Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аҷали коронавирус" вазифаи нав гирифт ё барканор шуд?


Қобилҷон Гиёев, собиқ сардухтури беморхонаи ноҳияи Рашт.

Қобилҷон Гиёев, сардухтури беморхонаи ноҳияи Рашт, ки нахуст худро ва баъдан беморони дигарро бо як навъ доруи пневмонияи бузҳо аз короновирус табобат кард, дар шаҳри Душанбе ба кор гузаштааст.

Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Рашт рӯзи 1-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Гиёевро ба хотири табобати ғайримаъмулиаш, матбуоти маҳаллӣ "аҷали короновирус" унвон кардааст.

Хабаргузории "Спутник"-и Русия рӯзи 1-уми июн навишт, ки ғайриинтизор Қобилҷон Гиёевро бо шикояти раиси ноҳияи Рашт аз вазифа барканор карданд.

Масъулони ҳукумати ноҳияи Рашт мегӯянд, хабари расонаҳо дар мавриди бо шикояти раиси ноҳия аз кор сабукдуш шудани Қобилҷон Гиёев, сардухтури беморхонаи Рашт нодуруст аст ва ӯ бо хоҳиши худ аз вазифа даст кашид. Ба гуфтаи масъулони Рашт, Гиеёв дар шаҳри Душанбе вазифаи нав гирифт.

Холмуҳаммад Ортиқов, раиси дастгоҳи Ҳукумати ноҳияи Рашт рӯзи 1-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Қобилҷон Гиёев "дар шаҳри Душанбе вазифаи нав гирифт ва бо хоҳиши худ ариза навишта ,бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, аз вазифаи сардухтури беморхонаи ноҳия озод шуд".

Ортиқов гуфт, намедонад Гиёев дар Душанбе ба чӣ мансабе пазируфта шуд, аммо баъд аз рафтани ӯ мақомот Насриддин Солеҳов, номзади илми тиб ва аз мутахассисони маҳалиро ба вазифаи сардухтури ноҳия таъин карданд.

Масъулон мегӯянд, шумори беморон дар ноҳияи Рашт назар ба рӯзҳои аввал хеле кам шуд ва аксарият шифо ёфта, ба хона гусел шуданд. Ортиқов гуфт, дар Рашт "шӯъбаи алоҳидаи бемориҳои сироятӣ ва сад кати хоб дорем, боз як бинои дигар бо супориши ҷаноби олӣ омода шуд, беморон бо таҷҳизот ва дорувор таъминанд".

Қобилҷон Гиёев бори аввал моҳи май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз таҷрибаи ғайриодии муолиҷаи худ аз короновирус бо доруи пневмонияи буз суҳбат карда буд. Ҳафтаи баъд ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, таҷрибаҳояш нишон дод, ки ин дору натиҷаҳои хуб медиҳад ва ӯ аз олимону пажӯҳишгарон даъват кард ҳар чӣ зуд таркиби онро санҷанд.

"Ба фикрам, санҷида ва пас аз он барои истифода тавсия додан зарур аст, то мардум хуб шаванд",- иброз дошт Қобилҷон Гиёев.

Баъд аз ин суҳбат, телефони дастии Гиёев якбора хомуш ва дастнорас шуд. Чанде аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ бо даъвати мақомот ба Душанбе омадааст ва ба муолиҷаи милисаҳои бемор ва аз ҷумла, мақомдорони баландпоияи тоҷик машғул аст.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, Гиёевро чанд нафар доим ҳамроҳӣ мекунанд.

Талошҳои тамос бо худи Гиёев ва ё суҳбати рӯ ба рӯ бо ӯ бенатиҷа анҷомид. Танҳо чизе ки маълум аст, ӯ субҳи рӯзи 1-уми июн ба ноҳияи Рашт сафар кардааст.

Дар дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ ваъда доданд, ки дар бораи Гиёев давоми рӯз маълумот медиҳанд, аммо то замони нашри ин матлаб иттилои вазорат дастрас нашуд.

Аммо вокунишҳо ба усули табобати Гиёев зиддунақиз аст. Аз ҷумла, бархе аз табибон мегӯянд, усули пешгирифтаи ӯ шубҳабарангез аст ва метавонад ба саломатии беморон хатар дошта бошад.

Абдулло Давлатов, табиби тоҷики муқими шаҳри Маскав дар саҳифаш дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо такя ба қавли коршиноси Вазорати тандурустии Русия, ки духтурони дигарро шеваҳои муолиҷаи COVD-19-ро меомӯзонад, навишт, як таркиби доруе, ки Гиёев бо он беморонро муолиҷа мекунад "заҳролудкунанда" аст.

Коршинос гуфтааст, таҷрибаи Гиёев ба таҳқиқот ниёз дорад, то муфид будани роҳи муолиҷаи ӯ исбот ва ё рад шавад. Ба гуфтаи Давлатов, хеле "шубҳаи зиёд аст, ки чунин табобат муфид бошад".

Номи доруе, ки Гиёев истифода мебарад ба Радиои Озодӣ маълум аст, аммо ба хотири сӯистифода аз он, аз ном бурдан худдорӣ меварзем.

Дар ҳамин ҳол, Давлатов аз сокинони Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз истифодаи изофии доруҳо ва полипрагмазия худдорӣ варзанд.

"Дониста бошед, ки доруи зиёд аз COVID-19 бадтар аст! Ба хусус, дар истифодаи антибиотикҳо ва иммуномодуляторҳо (доруҳо барот пурқувватии масуният) эҳтиёт кунед! Иммуномодуляторҳо (иммуностимуляторҳо) барои шахсони аз 60-сола болои гирифтори коронавирус хеле хавфнок ҳастанд!" таъкид кардааст Давлатов.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG