Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷидро ба ҷойи муолиҷаи беморони COVID-19 табдил доданд. ВИДЕО


Дар Қирғизистон сокинон бинои як масҷидро ба шифохона ё ҷойи муолиҷаи беморони COVID-19 табдил дода, қоливу тасбеҳҳоро ҷамъ карданд ва меҳробро бо парда пӯшониданд. Чанде аз табибони деҳа низ довталабона ҳозир шуданд ва дар бинои масҷид ба муолиҷаи беморон пардохтанд.

Вазъи Қирғизистон аз назари омори талафот аз коронавируси нав дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиддан мавриди нигаронӣ аст. То 29-уми июл коронавируси нав дар Қирғизистон ба зиёда аз 34 ҳазор кас сироят карда, боис ба марги беш аз 1300 нафар шудааст.

Дар рӯзи аввали фаъол шудани шифохона дар бинои масҷид дар деҳаи Биримдиқи Қирғизистон парастор Муҳаббат Дюйшеева низ иброз дошт, ки ҳозир аст довталабона кумак кунад. Вай ҳоло бояд дар рухсатӣ мебуд, аммо дар замоне ки аз бемории COVID-19 одамон мемиранд, натавонист истироҳат кунад.

"Сокинон зуд ҷамъ шуданд ва тасмим гирифтанд, ки дар ин ҷо шифохона ташкил кунанд. Ба зудӣ катҳо ва рахти хоб оварданд. Тасмим гирифтам ёрӣ расонам. Ҳама ашёи заруриро сокинон хариданд. Одамон довталабона дору ва пул оварданд. Ҳеч интизор набудам, ки сокинони маҳалли мо зуд дасти мадад дароз мекунанд", -- нақл кард ӯ.

Вақте дар бораи иқдоми сокинони маҳал дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ёриҳои башардӯстона аз ҳар гӯша ба ин ҷо расид, аз қирғизистониҳое, ки дар Куриёи Ҷанубӣ, Чехия ва Русия зиндагӣ мекунанд. Ҳукумати маҳаллӣ низ кумак кард. Ба ин шифохонаи навтаъсис лӯлаи оксиген гузарониданд, ки барои муолиҷаи беморони COVID-19 муҳим аст.

Аммо ба фарқ аз рӯзҳои пеш ҳоло катҳои шифохона дар масҷид холӣ аст. Барои сӯзандору задан 10 нафар муроҷиат карданд. Ду ҳафта пеш табибон аз назди бистари як бемор ба бемори дигар медавиданд.

Муҳаббат Дюйшеева аз деҳаи Биримдиқи Қирғизистон мегӯяд, "беморони вазнин ҳам буданд, ки ба онҳо нафаси сунъӣ медодем. Меъёри оксиген дар хунашон, ки каме боло мешуд, ба бемористон мефиристодем. Боре ҳангоми васл кардани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба як бемор барқ хомӯш шуд. 15 дақиқа барқ набуд, аммо дар назарамон як соат гузашт. Хеле талош кардем, ки дар ин фурсат ҷони беморро наҷот диҳем."

Тӯли ин рӯзҳо шаш пизишк бо навбат дар ин масҷид беморонро муолиҷа карданд. Як пизишк ва як парасторро мақомоти маҳаллӣ ба ин ҷо фиристоданд, боқӣ аз деҳаи Биримдиқ ҳастанд, ки довталабона ба шифохона омада ва рӯзе то 12 соат кор мекунанд. Дар оғоз касе дар бораи музди кор фикр намекард, чун ҷони инсонҳоро бояд наҷот медоданд. Чанд рӯз пеш мақомот гуфтанд, ба табибоне, ки кор карданд 120-долларӣ маош медиҳанд.

Муҳаббат Дюйшеева аз ин музд розӣ аст. Фаъолони маданӣ ҳам тасмим гирифтанд, қисме аз маблағҳои ҷамъшударо ба табибон диҳанд. Дар натиҷа табибони ин ҷо назар ба онҳое, ки дар беморхонаҳои марказӣ кор мекунанд, музди баландтаре гирифтанд.

Аммо ба он ҳадде нест, ки Муҳаббат Дюйшеева дар они воҳид хона бихарад ва худу оилаашро аз заҳмати иҷоранишинӣ халос кунад. Вай дар як хонаи хурди иҷора дар деҳаи Биримдиқи Қирғизистон бо шаҳвару фарзандонаш зиндагӣ мекунад. Онҳо дар як утоқ мехобанд, мехӯранд ва телевизион мебинанд.

"Маоши мо бисёр нест. Маҷбур мешавем доим қарз бигирем. Дар ниҳоят мо манзили зисти хурди худро фурӯхтем ва ин ҷо хонаи дигаре сохта истодаем, ки орзуяшро дорем. Дар хонаи иҷора ҳастем", -- гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Дар Қирғизистон масҷидро ҷои муолиҷаи гирифторони коронавирус карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG