Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мансабдори дахлнопазир". Шӯҳрат Ғаниев кист?


Шӯҳрат Ғаниев
Шӯҳрат Ғаниев

Блогери узбек Додохон Ҳайдаров рӯзи 2-юми сентябр, пас аз чанд рӯзи боздошт, озод шуд. Ӯро пас аз даъватҳояш барои сабукдӯш кардани Шӯҳрат Ғаниев аз мансаби раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон дастгир карда буданд.

Ғаниев, ки бо таҳдиду фишор нисбат ба сокинон ном баровардааст, ба боздошти мунтақидонаш даст мезанад, чун зоҳиран аз муҷозот шудан барои чунин аъмол наметарсад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва мансабдорони дигар аз минбарҳои баланд дар бораи зарурати ислоҳоти низоми идории давлат ва риояи ҳуқуқи шаҳрвандон мегӯянд. Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Фарғона, худхоҳона амал карда, он чизеро, ки салоҳ медонад, мегӯяд ва анҷом медиҳад, аммо бо ин вуҷуд ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

Шӯҳрат Ғаниев дар Марғелон, шаҳре дар вилояти Фарғона, соли 1968 таваллуд шудааст. Роҳбарии вилоятро ӯ соли 2011 ба дӯш гирифт. Ин курсиро ӯ дар замони раёсати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини худкомаи Узбекистон, соҳиб шуда буд. То он дам се сол муовини раиси вилоят буд.

Дар замони раёсати худ Ғаниев бо рафтори дурушту дағал ва гуфтори таҳқиромезаш дар ёдҳо монд. Чанд моҳ пеш ӯ чунин рафторашро бори дигар ба намоиш гузошт.

ЭКСКЛАВ

Эксклав ва ё нимҷазирақаламрави Сӯх, ки онро қаламрави Қирғизистон иҳота кардааст, ба Узбекистон тааллуқ дорад, аммо дар он ҷо тоҷикон маскунанд. Сӯх ҷузъи вилояти Фарғона аст ва зери назорати Ғаниев мебошад.

Сӯх – як минтақаи кишоварзист, аммо заминаш аксаран сангзор ва беҳосил мебошад. Бар сари тақсими об миёни сокинони Сӯх ва деҳаҳои Қирғизистон баҳсу кашмакаш сар мезанад.

31-уми майи имсол дар он ҷо боз моҷаро сар зад. Сокинони Сӯх бо шаҳрвандони Қирғизистон дастбагиребон шуданд. Сангандозӣ ҳам ҷой дошт ва беш аз 200 нафар маҷруҳ шуданд, чанд хона ба коми оташ рафт. Шӯҳрат Ғаниев ба Сӯх рафт, то бо мансабдорони қирғиз вохӯрад ва талош кард, ба ин низоъ хотима бахшад.

Ғаниев бо сокинони деҳаи Чашмаи минтақаи Сӯх вохӯрд, ҷое, ки моҷаро рух дода буд. Аммо вохӯрӣ барояш ноумедкунанда анҷом ёфт. Раиси вилоят суҳбатро аз он оғоз кард, ки ҳукумат як ваҷаб замин ва ҳатто “як сатил оби худро намедиҳад”.

Аммо Сӯх солҳо бо аз назарҳо дур монд, нимҷазирақаламрав, бинобар мушкилоти миёни Тошканд ва Маскав аз дигар минтақаҳои Узбекистон ҷудо афтода буд. Мақомдорон хеле кам ба ин минтақа сафар мекунанд. Аз ин рӯ, бархе аз сокинон бо истифода аз фурсат эътирозу эродҳои худро баён карданд ва Ғаниев инро ба сахтӣ пазируфт. Ғаниевро низомиён ҳамроҳӣ мекарданд, аммо бо ин вуҷуд сокинони маҳаллӣ ба сӯи ӯ ва ҳамроҳонаш санг андохтанд.

Ғаниев дар ҷавоб ошкоро ва бе мурооти урфи расмӣ таҳдид кард, ки нимҷазирақаламравро дар инзиво қарор медиҳад, қисме аз сокинонро ҳабс карда, чанд деҳаро аз рӯи ҷаҳон пок мекунад. Рӯзе баъд барои мулоқот бо сокинон Абдулло Орифов, нахуствазири Узбекистон ҳозир шуд.

БЛОГЕР

Сокинони Сӯх ба нахуствазир аз мушкилоти худ гуфтанд. Ҳайдарҷон Бобоҳайдарови 22-сола (машҳур бо номи Додохон Ҳайдаров), блогер ва яке аз сокинони ин минтақа, ки ба саҳифааш дар Ютуб 800 ҳазор обуна ҳастанд, мушкилоти сокинонро баршумурда, даъват кард Ғаниевро сабукдӯш кунанд. Боқӣ сокинон аз ин даъвати ӯ ҷонибдорӣ карданд.

Орифов барои ҳалли мушкилоти сокинони Сӯх ваъдаҳо дод ва гуфт , нафареро барои ҷангу хархаша бо сокинони Қирғизистон ҷазо нахоҳанд дод. Чанде баъд аз ин сокинони Сӯх гирдиҳамоии худро ба навор гирифтанд, ки дар он онҳо ба президент Мирзиёев муроҷиат карданд.

“Шуҳрат Ғаниев гуфт, ки мо метавонем аз ин ҷо равем. Мо кӣ ҳастем? Танҳо барои он ки мо тоҷикем ба мо чунин муносибатро раво мебинанд?», -- суол гузоштанд онҳо.

Аз 22-юм то 24-уми август мақомот дар Сӯх даҳҳо нафар, аз ҷумла блогер Ҳайдаровро бо иттиҳоми муқобилият нишон додан ба намояндаи ҳукумат, хушунат алайҳи онҳо ва ширкат дар беназмиҳои оммавӣ боздошт намуданд. Онҳоро бо чархбол ба вилояти Фарғона бурданд.

Додситонии кул рӯзи 25-уми август тасдиқ кард, ки нисбат ба 6 сокини Сӯх айб эълон шудааст, аммо Ҳайдаров дар миёни онҳо нест.

РОҲБАРИ ВИЛОЯТ

Шӯҳрат Ғаниев яке аз мансабдороне ба назар мерасад, ки бо сабабҳои номаълум ӯро наметавонанд аз вазифа сабукдӯш кунанд. Се соли охири раёсати ӯ собит мекунад, ки рафтори Ғаниев бо рафтори хидматчии давлатӣ созгор нест.

Рӯзи 18-уми январи 2018 автобусе, ки муҳоҷирони кориро аз Русия меовард, дар Қазоқистон оташ гирифт. Аз 57 мусофир 52 нафар узбекистонӣ буданд. Панҷ нафар наҷот ёфтанд, боқӣ фавтиданд. Дар миёни қурбониён 16 сокини ноҳияи Ташлаки Фарғона буданд.

20-уми январ Шавкат Мирзиёев ба наздикони қурбониён таъзия баён карда, афсӯс хурд, ки сокинони Узбекистон маҷбуранд барои пайдо кардани ҷойи кор ба хориҷа раванд. Ба мансабдорон дастур дод, бештар ҷойи корӣ ташкил кунанд, то ин ки сокинон дар Ватани худ ҷойи кор дошта бошанд.

Ғаниев дар яке аз маҷлисҳо бо мансабдорони маҳаллӣ 23-юми январ гуфт, ноҳияи Ташлаки вилояти Фарғонаро беобрӯ кард. “Наход ҷавонони 20-22-сола аз Фарғона ба ҳаммолӣ раванд? Волидони онҳо дар ин бора чӣ мегӯянд? Онҳо магар кар ҳастанд? Акнун дар ин мусибат онҳо бечора раиси ҷамоатро гунаҳкор мекунанд? Аъзои маҳалла куҷоро нигоҳ мекунад?”, - иброз дошт ӯ.

Ин порча суханронии оташини Ғаниев дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд. Дар яке аз сабтҳо ӯ мегӯяд, “дар ноҳияи Ташлак чанд ҳаромӣ ҳастанд. Ҳаромӣ! Ҳаромиро бояд, ҳаромӣ гуфт! Ҳеҷ кас аз Ташлак ҳаҷ намеравад! Ҳеҷ кас! Ҳамаро аз рӯйхат хат занед.”

Баъдан рӯҳониёни баландпоя ба Ғаниев фишор оварданд ва тасмими манъи сафари ҳаҷи сокинони Ташлак бекор шуд.

ДУРУШТӢ

Дар як сабти аудиоӣ аз маҷлисе дар ҳукумати вилоят аз 22-юми май, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, суханронии Ғаниев бо нозирони андоз шунида мешавад. Бо чӣ амали худ нозирон Ғаниевро ба хашм овардаанд, маълум нест, аммо шунида мешавад, раиси вилоят онҳоро “хоин” ва “разил” хонда, таҳдид мекунад, ки “рӯдаҳояшонро канда ба сарашон мепечонад”.

Ғаниевро барои чунин суханҳояш натанҳо ҷазо надоданд, балки бо нишони “Қаҳрамони меҳнат” дар остонаи истиқлоли Узбекистон сарфароз карданд.

Сентябри соли гузашта дар интернет боз як сабти аудиоии дигар пайдо шуд, ки дар он Ғаниев ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо хитоб мекунад. Ӯ дар ин сабт аз мардоне бо “риши жӯлида” дар маконҳои ҷамъиятӣ “разилони ришвор” ном мебарад ва дар бораи занони ҳиҷобдор низ носазо мегӯяд.

“Ҳушдор медиҳам: агар дар маҷлисе занонро бо рӯймоли мусулмонӣ бубинам, рӯймоли онҳоро гирифта, дар даҳони Шумо меандозам”, -- гуфт Ғаниев.

Ғаниев ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, тавре амал кунанд, ки дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо мардони ришдор ва занони ҳиҷобдор набошанд. Кумита оид ба ахлоқи Сенат ё маҷлиси болои порлумони Узбекистон пас аз ин ҳолат ба Ғаниев огоҳии қатъӣ дода, барои ислоҳи рафтораш се моҳ муҳлат муқаррар кард.

Баъди се моҳ Додситонии кул изҳорот дод, ки Ғаниев кодекси ахлоқи хизматчии давлатиро вайрон кардааст. Дар оғози моҳи декабр дар ноҳияи Кувини вилояти Фарғона барқ ва гази табиӣ набуд ва қисме аз сокинон ба нишони эътироз роҳро бастанд. Касе навори ин ҳамоиши эътирозиро нашр кард ва Ғаниев хитоб ба раиси ноҳия гуфт, ки ба “намози ҷанозаи” худ омода шавад.

"ХАТАР НАДОРАНД"

Додистонии кул дар ин робита изҳор дошт: “Бо назардошти он ки суханҳои Ғаниев ба саломатии инсон хатари воқеӣ надорад, яъне асосе барои иҷрои ин таҳдид вуҷуд надорад, қарор шуд дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз нашавад”.

Блогер Ҳайдаров аз Сӯх, ки 2-юми сентябр ба озодӣ баромад. Ба гуфтаи ҳимоягари ӯ Ҳамидхон Абдулназаров, тафтишот далели кофие дар даст надошт, то ки ӯро ба беназмиҳои оммавӣ гунаҳкор кунад.

Дилмурод Маҳбубов сокини дигар Сӯх низ озод шуд.

Шаш нафар аз сокинони Сӯх ҳанӯз дар боздоштанд. Нисбат ба онҳо айб эълон шудааст ва дуи дигар озод шуданд, аммо ба онҳо гуфтанд, имкон дорад дубора ба пурсиш даъват шаванд. Тақдири дуи дигар номаълум аст.

Боздошти онҳо баъд аз се моҳи ҳаводиси Сӯх далели он аст, ки Шӯҳрат Ғаниев ҳодисаи 31-уми май ва гуфтаҳои нахуствазирро дар рӯзи 1-уми июн фаромӯш накардааст. Раиси вилояти Фарғона заррае ҳам аз бахшиш ва афв аломат намедиҳад.

XS
SM
MD
LG