Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо: дар чорякфинал кӣ, кай ва бо кӣ бозӣ мекунад?


Бозӣ миёни дастаҳои "Барселона" ва "Наполи". 8 август, 2020.

Иштироккунандагони чорякфинали мавсими футболи 2019/2020 муайян шуданд. Бозиҳои чорякниҳоӣ аз 12-ум то 15-уми август дар Лиссабони Португалия баргузор мешаванд.

Дар чорякфинал “Лион”-и Фаронса бо “Манчестер Сити”-и Англия, “Лейпсиг”-и Олмон бо “Атлетико”-и Испания, “Барселона”-и Каталон бо “Бавария”-и Олмон, “Аталанта”-и Италия бо “ПСЖ”-и Фаронса бозӣ мекунанд.

Аз марҳилаи чорякниҳоӣ сар карда, бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо дар Лиссабон баргузор мешаванд. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 18-19-уми август дар шакли якдафъаина доир мегарданд. Бозии ниҳоӣ 23-юми август дар Лиссабон ба нақша гирифта шудааст.

Ба далели пандемияи коронавирус Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо дар аввали моҳи март мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳо ва Лигаи Аврупоро боздошт. Инчунин қаҳрамонии Аврупо ба соли оянда мавқуф гузошта шуд.

Лигаи қаҳрамонҳо, 1/8 финал

Реал (Мадрид, Испания) - Манчестер Сити (Англия) - 1:2, 1:2
Атлетико (Испания) - Ливерпул (Англия) - 1:0, 3:2
Челси (Англия) - Бавария (Олмон) - 0:3, 1:4
Наполи (Италия) - Барселона (Испания) - 1:1, 1:3
Боруссия (Олмон) - ПСЖ (Фаронса) - 2:1, 0:2
Лион (Фаронса) - Ювентус (Италия) - 1:0, 1:2
Тоттенҳэм (Англия) - Лейпсиг (Олмон) - 0:1, 0:3
Аталанта (Италия) - Валенсия (Испания) - 4:1, 4:3

1/4 финал

12-уми август (чоршанбе)
Аталанта (Италия) - ПСЖ (Фаронса)

13-уми август (панҷшанбе)
Лейпсиг (Олмон) - Атлетико (Испания)

14-уми август (ҷумъа
Барселона (Испания) - Бавария (Олмон)

15-уми август (шанбе)
Манчестер Сити (Англия) - Лион (Фаронса)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG