Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон рақибонашонро голборон карданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар даври чоруми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе, 5-уми август, доир гардид, пешсафони мусобиқа –"Соро компания"-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд - рақибонашонро бо ҳисоби бузург шикаст доданд.

«Соро компания» дар майдони худ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 12:0 ғолиб омад. Дар ҳайати дастаи ғолиб Умед Қузиев чор гол ва Муҳаммад Раҷабов се гол заданд.

«Сипар» дар меҳмонӣ бар «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 13:5 пирӯз шуд. Дар дастаи меҳмон Собирҷон Гулаков панҷ гол ба самар расонд.

Дар бозии дигар «Муҳоҷир»-и Душанбе дар майдони худ «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 6:3 мағлуб кард. Ду голи мизбононро Самандар Ризомов ба ҳадаф расонд.

Аз рӯи натиҷагирии чор даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» бо 12-имтиёзӣ пешсафанд. Дар бозии марказии даври панҷум рӯзи шанбе, 8-уми август, “Сипар” дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и Хуҷанд бо “Соро компания” рақобат мекунад.

Ду бозии дигари даври панҷуми мусобиқа миёни дастаҳои «Истаравшан» – «Самандар» ва «Равшан» – «Муҳоҷир» баргузор мешавад.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 4-ум

«Самандар» – «Сипар» – 5:13

Голҳо: Раҳмоналӣ Шарипов, 4 (0:1). Шавкат Ҳалимов, 5 (0:2). Баҳодур Хоҷаев, 7 (0:3). Абдусамад Раҳмонов, 10 (0:4). Собирҷон Гулаков, 10 (0:5). Собирҷон Гулаков, 14 (0:6). Абдусамад Раҳмонов, 17 (0:7). Акбар Маманазаров, 20 (1:7). Собирҷон Гулаков, 22 (1:8). Фирдавс Тусматов, 25 (2:8). Низом Маҳмаев, 27 – ба дарвозаи худ (2:9). Валиҷон Валиев, 31 (2:10). Иқбол Воситзода, 32 (2:11). Собирҷон Гулаков, 33 (2:12). Акбар Маманазаров, 35 (3:12). Собирҷон Гулаков, 36 (3:13). Ориф Меликов, 37 (4:13). Низом Маҳмаев, 39 (5:13).

«Муҳоҷир» – «Истаравшан» – 6:3

Голҳо: Самандар Ризомов, 11 (1:0). Ҳусейн Расулов, 17 (1:1). Самандар Ризомов, 20 (2:1). Ҳусейн Расулов, 22 (2:2). Раҳмон Ҷӯраев, 23 (2:3). Парвиз Худододов, 29 (3:3). Нусратшо Исмоилов, 36 (4:3). Бахтиёр Солиев, 38 (5:3). Хусрав Қаюмов, 39 (6:3).

«Соро компания» – «Равшан» – 12:0

Голҳо: Муҳаммад Шарипов, 4 (1:0). Муҳаммад Раҷабов, 8 (2:0). Идрис Ёров, 9 (3:0). Умед Қузиев, 11 (4:0). Умед Қузиев, 13 (5:0). Умед Қузиев, 22 (6:0). Идрис Ёров, 24 (7:0). Умед Қузиев, 34 (8:0). Муҳаммад Раҷабов, 38 (9:0). Муҳаммад Раҷабов, 38 (10:0). Насим Шарипов, 39 (11:0). Насим Шарипов, 40 (12:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Соро компания» (Душанбе)

4

4

0

0

39-5

12

2

«Сипар» (Хуҷанд)

4

4

0

0

33-14

12

3

«Муҳоҷир» (Душанбе)

4

2

0

2

16-19

6

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

4

1

0

3

19-25

3

5

«Равшан» (Кӯлоб)

4

1

0

3

19-37

3

6

«Самандар» (Турсунзода)

4

0

0

4

17-43

0

Нишонзанҳо: Собирҷон Гулаков («Сипар») – 11 тӯб, Муҳаммад Раҷабов («Соро компания») – 8 тӯб, Иқбол Воситзода («Сипар») – 7 тӯб, Насим Шарипов («Соро компания»), Некрӯз Алимаҳмадов (ҳарду аз «Соро компания») – 5-тӯбӣ.

Даври 5-ум

8 август (шанбе)

16:00 – «Истаравшан» – «Самандар»

16:00 – «Сипар» – «Соро компания»

16:00 – «Равшан» – «Муҳоҷир»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG