Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Трампу Байден дар масоили муҳити зист доғ шуд


Дар интихоботи президентии ноябри соли 2020 Трамп ва Байден номзад шудаанд
Дар интихоботи президентии ноябри соли 2020 Трамп ва Байден номзад шудаанд

Президенти ИМА Доналд Трамп ва номзади демократҳо Ҷо Байден дар идомаи маъракаи интихоботӣ сари масоили муҳитзистӣ бо ҳам баҳс карданд. Трамп, ки рӯзи 14-уми сентябр дар шаҳри Сакраментои Калифорния буд ва дар бораи сӯхторҳои ахир дар ҷазираҳои ғарбии кишвар сӯҳбат мекард, тағйироти иқлимро ҳамчун сабаби аслии сар задани сӯхторҳои ахир рад кард. Вақте Трамп иддаои беасосе кард, ки иқлим “сардтар мешавад”, Вейд Кроуфут, раиси Оҷонсии захираҳои табии Калифорния гуфт: “кош илм ҳам бо шумо розӣ мешуд”. Кроуфут бо Трамп розӣ шуд, ки масъалаи мудирияти дурусти ҷангалҳо ҳам як мушкил аст, вале гуфт, масъалаи гармоиши иқлимро намешавад нодида гирифт. Аз ин пеш зимни суханронӣ дар Делавар Байден Трампро як “аловмони муҳити зист” номид ва гуфт, ки сиёсатҳои ӯ талошҳои ҳимоят аз муҳити зист ва амнияти амрикоиҳоро ба ҳам мезанад. Байден гуфт, ки агар овоздиҳандагон ба “аловмони муҳити зист боз чор соли дигар дар Кохи Сафед ҷой диҳанд, чаро бояд ҳайрон шавем, ки қисмати бештари Амрико бисӯзад”. Дар паи сӯхтор дар ҷангалҳои иёлоти Калифорния, Орегон ва Вашингтон 33 нафар ҷон дода, 2 миллион гектар замин ба коми оташ рафт. Дар натиҷа, даҳҳо ҳазор нафар маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк карда ба ҷойҳои амн бикӯчанд.

XS
SM
MD
LG