Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ маротиба поён рафтани нархи пиёз кишоварзонро нороҳат кардааст. ВИДЕО


Кишоварзон ҳосили пиёзро ҷамъоварӣ карданд.
Кишоварзон ҳосили пиёзро ҷамъоварӣ карданд.

Хуруҷи бемории COVID-19 дар кишварҳои минтақа ва баста шудани марзҳои миёни кишварҳо, сабаби то даҳ маротиба пойин рафтани нархи пиёзи содиротӣ дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон шудааст. Феълан, арзиши як килограмм пиёз барои харидорон дар шаҳри Турсунзода аз 30 то 60 дирам аст. Аммо соли гузашта ин рақам баробари 3 сомониву 20 дирам буд.

Дар мағозаву бозорҳои шаҳри Душанбе нархи як килограмм пиёз то ду сомонӣ арзиш дорад, аммо кишоварзони умдафурӯш мегӯянд, ки қимати ин мавод дар соли ҷорӣ арзон аст ва онҳо аз ҳосили парваридаи худ хисорот бардоштаанд.

Вақте аз бархе хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода дидан кардем, воқеан нархи умдаи як килограмм пиёз аз 30 то 60 дирам буд. Абдулғанӣ Ҳасанов, кишоварз аз шаҳри Турсунзода дар канори роҳи мошингард ба самти Душанбе машғули фурӯхтани пиёз буд. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, хароҷоти парвариши як килограм пиёз ҳоло баробари 50-60 дирам аст: "Аққалан, 1 сомонӣ, 80 дирам фурӯшем, фоидаовар мешавад. Набошад, имсол аз ҳосили пиёз зарар мебинем".

Эҳтимол дорад ба ин хотир Абдуғанӣ Ҳасанов дар канори ҷода пиёзи парваридаи худро бо нархи як сомониву бист дирам ба фурӯш гузошта буд.

Урмоналӣ Раҷабов, тоҷири маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳри Турсунзода аз пойин омадани нархи пиёз ба хотири рушди тиҷораташ изҳори хушҳолӣ мекард: "Имсол пиёзро 40 дирамӣ харидем. Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз як килограмм пиёзро барои содирот 3 сомониву 20 дирамӣ харида будем. Имсол деҳқонҳо шояд нағзтар кор карданд, ҳосил бисёртар ва як килограммашро 40 дирамӣ мефурӯшанд".

Коҳиши нархи пиёз кишоварзонро нороҳат кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Сабаби чунин пойин шудани нархи пиёз барои содиротро тоҷири истаравшанӣ Каримҷон Раҷабов ба паҳншавии бемории COVID-19 марбут медонад:

Ӯ мегӯяд, имсол ҳосилнокии пиёзи киштшуда баланд аст, вале нархаш хеле арзон ва ҳоло ҳосили пиёз ҳам дар замин зиёд боқӣ мондааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар бозорҳо харидорони пиёз камтар шудааст ва дар Русия низ вазъият ҳамин тавр аст. "Дар Русия карантин аст ва талабот ба пиёз камтар шуд",-афзуд вай.

Солҳои қаблӣ тоҷирон ҳосили пиёзи кишоварзони шаҳри Турсунзодаро тавассути мошинҳои борбар аз тариқи қаламрави Узбекистон асосан ба Русия интиқол медоданд. Ҳоло тоҷирони дохилӣ маҳсулотро аз кишоварзон харидорӣ карда, ба вилояти Суғд интиқол медиҳанд ва аз онҷо баъди коркард ба Русия содирот мекунанд.

Соли 2018 дар мавсими ҷамъоварӣ қиммати 1 кило пиёз то 20 дирам поин рафта буд ва буд бархе кишоварзон ҳосилро аз киштзор ҷамъоварӣ накарда, заминҳоро шудгор карда буданд. Зеро мегуфтанд, барои ҷамъоварӣ бояд ба коргарон маош диҳанд, ки бо ин қимати паст ҳатто барои пардохти ин маблағ кифоят намекунад.

Мизроб Амирбеков, коршиноси масоили кишоварзӣ бар ин назар аст, ки бо дарназардошти хуруҷи бемории COVID-19 кишоварзон набояд дигар ба умеди содироти тавлидоташон ба хориҷи кишвар бошанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар бозорҳои минтақаҳои дигари кишвар нархи як килограмм пиёз то 2,5 сомонӣ аст ва соҳибкорон бояд интиқоли саривақтии ин маҳсулот аз сари замин то ба харидорон дар вилоятҳои дигарро таъмин кунанд. Ӯ мегӯяд, дар ин сурат ҳам кишоварзон зарари ҷиддӣ намебинанд ва ҳам сокинон ба маҳсулоти арзонтар дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.

Тибқи омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли гузашта ин кишвар ба маблағи тақрибан 18 миллион доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст, ки нисбат ба соли 2018 ҳудуди 2 миллион доллар бештар будааст. Дар соли 2019 содироти пиёз ва меваи зардолу афзоиш доштааст.

Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Хатлон хабар дод, ки аз аввали соли ҷорӣ кишоварзони ин минтақаи ҷанубӣ ба хориҷ аз кишвар 48 ҳазор тонна пиёз содирот кардаанд.

XS
SM
MD
LG