Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия раиси вилояти Хабаровск бо гумони куштор боздошт шуд


Сергей Фургал. Акс аз соли 2018
Сергей Фургал. Акс аз соли 2018

Субҳи 9 июл намояндагони Кумитаи тафтишоти Русия дар ҳамроҳӣ бо ходимони мусаллаҳи ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) раиси минтақаи Хабаровск Сергей Фургалро боздошт карданд. Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки дар фурсати наздик ба Фургал иттиҳом эълон мешавад, ки ба ташкили як қатор кушторҳои фармоишӣ дар минтақаҳои Хабаровску Амурск дар солҳои 2004-2005 рабт мегирад. Феълан маълум нест, ки мавқеи худи Фургал ба ин қазия чист.

Радио Свобода менависад, ки парванда нисбати гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои тафтишот, Фургал ташкилкунандаи сӯиқасд ба куштор ва куштори як қатор соҳибкорон мебошад. Ба иттилои мақомот, сиёсатмадор барои эълони айб ва боздошт ба додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав интиқол дода мешавад. Аз рӯи ин парванда қаблан чор гумонбари дигариниз боздошт шудаанд, ки бар зидди Фургал баёнот додаанд.

Соли 2019 собиқ коршарики Фургал - Николай Мистрюков боздошт шуда буд. Ӯро ба даст доштан дар кушторҳои фармоишии соҳибкорон Евгений Зоря ва Олег Булатов ва сӯиқасд ба куштори соҳибкор Александр Смолский дар солҳои 2004-2005 гумонбар медонанд.

Сергей Фургал аз сентябри соли 2018 раҳбари минтақаи Хабаровск буд. Дар интихобот аз ҳизби ЛДПР (ҳизби либерал-демократии Владимир Жириновский) пешбарӣ шуда дар даври дуюми интихобот бо 70 % овози тарафдорон баранда гардид. Иҷрокунандаи муваққатии раҳбари минтақа Вячеслав Шпорт, ки аз ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» аст, 28 % гирифт. Солҳои 1990 Фургал бо духтурӣ ва тиҷорат машғул шудааст. Соли 2005 депутати думаи минтақавии Хабаровск шуд ва раҳбарии кумитаи ҳифзи сиҳҳатиро ба ӯҳда дошт.

Солҳои охир дар Русия чанд раиси минтақа боздошту ба ҳабс маҳкум шуд. Вале ин аввалин бор аст, ки иттиҳом марбут ба эҳтимоли ташкили куштор аст.

XS
SM
MD
LG