, ки ба он сомонаи расмии АFC (Конфедератсияи футболи Осиё) истинод мекунад.

Гуфта мешавад, ки бозиҳо дар майдонҳои холӣ баргузор мешаванд. Қаҳрамонии Эрон, мисли аксари мусобиқоти футбол дар саросари ҷаҳон, бар асари пандемияи коронавирус рӯзи 11-уми март боздошта шуд. Дар мусобиқа нӯҳ давр мондааст, ки ният доранд дар шаш ҳафта бозиҳоро ба итмом расонанд.

Ҳамчунин сомонаи Tehran Times хабар додааст, ки қаҳрамонии футболи Эрон бо иҷозаи раисиҷумҳур Ҳасан Руҳонӣ дубора доир хоҳад шуд.

"Мо бо Федеросиюни футбол ва намояндагони беҳдоштӣ ҷаласа доир кардем ва ба хулосае омадем, ки мавсимро идома бидиҳем. Роҳбарияти Ла Лигаи Испониё, Серияи А-и Итолиё ва Бундеслигаи Олмон ин корро карданд ва мо низ аз уҳдааш мебароем. Мо 9 ҳафта дар ихтиёр дорем ва метавонем бозиҳоро дар 6 ҳафта баргузор карда, мавсимро ҷамъбаст кунем", - гуфтааст Эраҷ Харирҷӣ, вазири беҳдошти Эрон.

Барои омодагӣ тимҳо се ҳафта муҳлат доранд, бинобар ин бошгоҳҳои эронӣ легионерҳоро даъват мекунанд, ки ҳарчи зудтар ба макони дастаҳо баргарданд. Аммо, бо сабаби маҳдудиятҳо дар мубориза алайҳи пандемияи коронавирус, футболбозон барои бозгашт ба Эрон метавонанд ба мушкилиҳо мувоҷеҳ шаванд.

Ҳамагӣ 27 нафар футболбозни хориҷӣ дар ин мавсим дар 16 бошгоҳи эронӣ бозӣ мекунанд, ки дар миёни онҳо намояндагони Бразилия бештар - панҷ нафар - мебошанд.

Айни замон дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Эрон тими "Персеполис"-и Теҳрон бо 47 имтиёз пешсаф аст, ки нисбат ба "Сипоҳон"-и Исфаҳон даҳ имтиёз бештар дорад.

Дар Эрон то ҳоло беш аз 120 ҳазор нафар ба бемории ҳамагири Covid-19 мубтало шудаанд ва беш аз 7000 нафар ҷон додаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG