Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иморот ва Баҳрайн бо Исроил тавофуқи сулҳ имзо карданд


Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн созишномаҳои барқарорсозии робитаҳои расмӣ бо Исроилро имзо карданд. Маросими ба имзо расидани ин тавофуқномаҳо рӯзи сешанбеи 15-уми август дар Кохи Сафед ва бо мизбонии президенти Амрико Доналд Трамп баргузор шуд. Бар асоси ин созишнома, муносибатҳои расмӣ байни ин се кишвар оғоз шуд.

Дар ин маросим Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, Шайх Абдуллоҳ бин Зоид Оли Наҳён, вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Абдулатиф Оли Зайдонӣ, вазири умури хориҷии Баҳрайн аз кишварҳои худ намояндагӣ карданд.

Дар созишномаҳои имзошуда ба танишҳои чандинсола миёни Исроил ва фаластиниҳо ишорае нашудааст ва дар мавриди роҳи ҳалли он низ чизе гуфта нашудааст.

Раҳбари идораи худмухтори Фаластин Маҳмуд Аббос гуфтааст, то вақте, ки ишғоли Исроил хотима наёбад, минтақа шоҳиди сулҳу субот нахоҳад буд.

Ҳамзамон бо баргузории маросими имзои созишномаҳо дар Вашингтон, фаластиниҳо чанд мушак ба тарафи Исроил партоб карданд, ки дар мавриди зиёни он гузорише нашр нашудааст.

Тибқи ин созишномаҳо, Исроил аз шомил кардани қисматҳое аз Каронаи ғарбӣ ба қаламрави худ худдорӣ мекунад. Фаластиниҳо қисматҳои ғарбии рӯди Урдунро хоки худ медонанд ва онро барои кишвари эҳтимолии худ дар назар гирифтаанд. Ба гуфтаи кишварҳои арабии Халиҷи Форс, ин амр манфиати фаластиниҳоро таъмин мекунад.

Дар маросими рӯзи сешанбе вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз Исроил ба хотири шомил накардани ин қаламрави фаластиниҳо ба хоки Исроил сипосгузорӣ кардааст.

Аммо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки дар кишвараш таҳти фишори тундравҳои яҳудӣ қарор дорад, гуфтааст, ки ин барномаро ба таври муваққат ба таъхир андохтааст.

Пас аз Миср ва Урдун, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду кишвари Халиҷи Форс мебошанд, ки созишномаи барқарорсозии муносибатҳо бо Исроилро имзо карданд.

Ба гуфтаи коршиносон, пас аз ин Умон, Судон, Марокаш ва Арабистони Саудӣ кишварҳое хоҳанд буд, ки эҳтимоли имзои созишномаи оддисозии робитаҳо миёни онҳо ва Исроил вуҷуд дорад.

Эрон ва Туркия ду кишваре ҳастанд, ки аз оддисозии робитаҳо миёни чанд кишвари арабӣ бо Исроил интиқод кардаанд.

XS
SM
MD
LG