Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи рушди забон таҳия шуд. Мушкил ҳал мешавад?


Нишасти хабарии Кумитаи забон ва истилоҳот.
Нишасти хабарии Кумитаи забон ва истилоҳот.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон ният дорад барои 10 соли оянда барномаи нави рушди забони давлатиро таҳия ва қабул кунад, огоҳони умур аз вазъи омӯзишу корбурди забони тоҷикӣ изҳори нигаронӣ доранд. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ахиран аз таҳияи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 хабар дод, ки феълан дар баррасии ҳукумат қарор дорад.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси ин ниҳод ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳоло зарурат пайдо шудааст, ки барои рушду омӯзиши забон барномаи дигаре қабул гардад. Ӯ дар шарҳи ин гуфтаҳои худ гуфт, ки "бо назардошти рушди технология, дар доираи барномаи нав таҳияи шакли электронии луғатномаву фарҳангномаҳо ва дигар дастурамалҳои таълимиву омӯзишии забони тоҷикро пешниҳод мекунанд".

Оқои Муҳаммадҷонзода мегӯяд, таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони давлатӣ барои хонаводаҳои тоҷикони бурунмарзӣ ва тарғиби забон дар хориҷ аз кишвар, аз ҳадафҳои асосии барнома ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи вай, пешбинӣ шудааст, ки дар доираи татбиқи барнома осори хаттӣ ва суханронии адибону нависандагонро, ки дар бойгониҳо ҳифз шудаанд, дар шакли электронӣ роҳандозӣ намуда, аз тариқи интернет дастраси сокинон кунанд.

Ҳарчанд масъулони Кумитаи забон таҳияи барномаи нави рушди забонро муҳим арзёбӣ мекунанд, бархе забоншиносон қабл аз таҳияи чунин санадҳо, ҳалли дигар мушкилиҳои забони тоҷикиро муҳимтар меҳисобанд.

Қутбиддин Мухторӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз муносибати ҷавонон бо забони давлатӣ хеле дилсардона аст. Ӯ рӯзи 4-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як нигоҳе ба кӯча ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ вазъи воқеии забону истифодаи онро аз сӯи соҳибзабонон бозгӯӣ мекунад.

"Масалан, вақте ҳамчун омӯзгор ба дарс медароем, мебинем, ки донишҷӯён воқен кӯшиш мекунанд бо забони адабӣ ҳарф зананд, агар рӯзи забони давлатӣ бошад, дар васфи забон фаъолона баромадҳо мекунанд. Ин гӯё як самти муносибатест, ки мо мебинем, лекин амиқтар фикр кунем, эҳсос мекунем, ки ин як муносибати расмӣ ё супоришӣ бошад, вақте ба кӯча мебароед, ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешавед тинати воқеии ҷавонон ва умуман соҳибзабононро мебинед. Ба баъзе масъалаҳо ҳамроҳ шуда, шарҳ менависанд ва дар ҳамон ҷо симои ҳақиқӣ ва муносибати ҳақиқии худро ба забон ошкор мекунанд. Нишон медиҳанд, ки барои онҳо забон ҳеҷ аҳамият надорад. Имрӯз ҳамин ду самти муносибатро ба забон мебинем ва худамон хулоса мекунем, ки кадомаш ростин ва кадомаш дуруғин аст”.

Дар ҳоле, ки раиси Кумитаи забон мегӯяд, барномаи нав тарғиби густурдаи забони давлатӣ ва ҳалли мушкилиҳоеро дар ин самт пешбинӣ намудааст, аммо ба назари пажӯҳишгари тоҷик Умед Ҷайҳонӣ, чунин барномаҳо бештар барои вонамудсозии кор ҳаст, на бартарафсозии мушкилот. Оқои Ҷайҳонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "яке аз мушкилоти аслӣ, русизадагии забони коргузории ниҳодҳо ва расонаҳои давлатӣ аст".

Таҳия барномаи нави рушди забони давлатӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон қаблан ду барномаи дигари рушди забонро таҳияву қабул намудааст. Барномаи нахуст барои солҳои 1997-2000 ва дуввумӣ барои солҳои 2012-2016 амал мекарданд.

Масъулони Кумитаи забон мегӯяд, ду барномаи қаблӣ масъалаҳои гуногун, аз қабили коргузории корхонаҳо бо забони давлатӣ, рушди дигар забонҳои ақалиятҳои миллӣ ва таълими забони давлатиро дар макотиби миёнаву олии кишвар дар бар мегирифт, аммо барномаи севвум аз онҳо мутафовит аст.

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, дар гузашта ду барномаи рушди забони давлатӣ дуруст амалӣ нашуд ва шубҳа доранд, ки барномаи навбатӣ мушкилиҳои ҷойдоштаро ҳал намояд.

Забоншинс Қутбиддин Мухторӣ мегӯяд, ҳоло вақти насиҳат нест, балки забон бояд аз нигоҳи қонун ҳифз ва ба танзим дароварда шавад. Ба қавли ӯ, агар ҷавонон эҳсос кунанд, ки бе донистани забони адабӣ онҳоро дар ҳеҷ куҷо ба кор намегиранд, маҷбур мешаванд забонро аз худ кунанд: "Дар онҳо як ҳавасмандии ботинӣ пайдо мешавад, дар ҳамон вақт забони давлатӣ метавонад рушд кунад",-мегӯяд оқои Мухторӣ.

Ҳамсӯҳбатамон афзуд, яке аз мушкилиҳо ин аст, ки омӯзгорон дар дарс ҳамеша бо забони адабӣ гуфтугӯ намекунанд ва нахуст забони омӯзгор бояд ислоҳ шавад, то барои шогирдон намуна гардад.

Баҳсҳо атрофи рушди забони тоҷикӣ ва ислоҳи имлои он солҳо боз идома дорад. Забони тоҷикӣ дар пайи пойфишориҳои бардавоми зиёиёни тоҷик 22-юми июли соли 1989 мақоми давлатӣ гирифт. Дар ин муддат қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ду бор таҳрир хӯрд.

Охирин қоидаи имлои забони тоҷикӣ соли 2011 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 4-уми октябри соли гузашта дар маросиме ба ифтихори Рӯзи забон дар Тоҷикистон аз бесарусомонӣ ва дӯхурагиҳои ҷиддӣ дар имлои забони тоҷикӣ интиқод кард ва гуфт, қоидаи имло танҳо барои олимон нест ва барои саводнок кардани мардум бояд ба ҳамаи қишр фаҳмо бошад. Дар пайи ин интиқоди раиси ҷумҳур, масъулон барои омода намудани тарҳи нави қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дастбакор шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG