Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "Эсхата", "Равшан" ва "Исфара" дар лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Даври дувуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд. Дар мусобиқаи имсола 12 даста ширкат дорад, ки ин нисбат ба соли гузашта ду адад камтар аст. Мусобиқа аз ду давра иборат аст. Ҳар як даста ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввал як даста аз шаҳри Душанбе – «Шоҳмансур», шаш даста аз вилояти Хатлон – «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳулбук», (Восеъ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Моҳир» (Ёвон), се даста аз вилояти Суғд - «Эсхата» (Хуҷанд), «Исфара» (Исфара) ва «Равшан» (Зафаробод), инчунин ду даста аз шаҳру навоҳии тобеи марказ – «Барқчӣ» (Ҳисор) ва «Ваҳдат» (Ваҳдат) – иштирок мекунанд.

Се даста - «Эсхата»-и Хуҷанд, «Равшан»-и Кӯлоб ва «Исфара»-и Исфара, ки дар даври дувум низ ғолиб омаданд, дар ҷадвали мусобиқа бо шашимтиёзӣ пешқадаманд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дастаи ғолиб ва ҷоизадори нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2020 ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар соли оянда мушарраф мешаванд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дастаи “Локомотив-Помир”-и Душанбе ғолиб шуд ва ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 мушарраф гашт. Дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки дар ҷойи дувум қарор гирифт ва соҳиби медалҳои нуқра гардид, инчунин дастаи “Душанбе-83”-и Душанбе, ки мақоми севумро касб намуда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд, феълан дар лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ мекунанд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 2-юм

«Равшан» (Зафаробод) – «Моҳир» – 2:2

Голҳо: Зиёвуддин Фузайлов, 6 – аз пеналтӣ (1:0). Баҳровар Ҳалимов, 21 (1:1). Баҳровар Ҳалимов, 44 (1:2). Сулаймон Собиров, 90+3 (2:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Баҳровар Ҳалимов («Моҳир»).

«Саройкамар» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Хуршед Ямоқов, 7.

Беҳтарин бозигари дидор: Шерзод Дадабоев («Барқчӣ»).

«Шоҳмансур» – «Эсхата» – 0:4

Голҳо: Мубинҷон Муъминов, 5 (0:1). Ҷӯрабек Юсупов, 7 – ба дарвозаи худ (0:2). Ҷӯрабой Исоев, 70 (0:3). Мубинҷон Муъминов, 88 (0:4).

Аз майдон хориҷ шуд: Фирӯз Абдулқосимов («Шоҳмансур»), 80 – барои таҳқири доварон.

Беҳтарин бозигари дидор: Муъминҷон Гадойбоев («Эсхата»).

«Ваҳдат» – «Ҳосилот» – 4:2

Голҳо: Умедҷон Азизов, 4 (1:0). Исохуҷа Раҳматов, 36 (1:1). Умедҷон Азизов, 46 (2:1). Самариддин Расулов, 56 (3:1). Шерзоди Муҳаммадҷон, 75 (3:2). Хушвахт Қараев, 90+1 (4:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Умедҷон Азизов («Ваҳдат»).

«Ҳулбук» – «Равшан» (Кӯлоб) – 1:2

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 5 (0:1). Аваз Қамчинов, 40 – аз пеналтӣ (1:1). Амирҷони Фаррухзод, 43 (1:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Зайнулло Мирзоабдуллоев («Ҳулбук»), 82 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Амирҷони Фаррухзод («Равшан»).

«Исфара» – «Панҷшер» – 2:0

Голҳо: Абдусубҳон Раҳимов, 8 (1:0). Абдурашид Мирхолиқов, 44 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Фирдавс Мӯсоев («Исфара»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи аввал

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Эсхата» (Хуҷанд)

2

2

0

0

9-4

6

2

«Равшан» (Кӯлоб)

2

2

0

0

8-3

6

3

«Исфара» (Исфара)

2

2

0

0

4-1

6

4

«Моҳир» (Ёвон)

2

1

1

0

6-5

4

5

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

2

1

0

1

6-2

3

6

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

2

1

0

1

8-7

3

7

«Ҳулбук» (Восеъ)

2

1

0

1

4-4

3

8

«Саройкамар» (Панҷ)

2

1

0

1

3-6

3

9

«Равшан» (Зафаробод)

2

0

1

1

3-4

1

10

«Барқчӣ» (Ҳисор)

2

0

0

2

3-5

0

11

«Ҳосилот» (Фархор)

2

0

0

2

4-7

0

12

«Шоҳмансур» (Душанбе)

2

0

0

2

0-10

0

Даври 3-юм

11-уми июл (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:30

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ваҳдат»

«Барқчӣ» – «Ҳулбук»

«Моҳир» – «Саройкамар»

«Эсхата» – «Исфара»

12-уми июл (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:30

«Панҷшер» – «Равшан» (Зафаробод)

«Ҳосилот» – «Шоҳмансур»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG