Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти футбол дар чаҳор қораи ҷаҳон азнав эҳё шуд


Бозӣ миёни дастаҳои "Ливерпул" ва "Атлетико". Акс аз бойгонӣ.

Дар шароити пандемияи коронавирус футболи ҷаҳонӣ тадриҷан ба маҷрои худ бармегардад. Ҳаводорони футбол акнун метавонанд на танҳо бозиҳои қаҳрамонии Беларус, Олмон, Ҷазираҳои Фарер, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркманистонро тамошо кунанд. Мусобиқоти футбол аллакай дар чаҳор қитъа доир шудааст. Мухлисон ҳамакнун интизори бозгашти футбол дар қораи Амрико ҳастанд.

Бояд гуфт пас аз қаҳрамонии футболи Туркманистон ва Беларус, ки дар ин кишварҳо бозиҳо бо ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд, пас аз таваққуф бо сабаби пандемияи коронавирус эълон шуд мавсими футбол дар Ветнам дубора оғоз ёфт. Зимнан, Ветнам мавсимро комилан азсар гирифт - бидуни мамнуъияти ҳузури тамошобинон дар варзишгоҳҳо.

Қисми боқимондаи мусобиқаҳо дар саросари ҷаҳон, ки пас аз таваққуф идома ёфт, дар варзишгоҳо бо ҷойгоҳҳои холии минбарҳо баргузор мешаванд.

Аз байни мусобиқоти қаҳрамонии пешсафи Аврупо, мавсим то ҳоло танҳо дар Олмон дубора эҳё шудааст. Дар Фаронса, баръакс, маърака пеш аз муҳлат ба итмом расид. Қаҳрамонии Русия, ки моҳи март мутаваққиф шуда буд, рӯзи 21-уми июн азнав оғоз меёбад.

Дар куҷо дубора ба футболбозӣ шурӯъ карданд?

Айни замон мухлисон бозиҳои қаҳрамонии Арманистон, Булғористон, Ҷумҳурии Чех, Эстония, Гана, Коста-Рика, инчунин Ҷоми президенти Бурунди ва Ҷоми Ветнамро тамошо карда метавонанд.

Ин ҳафта боз якчанд мусобиқа дубора шуруъ мешавад:

27-уми май - Ҷоми Лаҳистон;

28-уми май - қаҳрамонии Дания ва Сурия;

29-уми май - Ҷоми Австрия, қаҳрамонии Лаҳистон (Полша) ва Сербия;

30-юми май - Ҷоми Хорватия, қаҳрамонии Исроил, Литва, Черногория, Украина;

31-уми май - қаҳрамонии Индонезия, Ҷоми Тунис,

Қаҳрамонии Тоҷикистон ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба далели густариши бемории COVID-19 тасмим гирифт, танаффуси бозиҳо миёни дастаҳои лигаи олӣ дар қаҳрамонии кишвар ва мусобиқоти дигарро ба муҳлати номуайян дароз кунад. Қаблан мусобиқот то 10-уми май қатъ шуда буд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ҳамаи мусобиқаҳо ва чорабиниҳои футбол дар кишвар дар замони наздик аз сар гирифта намешаванд ва ҳамон замоне барпо мегарданд, ки гузаронидани онҳо бехатар бошад.

Мақомот мегӯянд, ба иллати пандемияи коронавирус намехоҳанд саломатии иштирокдорони мусобиқаҳои футболро дар Тоҷикистон зери хавф гузоранд.

Дар ҳоле ки бозиҳои футбол дар саросари ҷаҳон муваққатан қатъ шуда буд, дар Тоҷикистону Беларус, Бурунди, Туркманистон ва Никарагуа мусобиқаи футбол идома дошт.

Бозиҳо дар варзишгоҳҳои Тоҷикистон бе ҳузури тамошобинон мегузашт. Ҳоло Тоҷикистон аз ин феҳраст хориҷ шуд. Мақомот рӯзи 30-юми апрел сирояти коронавирус ба сокинонро тасдиқ карданд.

Зимнан, баъди натиҷагирии чор даври қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар бо 10-имтиёзӣ пешсафанд. Бо назардошти таносуби тӯбҳо «Истиқлол» дар ҷойи аввал ва «Хатлон» дар ҷойи дувум қарор доранд. «Файзканд»-и Восеъ, ки 8 имтиёз гирифтааст, ҷойи севумро касб намудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG