Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фархор ҳайкалчаи Буддоро ёфтанд. ВИДЕО


ҳайкалчаи Буддо
ҳайкалчаи Буддо

Як сокини ноҳияи Фархор ҳангоми кандани хандақ дар наздикии қалъаи “Золи Зар” ҳайкалчаи Буддоро пайдо карда, ба осорхонаи ноҳия супурдааст. Бостоншиносон мегӯянд, ин нахустин пайкараи сангии Буддост, ки дар ин минтақа ёфт шудааст.

Азизулло Муродов, мудири осорхонаи Фархор мегӯяд, солҳои пеш низ дар Фархор чанд ҳайкалчаи Буддо пайдо шуда буд, аммо онҳо ҳама гил будаанд. Бозёфти нав ба гуфтаи Муродов тоза аз санг аст.

“Ҳайкалчае, ки нав пайдо кардем таърихи хело қадима дорад. Ин бозёфт аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин маконҳо одамон зиндагӣ мекардаанд”—афзуд мудири осорхонаи ноҳияи Фархор.

Бо ин ҳама Азизулло Муродов мегӯяд, то имрӯз дар қалъаи “Золи-Зар” ягон кофтукови васеи бостоншиносӣ анҷом нашудааст. Ба таъкиди Муродов, бозёфти нав зарурати гузарондани кофтукоб дар ин маконро бештар кардааст. Бархе муаррихони ҳамсуҳбати мо мегӯянд, барои гузарондани кофишҳои бостоншиносӣ дар қалъаи “Золи Зал” маблағи зарурӣ ҷудо нашудааст.

Бостоншиносон пайдоиши ҳайкалчаҳои Буддо дар Фархорро як далели дигаре медонанд, нишон медиҳад, дар гузашта дини буддоӣ дар инҷо нуфузи зиёд дошт.

Холмуҳаммад Сафаров, муаррихи тоҷик ва муаллифи навиштаи “Магар фархориён бутпараст буданд?” аз ҷумла муаррихонест, ки мегӯяд, то омадани Ислом ба Осиёи Марказӣ дини буддоӣ дар инҷо пайравони зиёд дошт. Ҳарчанд ба таъкиди Сафаров, масеҳият ва дини зардуштӣ низ дар миёни мардуми Осиёи Марказӣ аз нуфузи зиёде бархурдор буданд.

Сафаров гуфт, ки чандин ҳайкалчаҳои Буддо, ки то ин вақт пайдо шуданд, асосан ба давраи давлатдории Ҳахоманишиниҳо тааллуқ дорад.

“Аз харобаҳои Саразм дар Панҷакент ва дигар мавзеҳои таърихии Тоҷикистон низ ҳайкалҳои хурду бузурги Буддо пайдо шудаанд. Будоизм аз Ҳинд тариқи Афғонистони имрӯза низ дар сарзамини Осиёи Марказӣ паҳн шуда буд. Бостоншиносон ҳар ҷое ки ҳайкали Буддо пайдо карданд, он то асрҳои 5-6-и мелодӣ аст. Баъдан дар бадани дигар ашё сурати инсон ҳаст, вале дигар ҳайкалҳо нестанд. Маълум мешавад, ки бо омадани Ислом комилан дини буддоӣ аз миён рафтааст”,--гуфт Холмурод Сафаров.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Дар ноҳияи Фархор нимапайкараи хурди Буддо ёфт шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Қалъаи “Золи-Зар”-ро бостоншиносон ба қаҳрамонҳои “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ рабт медиҳанд. Дар энсиклопедияи Фархор гуфта шудааст, ки аз қисмати шимолии ин ноҳия дар болои теппаи Уртабуз, харобаҳои шаҳри азиме ба назар мерасад, ки боқимонда аз як шаҳри бузурги асримиёнагист. Ба навиштаи ин китоб, ин ҳамон шаҳри “Золи-Зар” аст, ки онро маркази шаҳри антиқии Фархор ҳисобидаанд. Аммо бархе муаррихон мегӯянд, ки “Золи Зар” дар ҳудуди имрӯзаи Афғонистон ҷойгир шудааст.

Масъулони осорхонаи Фархор мегӯянд, то имрӯз дар ин ноҳия 52 маконҳои таърихиро сабт кардаанд, ки калонтарини онҳо қалъаи таърихии “Золи-Зар” аст, ки 70 гектарро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Фархор дар 180-километрии ҷануби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир буда, бо вилояти Тахори Афғонистон ҳаммарз аст. Ин ноҳияро аз вилояти Тахор дарёи Ому (Панҷ) ҷудо мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG