Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии пешсафони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар даври панҷум


Бозии марказии даври панҷуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон миёни дастаҳои пешсафи мусобиқа - «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанбе - бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии пешсафон - “Сипар” ва “Сорокомпания”, ки 8-уми август дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и Хуҷанд доир гардид, ба голи легионери гурҷӣ Вахтанг Кекелия бозигари мизбонон Дилшод Саломов бо зарбаи нишонрас аз дабл-пеналтӣ посух дод.

Дар бозии дигари даври панҷум «Муҳоҷир»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 6:4 ғолиб омад. Дар ҳайати меҳмонон Самандар Ризомов се гол, капитан ё сарвони даста Хуршеди Зайниддин ду гол заданд.

«Самандар»-и шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 9:8 мағлуб кард. Дар дастаи ғолиб се голро Низом Махмаев ба самар расонд. Зимнан, ин аввалин пирӯзии “Самандар” ба шумор меравад.

Аз рӯи натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» бо 13-имтиёзӣ пешсафанд. Бо ҳамин нимаи аввали мусобиқа ба поён расид. Нимаи дувуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 19-уми август шуруъ мешавад.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 5-ум

«Сипар» – «Соро компания» – 1:1

Голҳо: Вахтанг Кекелия, 17 (0:1). Дилшод Саломов, 20 – дабл-пеналтӣ (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Собирҷон Гулаков («Сипар»).

«Равшан» – «Муҳоҷир» – 4:6

Голҳо: Рустам Зауров, 3 (1:0). Муҳаммад Тошев, 3 (2:0). Иброҳим Мирзоев, 18 (3:0). Ҳасан Муродов, 23 (4:0). Самандар Ризомов, 28 (4:1). Бахтиёр Солиев, 30 (4:2). Самандар Ризомов, 32 (4:3). Самандар Ризомов, 35 (4:4). Хуршеди Зайниддин, 38 – дабл-пеналтӣ (4:5). Хуршеди Зайниддин, 39 – дабл-пеналтӣ (4:6).

Беҳтарин бозигари дидор: Самандар Ризомов («Муҳоҷир»).

«Истаравшан» – «Самандар» – 8:9

Голҳо: Фаридун Расулов (4), Шаҳбоз Бобоҷонов (3), Раҳмон Ҷӯраев – Низом Махмаев (3), Ориф Меликов (2), Акбар Маманазаров (2), Маъмур Буриев, Фирдавс Тусматов.

Беҳтарин бозигари дидор: Фирдавс Тусматов («Самандар»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Соро компания» (Душанбе)

5

4

1

0

40-6

13

2

«Сипар» (Хуҷанд)

5

4

1

0

34-15

13

3

«Муҳоҷир» (Душанбе)

5

3

0

2

22-23

9

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

5

1

0

4

27-34

3

5

«Равшан» (Кӯлоб)

5

1

0

4

23-43

3

6

«Самандар» (Турсунзода)

5

1

0

4

26-51

3

Нишонзанҳо: Собирҷон Гулаков («Сипар») – 11 тӯб, Муҳаммад Раҷабов («Соро компания») – 8 тӯб, Иқбол Воситзода («Сипар»), Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 7-тӯбӣ, Фаридун Расулов, Шаҳбоз Бобоҷонов (ҳарду аз «Истаравшан»), Низом Махмаев («Самандар») – 6-тӯбӣ.

Даври 6-ум

19-уми август (чоршанбе)

16:00 – «Самандар» – «Истаравшан»

16:00 – «Соро компания» – «Сипар»

18:00 – «Муҳоҷир» – «Равшан»

XS
SM
MD
LG