Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ: "Бозгашти оммавии мухлисон ба варзишгоҳҳо фоҷиа аст"


Акс аз бойгонӣ.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ баргузор кардани чорабиниҳои варзиширо бо шумораи зиёди тамошобинон дар пасманзари пандемияи коронавирус "ғайривоқеӣ" мешуморад.

Мудири бахши ҳолатҳои фавқулоддаи тандурустии СҶБ Майкл Райан гуфт, ки дар чунин ҳолатҳо доир кардани бозиҳо дар варзишгоҳҳо бо ҳузури даҳҳо ҳазор одам метавонад "фоҷиа" бошад.

Вақте дар як сӯҳбат дар шабакаҳои иҷтимоии СҶБ дар бораи санаи эҳтимолан дубора баргузор шудани чорабиниҳои бузурги варзишӣ пурсиданд, Райан гуфт, ки пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст. "Мо намедонем",-иброз дошт эпидемиологи ирландӣ.

Вай афзуд, "анбӯҳи калон - 40 000, 50 000, 60 000 нафар ... Тасаввур кунед ҳама мушкилотеро, ки мо ҳоло бо ин ҳама ҷойҳои фароғатӣ дорем. Шумо ҳамаашро дар таҷрибаи чаҳор-панҷсоатӣ мушоҳида хоҳед кард, ки ҳазорҳо одамон дар як нақлиёти ҷамъиятӣ ба як ҷо мераванд ва дар бозӣ ширкат мекунанд, баъдан бо тамоми мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин метавонад фоҷиа шавад".

- Шояд интизор шавем, ки дар ҳолати беҳтар шудани вазъ мо аз сифр дар варзишгоҳҳо ба 1000 ё 2000 тамошобин бирасем. Ҳамаи мо мехоҳем, ки варзишамон баргардад. Мо бояд танҳо каме эҳтиёткор бошем",-гуфт Майкл Райан.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио-2020 ва қаҳрамонии футболи Аврупо-2020 ба соли оянда мавқуф гузошта шуда буданд ва мусобиқаҳои бузурги футбол, ба мисли Лигаи қаҳрамонҳо, Премйер- лига, Бундеслига маҷбур буданд, ки бозиҳоро паси дарҳои баста баргузор кунанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG