Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваҳдате, ки гуногун фаҳмида мешавад... Баъд аз сулҳ дар Тоҷикистон чӣ шуд?


Маскав, 23-юми декабри 1996

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

"Биё, эй ҳамватан дигар намирем,

Худиро бо худӣ душман нагирем...

Бас аст душмангароӣ, эй ватанхоҳ,

Барои ваҳдати миллат бимирем!"

Ин мисраъҳоро на танҳо барои он ва дар ин рӯз менависам, ки ба сулҳу суботи Тоҷикистон кадом хавфе таҳдид мекунад. Ин баҳси дигар аст, ки оё таҳдиде ҳамчунин вуҷуд дорад, ё не. Ҳоло мехоҳам аз моҳияту арзиши воқеае бигӯям, ки 23 сол қабл иттифоқ афтод.

Ҳамчунин мешавад, ҳаводиси пас аз он замонро баррасӣ намуда, барои худ хулоса баровард: воқеиятҳои имрӯза "ҳамту" пеш омаданд, ё чизи муҳиме дар худ доштанд?

Ин воқеият аст, ки рухдоди 27-уми июни соли 1997-ро ҳар чизе ном набарем, барои мардуми Тоҷикистон як ҳодисаи таърихист. Ин сана ва рухдоди онрӯза, ба ҳар сурат, таҳаввулотеро дар ҳаёти иҷтимоии одамон ба вуҷуд овард. Мардумро осудагӣ бахшид ва ба зиндагӣ дилгарм намуд. Шахсиятҳои иҷтимоиву сиёсии ҳарду ҷонибро низ ба оянда таҳрик дод. Аммо ин талош оё дурнамои амалгароёнаву санҷидашуда дар худ дошт ё не, баҳси дигар аст. Элитаи ҳукмрон низ шояд он замон барномаи мушаххаси амалро барои худ муайян накарда буд. Ҳатто вақте сентябри соли 1999 раъйпурсии аввалин барои ислоҳи Қонуни асосӣ сурат гирифт. Ин барнома эҳтимолан дертар, пас аз соли 2000-ум пайдо шуд ва соли 2003 (тағйиру иловаҳои дуюм ба Қонуни асосӣ) аз худ аломат дод...

Интихоботи парлумонии соли 2000 як санҷиш буд, ки ба истилоҳ нерӯҳои сиёсӣ аз он нагузаштанд. Қасд ба ҷони Маҳмадсаид Убайдуллоев дар авҷи интихобот ва сахт захмӣ гаштани ӯву кушта шудани муовини вазири амният Шамсулло Ҷобиров як ҳушдори дигарро дар дарси сиёсии Тоҷикистон дошт, ки аз ҷониби мардони сиёсӣ ҳамоно дуруст ҳазм нагашт.

Ташкил ёфтани Маҷлиси Миллиро нерӯҳо ва шахсиятҳои сиёсии он замон фаъол, тавре пасон Тӯраҷонзода иқрор гашт, ҳамчун гашт (ход) дар бозии сиёсӣ байни элитаи ҳукмрон ва ояндаи худ истифода кардан хостанд, на ҳамчун институти давлатӣ. Аз ҳамин ҷост, ки палатаи болоии парлумон ҳамоно гоҳ - гоҳ дар баҳсҳо боқӣ мондааст ва зарурату нодаркориаш дар кишвари ягона (унитарӣ)-е мисли Тоҷикистон пеш меояд...

Аслан имтиҳон барои нерӯҳои сиёсӣ ҳанӯз замони интихоботи президентии соли 1999 оғоз ёфт ва ҳукумат ба дурустӣ дарк намуд, ки нерӯҳои мухолиф шаклгирифта нестанд ва бо ду омил дар байнашон ихтилофи ҷиддӣ пайдо шуданаш имкон дорад: майлони сиёсӣ (дунявият ва масоили мазҳабӣ) ва курсӣ...

Интихоботи президентии соли 1999 на танҳо дар дохили ҲНИТ, ки он замон ҳизби расмӣ буд, балки шахсиятҳои дигар ҳам ихтилоф ва шикоф ба вуҷуд овард. Давлат Усмон - номзади ҲНИТ -ро аз ҳизб берун кард, Тӯраҷонзодаву Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси навинтихоби Ҳизби демократро ҳамчун шахсиятҳои ҷонибдори номзадии Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд...

Ҳар шахсият ва нерӯи сиёсӣ мегуфт барои оянда нақшаҳое дорад, ки замони интихоботи парлумонӣ маълум мекунад.

Вале интихоботи парлумонии соли 2000 аслан шикасти оппозитсияро маънӣ медод. Ба ҳар сурат, ягон шахсияти сиёсии онҳо ба парлумон раҳ наёфт. Аҷиб буд, ки шахсиятҳои дунявиву демократе мисли Аслиддин Соҳибназаров, ки дар ҳукумат кор мекарданд, ғолиб нашуданд, аммо намояндаҳои ҲНИТ аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон раҳ ёфтанд. Ин ҳам як паём буд, ё бозӣ дар қолабу фаҳмиши нав, ё чизе дигар, ҷиддан баррасӣ нагашт.

Ҳарчанд Ҳизби демократ инро бозии пасипардагӣ донист, вале дар эътироз сахт нагирифт, чун онҳо низ дар интихоботи президентӣ ба қавле бозӣ доштанду аз номзади ҳукумат ҷонибдорӣ намуданд. Искандаров танҳо соли 2003 дар мусоҳибае бо инҷониб, изҳороти аҷоиб намуд: агар анҷумани ҳизбаш тасмим бигирад, ӯ на танҳо курсии ҳукуматиашро тарк мекунад, балки дар мухолифати шадид бо ҳукумат қарор мегирад. Инро чанд гуна фаҳмидан мумкин буд: паём ба ҳукумат, мессиҷ ба ёрони кӯҳан...

Ҳарчӣ буд, ё не, интихоботи парлумонии соли 2005 аллакай дар замони дигар сурат гирифт. На танҳо намояндаи мухолифин - Искандаров, ки дар раъйпурсии тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии соли 2003 ба гунаи эҳсосӣ гуфт: "Нурӣ моро фурӯхт", ба зиндон афтода буд, ҳамчунин шахсиятҳои таъсиргузори ҷонибдори ҳукумат - Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев ҳам барои солҳои тӯлонӣ, ё якумра ба маҳбас афтоданд.

Қувват Султон, ки талошҳои сиёсии худро аз интихоботи президентии соли 1999 сар карда буд ва ҳамчун ҳарифи тавонманди ҳукумат арзёбӣ мегашт, аз бозӣ дур гардид. На танҳо ҳизбашро сабти ном накарданду худаш дар интихоботи парлумонӣ аз ҲСДТ номзад нашуд, балки яке аз шахсони вафодору калидиаш Рустам Файзиев ба зиндон афтид ва ахиран он ҷо фавтид. (Ноябри соли 2011 худаш ҳам пас аз беморӣ фавтид).

Эътилофи аҳзоби сиёсии мухолиф, ки дар интихоботи парлумонии соли 2005 ҳизби ҳокимро танҳо гузошта буданд, ноком монд ва боис ба пайдоиши "ҳизбҳои нав"- Ҳизби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ гашт...

Интихоботи президентии соли 2006 низ барои неруҳои сиёсӣ "пурталафот" гардид. Августи ҳамон сол Саид Абдуллоҳи Нурӣ фавтид, Ҳизби демократ ва сотсиалист ба "ихтилофот" рӯ ба рӯ шуданд, Тӯраҷонзода аз курсии муовини сарвазир, Зайд Саидов ва Мирзо Зиёев низ аз курсиҳои вазири саноат ва ҳолатҳои фавқулодда дертар барканор шуданд, ҲНИТ дар интихобот бе номзад иштирок намуд ва ба аъзояш гуфт метавонанд дар маърака иштирок кунанд, агар намехоҳанд - не.

Ҳизби демократ интихоботро таҳрим намуд ва ба "бало" гирифтор шуд, ҲСДТ пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмонро "ғайриқонунӣ" номид, Убайдуллоев пешопеш ва маънидор гуфт:"мардум аллакай интихоби худро кардаанд ва маъракаи интихобот танҳо иҷрои расмиёт аст".

Натиҷа як чӣ буд: Президент Эмомалӣ Раҳмон!

ҲНИТ, ки Кабирӣ пас аз реҳлати Нурӣ роҳбариро дар он бо душворӣ ба даст оварда буд, интихоб шуданашро бо як ҷумла ифода кард: "Шумо ба ман не, ба Устод Нурӣ овоз додед!". Ин ҷумла чиро ифода мекард, на ҳама медонистанд. Дар ҳукумат низ шояд барои худ маънии хос гирифтанд.

Дертар шахсияти дигари ҳизб, ки "пешвои маънавӣ"-аш унвон доданд - Муҳаммадшариф Ҳимматзода низ бар асари бемории тӯлонӣ дунёро тарк гуфт...

Интихоботи парлумонии соли 2010-ро инҷониб муаррифии "шаҳомати ҲНИТ" унвон карда будам. Масъала аз он ҷо пайдо шуд, ки пешопеши интихобот ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ сурат гирифт ва Муҳиддин Кабирӣ аз Президенти Тоҷикистон танҳо....як толор барои анҷумани ҳизбаш хост, дар ҳоле, ки дигарон "талаботи ҷиддӣ" доштанд.

Воқеан, он замон ҲНИТ маъракаи шукӯҳманде бо истифодаи технологияҳои навин истифода кард ва "ҳизби кӯҳнапарастон"-ро ҷилваи нав дод. Дуруст аст, ки пасон роҳбарияти ин ҳизби ҳоло мамнӯъ дар Тоҷикистон иқрор гашт: ин шукӯҳмандӣ ҳукуматро тарсонд! Аммо дигар дер шуда буд. Онҳо ҳоло ҳам мутмаинанд, ки протоколи 3220 маҳз пас аз ҳамин маърака пайдо гашту мушкилоти онҳоро ба вуҷуд овард...

Бо ҳамин мушкилот ба интихоботи президентии соли 2013 расидем. Пеш аз ин, интихоботи миёндаврии парлумонии Восеъро, ки он замон инҷониб номзад будам, бархе таҳлилгарон шитобкорона "репититсияи интихоботи президентӣ"-и нерӯҳои мухолиф ном бурданд ва баъзеи дигар ҳамчун бозии навбатии ҳукумат. Ҳол он ки, Худо шоҳид аст, ман на бо ҳукумат мавзӯъро дар миён доштам, на мухолифин. Танҳо мехостам маълум намоям, ки нерӯи як шахси мустақил ба чӣ басандагӣ мекунад. Аммо натиҷа он интихобот мисли пешин хатм ёфт...

Интихоботи президентии соли 2013 метавонист бе "талафот" анҷом ёбад, агар Зайд Саидов миёнаҳои сол аз таъсиси ҳизбаш забон намекушод ва ба маҳбас намеафтид. Бо вуҷуд, аҳзоби дигар комилан заифгашта акнун боз ҳам хостанд нишон бидиҳанд, ки "агарчӣ шикаста бошем, аммо нарехтаем". Натиҷа баръакс шуд, ё қолаб номаълум монд: агар пурра нарехтаанд, инро исбот ҳам карда натавонистанд!

Номзадии Ойнихол Бобоназарова дар интихобот ҳарчанд "заиф" буд, вале хеле мантиқӣ. Ҳам барои дохил ва ҳам хориҷ. Вале ин мантиқро ё то охир нафаҳмиданд, ё барои фаҳмиданаш имкон наёфтанд. Ихтилофе, ки байни Раҳматилло Зойиров ва дигарон сурат гирифт, на ба кадоме обрӯ овард, на холи сиёсӣ, на чизеро дигаргун намуд ва ҳатто мисли солҳои 2000 касеро соҳиби ягон курсии муваққати ҳукуматӣ низ накард. Шояд дар ҳукумат ба ин фикр омаданд, ки ба инҳо курсеро пешкаш кардан "шармандагист", чун дигар "касе" нестанд, шояд даъвогарони курсиҳо аз ҷумлаи "нерӯи нав"- хешу табор ин имконро надод, ё айни масоиле пеш омада буд, ки ҳукумат қаблан дар барнома дошт.

Ҳарчӣ буд, ё не, ин маърака низ як ғолиб дошт: Эмомалӣ Раҳмон!

Интихоботи парлумонии соли 2015 дигар чизе барои "армуғон" надошт, ҳатто барои "ҳизби шармандашудаи" ҲНИТ ва "ҳизби кӯҳансолон"- ҲКТ. Ё обрӯи Абдуҳалим Ғаффоров (раиси ҲСТ) ва Саидҷаъфар Исмонов (ҳоло Усмонзода – раиси ҲДТ) пеши "интихобкунандаи тоҷик" бештар шуд, ё қоидаи бозӣ тағйир ёфту зарурати намоиш додани "нерӯҳои пурвазн" дар баробари ҲХДТ барои марказҳои қабули қарори хориҷи кишвар, ки то ин замон ҲНИТ ва ҲКТ дониста мешуданд (теорема: пас аз мо имкон дорад, ё исломиҳо қудратро соҳиб шаванд, ё коммунистон) пеш омад , ё стратегияи хоси ҳукумат ба роҳандозӣ омода гашт: акнун "соли ҷавонон" аст!

Вале пеш аз эълони "соли ҷавонон" барои ҳукумат як раъйпурсии дигар (моҳи майи соли 2016) зарур намуд. Унвон ё институти давлатии "Пешвои миллат" расмӣ гашт ва мақомаш дар Қонуни асосӣ зикр ёфт, қонуни нав пайдо шуд...андактар лимити барқ - як мушкили аслии ҳукумат пеши мардум барҳам хӯрд ва як ё ду рӯз пас аз ин тасмим Маҳмадсаид Убайдуллоев аз курсии шаҳрдории Душанбе барканор ва Рустами Эмомалӣ ба ҷояш таъин гардид...

Интихоботи парлумонии соли 2020 тақрибан ҳарфи наве надошт, ҷуз ин ки барои коммунистҳо, ки бори аввал дар таърихи сиёсии кишвар як даъвати парлумон бе ҳузури онҳо анҷом ёфт (солҳои 2015-2020), аз ҳавзаи интихоботии Мӯъминобод як ҷо пайдо гардид...

Ба назари инҷониб, рухдодҳои муҳимтарини сиёсии дохилии Тоҷикистон дар 23 соли ахир ҳаминҳо буданд, ки гуфтем.

Сабаби ҳолат гуногун буда метавонад, аммо асоситаринаш дар бардошти дигар нуҳуфта буд: Ҳукумат худро бо шахсони нав "нав" мекард, вале оппозитсияву шахсиятҳои сиёсӣ на танҳо тезиси тоза пайдо накард, балки "нав" нашуду ба болои ин ваҳдат низ надошт.

Дар натиҷа, мавҷудияту зарураташон амалан зери суол рафт. Сабабу омилҳои аслии ҳолатро, агар мусбат медонем, ё манфӣ ва ба як чиз нисбат доданӣ шавем, ба фикри ман, масьалаи калидиро ба вуҷуд меовард: надоштани дурнамои сиёсӣ, ки де - факто аз бемасъулиятӣ бармеомад, ё аз фурсатталабӣ...

Зимнан, саволи муҳим беҷавоб нест: сулҳу ваҳдат дорем? Шукри Худо, сулҳу оромӣ дорем, аммо ваҳдат?

Бешак ваҳдат тавсифи мухталиф дорад, ҳатто барои ҳар касу ҳар гурӯҳи иҷтимоӣ гуногун буда метавонад. Вале маьлум аст, ки ваҳдат наметавонад танҳо орзуву армон бошад, он ҳаракат низ ҳаст...Пас ваҳдат аслан бояд меъёри зиндагӣ ва фаъолият барои онҳое низ гардад, ки на танҳо ояндаи худу пайвандонашон, балки Ватану миллатро фикр мекунанд!

23- солагии рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муборак, азизон!

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG