Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FIFA қарори интихоби шаҳрҳои Ҷоми ҷаҳонии 2026-ро ба таъхир меандозад


Минюст США обвинил Россию и FIFA в коррупции
Минюст США обвинил Россию и FIFA в коррупции

"Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) қарори интихоби шаҳрҳоеро, ки Ҷоми ҷаҳонии 2026-ро мизбонӣ хоҳанд кард, ба иллати пандемияи коронавирус ба таъхир меандозад",- хабар медиҳад хабаргузории Reuters.

Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 якбора дар се кишвар - ИМА, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Иёлоти Муттаҳида 17 шаҳр, Канада ва Мексика - ҳар яке се шаҳрро барои бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ номзад пешниҳод мекунанд. Тасмим бояд дар моҳи март гирифта мешуд, вале бинобар пандемияи коронавирус, семинари FIFA ба 7-уми июл ба таъхир гузошта шуда буд.

Ба гуфтаи сармутахассиси FIFA оид ба гузаронидани мусобиқаҳо ва чорабиниҳо Колин Смит, қабули қарор боз барои чанд ҳафта ба таъхир гузошта мешавад.

FIFA аз 23 шаҳри пешниҳодшуда 16-тоашро барои баргузории бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон интихоб хоҳад кард, дар ин ҳолат бояд танҳо шумораи шаҳрҳои амрикоӣ коҳиш дода шавад.

Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2022 дар Қатар аз 21-уми ноябр то 18-уми декабр доир мегардад.

XS
SM
MD
LG