Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст. САДО


Сиёвуш Тешаев мегӯяд, барои тарк кардани ҳудуди Қазоқистон ба онҳо се рӯз фурсат доданд
Сиёвуш Тешаев мегӯяд, барои тарк кардани ҳудуди Қазоқистон ба онҳо се рӯз фурсат доданд

Беш аз 50 муҳоҷири тоҷик мегӯянд, ки додгоҳи Қазоқистон дар аҳди коронавирус ҳукми ихроҷи онҳоро содир кардааст. Ҳоло ин гуруҳи муҳоҷирон дар гузаргоҳи Жибек Жоли, байни Қазоқистону Узбекистон, ҳастанд. ​Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯяд, дар бораи ихроҷ шудани шаҳрвандони кишвар ҳеч иттилоъ нагирифтааст.

Шумораи умумии муҳоҷироне, ки дар гузаргоҳи сарҳадии Жибек Жоли қарор доранд, то рӯзи 11-уми июн 178 нафар ҳисоб шудааст. Беш аз панҷоҳ нафари онҳо мегӯянд, аз Қазоқистон ихроҷ шудаанд.

Бархе аз онҳо нусхаи қарори додгоҳро ба Радиои Озодӣ фиристоданд. Ба онҳо муҳлат дода шудааст, ки дар давоми се рӯз ҳудуди Қазоқистонро тарк кунанд. Бештари қарорҳо рӯзҳои 2 ва 3-юми июн содир шудаанд. Дар сурати тарк накардани қаламрави ин кишвар онҳоро ҷазои сахттар, яъне зиндон таҳдид мекунад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қазоқистон ваъда дода буданд, то 10-уми июл ба муҳоҷирон ҳаққи дуруст кардани санадҳояшонро медиҳанд ва касеро ихроҷ намекунанд.

Меҳроб Кабиров, муҳоҷири 32-солаи тоҷик аз ҷумлаи онҳоест, ки дар даст қарори ихроҷ дорад. Ӯ мегӯяд, аз як сӯ онҳоро ихроҷ кардаанд, вале аз сӯи дигар аз марз имкони берун шудан намедиҳанд.

Ихроҷи беш аз 50 муҳоҷири тоҷик аз Қазоқистон дар аҳди коронавирус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00
Линки мустақим

Меҳроб Каримов мегӯяд, додгоҳе дар Қазоқистон ҳукми ихроҷи ӯро содир кард
Меҳроб Каримов мегӯяд, додгоҳе дар Қазоқистон ҳукми ихроҷи ӯро содир кард

Меҳроб бо гурӯҳе аз муҳоҷирон охири моҳи феврал барои кор ба Қазоқистон рафта буд. Дар моҳи март дар ин кишвар карантин эълон шуд ва онҳо натавонистанд, кор кунанд.

Рӯзи 25-уми май рӯзи аввали кори онҳо дар як ширкати роҳсозии Туркия буд, вале боздошт шуданд. "Ба додрас гуфтем, ки моро то 10 рӯз ҳабс кун ва ё ҷарима банд, вале ихроҷ накун, додрас се рӯз вақт дод, ки Қазоқистонро тарк кунем. Мо гуфтем, ки пул надорем ва агар пул ҳам гӯем, дар се рӯз аз Тоҷикистон фиристода наметавонанд. Гуфтем роҳҳо бастааст. Гуфт, ин мушкили шумост, ҳар коре мекунед, Қазоқистонро тарк кунед", - нақл кард ӯ.

Сафорати Тоҷикистон дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми июн навишт, "аз ҷониби он шаҳрвандоне, ки дар сарҳад ҷамъ омадаанд, дар ин бора ба намояндагӣ ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ муроҷиат нашудааст".

Муҳоҷирон мегӯянд, ин нусхаи қарор додгоҳ аст
Муҳоҷирон мегӯянд, ин нусхаи қарор додгоҳ аст

Аммо муҳоҷирон мегӯянд, аз рӯзи аввали мушкил сафоратро огоҳ карда буданд ва сабти суҳбат бо кормандони сафоратро дар даст доранд. Сиёвуш Тешаев, яке аз муҳоҷирон мегӯяд, рӯзе, ки боздошт шуданд, фавран ба сафорат занг заданд.

"Сафоратро ҳамон рӯз огоҳ кардем ва ҳамарӯза занг мезанем. Пеш аз мурофиаи додгоҳӣ сафорат мегуфт, ки натарсед, ихроҷ намекунанд, ҳар куҷое рафтед, занг занед, вале вақте қарори ихроҷамон баромад, муносибат дигар шуд", - гуфт ӯ.

Масъулони сафорат дар посух ба суоли Радиои Озодӣ навиштаанд, мақомоти Қазоқистон дар давраи эълони пандемияи коронавирус шаҳрвандони хориҷиро иҷборӣ хориҷ намекунанд:

"Сафорат то имрӯз маълумоте дар даст надорад, ки нафаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби тарк накардани қаламрави Қазоқистон аз ҷониби мақомоти масъули ин кишвар дастгир ва ба маҳкама кашида шуда бошад. Аз ҷумла, он шахсоне, ки Шумо зикр кардаед, то ҳол дар қаламрави Қазоқистонанд (на берун аз он дар ҳудуди нейтралии байнисарҳадӣ) ва то
кушода шудани сарҳади Узбекистон, Қирғизистон ё барқарор шудани парвози
ҳавопаймоҳо ва пайдо шудани имконияти хуруҷ метавонанд дар кишвари иқомат қарор дошта бошанд."

Муҳоҷирони дармонда мегӯянд, дар санадҳое, ки дар даст доранд, ҳушдор дода шудааст, дар сурати тарк накардани ҳудуди ин кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Онҳо мегӯянд, дар вазъе қарор доранд, ки на мақомоти тоҷик онҳоро мешунаванд, на мақомоти Қазоқистон.

Шаби 2 ба 3-юми июн аз марзи Қазоқистон бо Узбекистон беш аз 200 шаҳрванди дармондаи Тоҷикистонро ба ватан баргардонданд. Як рӯз пас даҳҳо муҳоҷири дигар дар марз ҷамъ шуданд. Мақомот он замон гуфтанд, ки муҳоҷирон аз вазъ истифода мекунанд ва бе ҳеч сабаб мехоҳанд, ба ватан баргарданд. Он вақт мақомот аз муҳоҷирон хостанд, то анҷоми карантин дар кишвари иқомати худ бимонанд.

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувум барои муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Бар асоси созишнома, соле беш аз 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ доранд бар асоси квота дар Қазоқистон кор кунанд, вале ба бовари коршиносон, шумори воқеии шаҳрвандони тоҷики ҷӯёи кор ба маротиб бештар аз омори расмӣ аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG