Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2020 миёни бозигарони то 16-сола дар Баҳрайн бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора championat.asia хабар додааст.
Мусобиқаи мазкур дар ибтидо бояд дар Баҳрайн аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр баргузор мешуд, аммо ба далели пандемияи коронавирус AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) тасмим гирифт, ки мусобиқаи қитъавӣ миёни наврасон ба моҳи ноябр мавқуф гузошта шавад.
Дар қаҳрамонии Осиё-2020 (U-16) 16 дастаи мунтахаби наврасон иштирок мекунад: Баҳрайн (мизбон), Тоҷикистон, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Австралия, Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Яман, Индонезия, Узбекистон, Умон.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “А”, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри соли гузашта дар Урдун баргузор шуд, дар ҳамаи чаҳор бозиаш ғолиб омад: Шри-Ланка – Тоҷикистон – 0:8, Тоҷикистон – Кувайт – 9:0, Непал – Тоҷикистон – 0:7, Тоҷикистон – Урдун – 5:2.
Футболбозони навраси тоҷик дар ин гурӯҳ бо 12 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб гашта, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ пайдо карданд.
Анваршо Мирзоев, раҳбари дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар Урдун беҳтарин бозиҳоро намоиш дод.
“Ин самараи меҳнати Федератсияи футболи Тоҷикистон аст, ки дар тӯли ҳафт-ҳашт соли охир ба рушди футбол миёни кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Ман мутмаинам, ки ояндаи футболи тоҷик дурахшон аст. Аз ҳисоби ин футболбозони наврас ва дастаи мунтахабе, ки моҳи октябри соли гузашта дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия иштирок кард, баъди панҷ-шаш сол тими миллии кишвар таркиб меёбад ва дар оянда ба комёбиҳо мушарраф мегардад," - афзуд Анваршо Мирзоев.
Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки моҳи ноябр дар Баҳрайн доир мегардад, роҳхат гирифтанд: Тоҷикистон (гурӯҳи «A»), Ҳиндустон (гурӯҳи «В»), Эрон (гурӯҳи «С»), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «D»), Қатар (гурӯҳи «E»), Имороти Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи «F»), Чин (гурӯҳи «G»), Австралия (гурӯҳи «Н»), Кореяи Шимолӣ (гурӯҳи «I»), Ҷопон (гурӯҳи «J») ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «К»).
Инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо - Яман (гурӯҳи «Е»), Индонезия (гурӯҳи «G»), Узбекистон (гурӯҳи «В») ва Умон (гурӯҳи «D») - ба ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 дар Баҳрайн мушарраф шуданд.
Зимнан, мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои чаҳорумин бор аст, ки дар марҳилаи ниҳоии қаҳрмонии Осиё ширкат хоҳад кард. Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик солҳои 2006, 2010 ва 2018 ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо карда буданд. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар соли 2018 дар Малайзия мебошад.
Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои наврасони зери 16-сола
Гурӯҳи «А»
Натоиҷи бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон:
Шри-Ланка – Тоҷикистон – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).
Тоҷикистон – Кувайт – 9:0
Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – ба дарвозаи худ (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 47 (5:0). Суннатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).
Непал – Тоҷикистон – 0:7
Голҳо: Муҳаммадворис Саидалиев, 7 (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 12 (0:2). Муҳаммадворис Саидалиев, 15 (0:3). Муҳаммадворис Саидалиев, 29 (0:4). Хусрав Тоиров, 46 (0:5). Хуршед Давлатзода, 71 (0:6). Муҷовид Шовайсуддинов, 83 – аз пеналтӣ (0:7).
Тоҷикистон – Урдун – 5:2
Голҳо: Абдулқодир Ал-Алем, 11 (0:1). Адҳам Гҳанем Ал-Редаӣ, 13 (0:2). Раҳматшо Раҳматзода, 24 (1:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (2:2). Хусрав Тоиров, 69 (3:2). Суннатулло Азизов, 77 (4:2). Муҳаммадворис Саидалиев, 82 (5:2).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “А”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Тоҷикистон |
4 |
4 |
0 |
0 |
29-2 |
12 |
2 |
Урдун |
4 |
2 |
1 |
1 |
17-6 |
7 |
3 |
Кувайт |
4 |
1 |
2 |
1 |
4-11 |
5 |
4 |
Непал |
4 |
1 |
1 |
2 |
4-15 |
4 |
5 |
Шри-Ланка |
4 |
0 |
0 |
4 |
0-21 |
0 |
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!