Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон беш аз 2,5 ҳазор табиб ба КОВИД-19 мубтало шудаанд


Дар як рӯзи охир 49 корманди соҳаи тиб дар Қирғизистон мубталои вируси корона шудааст.

Дар ин бора рӯзи 23 июл Айнура Акматова, як мақомдори вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод.

Вай гуфт, ҳамзамон дар як рӯзи охир 17 корманди соҳаи тиб аз беморхонаҳо рухсат ёфтаанд.

Дар маҷмуъ аз ибтидои вуруди коронавирус ба Қирғизистон 2527 корманди соҳаи тиб дар он кишвар мубталои ин вабо шудааст.

XS
SM
MD
LG