Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент гуфт: “Кам – кам танқидамон ҳам кун”. Мекунанд?


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Раҳмон мунаққид мекобад. Рақибонаш чӣ хоҳанд гуфт?

Ин Амрико аст, ки маъракаи интихоботи президентиаш ҳарчанд ҳанӯз якуним сол пеш аз оғози худ аломат дод, ҳоло ҳарчӣ гармтар мешавад. Ду номзад, бо ҳар имконе доранд, барномаҳои якдигарро интиқод мекунанд, дар муқобил масоили аз назари онҳо барои интихобкунанда муҳимтарро пешниҳод менамоянд ва роҳҳои ҷалби бештари мардумро ҷӯё ҳастанд. Дар ин миён масоили ҷаҳонӣ ва “барои амнияти ИМА хатарзо” –ро низ мавриди баррасӣ қарор дода, бо ҳамин гароишҳои ояндаи сиёсати хориҷии худро маълум мекунанд. “Дахолати Русия” ба маъракаи интихоботии Амрико ба назар мерасад ба ҷузъи муҳими барномасозии номзадҳо табдил меёбад. “Трампи русгаро”, ки соли 2016 ғолиб омад, шояд то рӯзҳои ахири сари қудрат буданаш баҳси ин мавзӯро хатм карда натавонад. Ба вижа, пас аз он ки ҳамин рӯзҳо ширкати амрикоии Майкрософт эълон намуд, ки хакерҳои вобаста ба Эрон, Чин ва хоса Русия одамони таъсиррасон ва гурӯҳҳои наздик ба Трампу Байденро ҳадаф қарор додаанд.

Аммо дар Тоҷикистон, ки имсол бояд аввал бор тақрибан баробар бо ИМА маъракаи интихоботӣ баргузор мекарду бо сабабҳои барои ҳукумат маълум, онро аз 6 –уми ноябри маъмулӣ ба вақти дигар гузаронданд, агар чанд ролики таблиғотии Комиссияи марказии интихобот дар шабакаҳои ТВ пахш нашавад, мардум шояд фаромӯш намоянд, ки 11 октябр интихоботи президентист.

Дар ҳамин ҳол, ғайр аз яке, номзадҳои дигар аллакай изҳор доштанд, ки имзоҳои заруриро ҷамъ овардаанд. Зимнан, одамон мегӯянд дар бораи ин ҳизбу номзад ва барномаҳояшон маълумоти кофӣ надоранд ва ба ҷамъ овардани беш аз 200 ҳазор имзо аз ҷониби худи онҳо шубҳа мекунанд. Барномаҳои аслан муаррифинашудаи номзадҳо низ ба назари таҳлилгарон аз ҳамдигар кам тафовут доранд. Пас бо ин барномаҳои тақрибан якхела ба интихоботи президентӣ ворид шудани онҳо чӣ зарурат дорад ва чаро мардум ба ҷонибдориашон бояд овоз диҳанд, саволи мантиқист ва ҷавобашро шояд дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) аз қабл медонанд.

Мешавад гуфт, ки ҷашни 5500 солагии Саразм нуқтаи ниҳоии таблиғоти то замони сабти расмӣ шудани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати номзад хоҳад буд. Агар таблиғоти то ин вақти ӯро тариқи шабакаҳои телевизионӣ, хоса вақти сафарҳояш ба минтақаҳо на ҳамчун номзад, балки ба сифати президенти амалкунанда мегуфтанд, пас шояд барои пас аз 15 сентябр барномаҳои дигар доранд. 15 – уми сентябр КМИР маълум мекунад, ки кадоме аз номзадҳоро ба маъракаи интихобот раҳ надиҳад ва ба кӣ ҳуҷҷати барои баъзе “таърихии” номзад ба президентӣ пешниҳод намояд. Ин воқеият аст, ки шояд бисёрии номзадҳо маҳз барои гирифтани ин ҳуҷҷат ва пур шудани зиндагиномаашон бо як сатри дигар – “номзад ба президентӣ” талош хоҳанд кард. Комиссияи марказии интихобот бояд ҳисобу китобе дошта бошад, ки барои эълони натиҷаҳои интихобот чанд номзад мувофиқ меояд. Ин як масъалаи муҳим барои онҳо шояд дар ин шабу рӯз бошад...

Аслан фикр ҳам накунам, ки таблиғоти густурдаи Раҳмон тариқи шабакаҳои ТВ ва матбуоти ҳукумативу ба истилоҳ мустақил ба муқобили ҳарифони интихоботиаш нигаронида шудааст. Рақибони тақрибан ношинос ва бе талош. Масъала фаротар аз ин аст. Бояд марказҳои қабули қарор дар берун мутмаин шаванд, ки президенти амалкунандаро мардум “бениҳоят дӯст медоранд”. Воқеан, маҳз ин таъбирро дар ҷашни Саразм як муаллим зимни суханронии, тавре дар ин ҳолатҳо мегӯянд, аз қабл омодашудааш изҳор намуд. Ӯ ҳатто гуфт, ки чанд сол пеш дар яке аз маъракаҳои ҳамчунин, вақте Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ салом кард, пас аз аз он мӯсафедону кампирҳо ба наздаш меомаданд, дастонашро мебӯсиданд. Президент дар посух гуфт, ки ӯ ҳам мардумро дӯст медорад.

Мавзӯи “президенти маҳбуб” дар Тоҷикистон албатта нав нест, аммо пас аз интихоботи президентии Белорус маълум шуд, ки барои марказҳои муҳими сиёсӣ ва қабули қарори дунё аз як ҷониб муҳим ва аз сӯи дигар чандон устувор нест. Барои ҳамин, дар интихоботи навбатӣ ва эҳтимолан охирини президентии Эмомалӣ Раҳмон ӯ бо чӣ барнома вориди корзор мешавад, шояд дар доираҳои ҷиддии сиёсӣ сахт таваҷҷӯҳ доранд. Махсусан дар самти майлонҳои сиёсати хориҷиаш. Ба ҳар сурат, “сиёсати дарҳои боз”, ки ҳукумат онро муваффақ меҳисобад, дигар дар доираҳои коршиносиву таҳлилӣ як тезиси умумӣ фаҳмида мешавад, на мушаххасу муайянкунанда.

Барои интихобкунандаи тоҷик бошад, Эмомалӣ Раҳмон як чеҳраи ошност. 28 соли раҳбарии бетаваққуф ва таблиғоти густурдаи телевизионӣ гуфтан мумкин ӯро барои ҳатто кӯдакон машҳур кардааст. Бар илова, ҳамон тавре зимни мулоқоти ахири худ бо табибон гуфт, ӯ кӯшиш мекунад дар сӯҳбатҳо ҳангоми сафар ба минтақаҳо “бо забони содда гап занам, то мардум фаҳманд, ки раҳбари давлат чӣ гуфтан мехоҳад”. Ин як услуби кории Раҳмон ҳамеша будааст, ба вижа вақте аз матни суханрониҳои дароз, ки дар дунёи сиёсӣ моҳияти худро гум мекунанд, берун мешавад.

Президент дар ҳамин мулоқоти худ бо табибон ба як мавзӯи ҷолиби дигар ҳам таъкид намуд. Ӯ гуфт, ки “агар сартабиб дар курсӣ зиёд нишаст, дигар рафтанаш намефорад ва аз воқеиятҳо дур мемонад” ва бо ҳамин дигарбора масъалаи ротатсияи роҳбарон ва бо воқеятҳо наздик будани онҳоро муҳим арзёбӣ кард.

Шакли таблиғоти “меҳмони хонаводаи оддӣ”, ки чанд вақти охир бахши идеологии ҳукумат барояш таҳия мекунанд ва аз рӯи ин сенария Раҳмон ба хонаводаи ин ё он нафар рафта, бо онҳо сӯҳбати “сари як пиёла чой” анҷом медиҳад, гуфтан мумкин, ки дар технологияи сиёсии имиҷсозии ӯ чизи навест. Маҳз ин усулро ба писари шаҳрдораш Рустами Эмомалӣ дар феврали соли 2017 тавсия дод, аммо номаълум барои чӣ ӯ аз он то имрӯз истифода намекунад. Дар умқи ин услуб, агар аз як ҷиҳат маънои “самимияти як сиёсатмадор” пеш ояд, аз ҷониби дигар “наздик будан бо мардум” – ро паём медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон 28 сол қабл, дар ҳақиқат, аз байни мардум баромада буд ва ҳар иқдомаш он замон самимиву мардумӣ ба назар мерасид. Мисли ҳозир сенарияи мулоқотҳои ӯ аз қабл таҳия намешуданд. Вале шаҳрдори Душанбе, ки вориси оянда муаррифӣ мешавад, ҳич гоҳ дар байни мардум набудааст. Пас шояд дастгоҳҳои таблиғотиву идеологӣ барои Рустами Эмомалӣ наҳваи нави муаррифӣ таҳия доранд. Бешак, ин дар сурате имконпазир аст, ки политтехнологҳои ӯ аз одамони комилан нав ва бо дидди тоза иборат бошанд...

Ёдоварӣ ва хотира аз волидону пайвандон ҳам таи тақрибан ду соли ахир дар технологияҳои сиёсиии мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон дар назари аввал як чизи содда, аммо барои мардуми оддӣ ҷолиб ва таъсиргузор аст. Махсусан вақте аз гузаштаи раҳбари давлат ва пайвандонаш чизи наве гуфта мешавад, барои одамон дар тамоми дунё ҷолиб менамояд. Агар ин қиссаҳо дар худ паҳлӯҳои эҳсосӣ дошта бошанд, қаҳрамонро ба худ наздиктар хоҳад кард. Ба назар мерасад, ки ин услуб акнун кӯҳна шуд, ё маълумоти аз ин бештар гуфтанро барои одамон зарур намеҳисобанд. Аз ин хотир, тақдими портрети падару модари Эмомалӣ Раҳмон дар вақти мулоқотҳо ҳоло тақрибан истифода намешавад.

Шояд василаи дигари тарғибот ҷустуҷӯ доранд ва ёфтанд...

Дар таҷлили ҷашни Саразм президент, вақте духтараки аввал баромад карду аз ӯ мисли ҳамеша ситоиш намуд, ишорае ба он кард, ки ҳоло мавзӯи танқидпазирии Раҳмон метавонад ба сифати як асбоби муҳими таблиғотӣ истифода шавад. Президент гуфт: “Кам – кам танқидамон ҳам кун”. Духтарак, баръакс ҳозирҷавобӣ карду гуфт, ки “Шумо арзандаед”.

Дар ҳамин ҷо таъкиди ҷолибе пеш омад. Пас аз он ки духтарак аз Фарзона шеър хонд, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки “дар аввал хаёл кардааст, ки Фарзона суханронӣ дорад”. Ин далолат ба он мекунад, ки президент ба услуби гуфтугӯи мардум зимни сӯҳбатҳояшон бо ӯ таваҷҷӯҳ менамояд. Суханрониҳое, ки дар онҳо тақрибан маълумоте вуҷуд надораду ҷанбаҳои адабиашон бештар аст. Аммо як президент ба шунидани лутфу марҳамати бисёр зарурат дорад, ё гирифтани маълумот аз мардум, баҳси дигар аст.

Ба ҳар сурат, таблиғгарони ҳукумат мегӯянд ҳадафи сафари Раҳмон ба минтақаҳо “шиносоӣ бо вазъи мардум” мебошад. Ӯ, албатта, чандин бор аз ин одамони моҳҳо омодашуда барои ин суханронӣ, мепурсад, ки чӣ мушкил доранд? Маъмулан онҳо посух медиҳанд: “ҳамааш хуб аст, Пешвои муаззам!”. Шояд масъалагузорӣ дар сенарияҳо барномарезӣ нашудааст...

Ҳарчанд маълум аст, ки барои роҳбари давлат гирифтани маълумот аз дасти аввал бояд аз муҳимтаринҳо бошад. Президент дар чанд суханрониву дидорҳояш бо кормандони расонаҳои ҳукуматӣ, хоса ТВ аз онҳо даъват кард, ки аз гуфтани камбудиҳо парҳез накунанд. “Саркашии” роҳбарони нашрияҳо шояд ба ин маъност, ки онҳо намехоҳанд обуначиёни нашрияҳои худро аз даст бидиҳанд, ҳарчанд Дастгоҳи президент барои ҳар ноҳия нақшаи обунаро таҳия менамояд. Дар пардаи ТВ бошад, ба ҷои нишон додани барномаҳои “мушкилзо” беҳтар медонанд, ки консертҳо нишон бидиҳанд, табиати зебои Тоҷикистонро, он тавре президент боре аз онҳо хост, ба бинанда манзур кунанд. Чизе, ки бо харҷи кам ва бе “ягон балост”.

Баъзан ин гуна назарҳо ҳам гуфта мешаванд, ки талаби интиқод аз расонаҳо “фақат барои публика” аст ва онро набояд ҷиддӣ бигиранд дар идораи расонаҳо...

Бовуҷуд, Эмомалӣ Раҳмон, чанд вақти охир исбот мекунад, ки ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан дастрасӣ дораду мушкилиҳоеро мебинад ва бо ҳамин мавзӯеро, ки “калон аз ин чизҳо бехабар аст”, то ҷое нодуруст маънидод менамояд. Аммо механизми истифодаи самаранок аз ин василаҳо, мисле, ки дар дастгоҳҳои таблиғотиву идеологӣ таҳия нашудааст...

Рақибони президент аз аҳзоби дигар бошанд, дар гуфтани воқеиятҳо ва интиқоди сахти ҳукумат дар масоили барои як сиёсатмадор усулӣ эҳтиёткоранд. Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист, ҳатто мутмаин аст, ки танқиди номзади асосиро дар мо беэҳтиромӣ меҳисобанд. Маълум аст, ки ин гуна бархӯрд хос ба як одами сиёсӣ нест...

Бо ҳамин, Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифии худ ҳамчун “номзади нав” мисле, ки мушкил надорад. Аммо номзадҳои ҳамоно муаррифинашуда бо чӣ тарз чанд фоизи раъйи ба онҳо ҳисобшударо “ҳалол” мекунанд, пас аз 15 сентябр шоҳид хоҳем шуд.

Ё намешавем?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG