Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаронтарин футболбози ҷаҳон бо нархи 325 миллион евро фурӯхта мешавад


Килиан Мбаппе.
Килиан Мбаппе.

Бошгоҳи футболи “Пари Сен-Жермен” (ПСЖ)-и Фаронса арзиши ҳамлагари даста Килиан Мбапперо эълон кард, хабар додааст нашрияи иттилоотии The Sun.

Ба навиштаи ин нашрия, ҳамлагар мехоҳад тобистони соли оянда бошгоҳи Парижро тарк кунад. ПСЖ ният дорад, ки футболбози 21-соларо ба маблағи 325 миллион евро фурӯшад.

Қайд карда мешавад бисёр бошгоҳҳои беҳтарин чунин меҳисобанд, ки маблағ аз будаш зиёд нишон дода шудааст, аз ҷумла, “Реал”-и Мадрид омодагии худро барои пардохти Мбаппе ҳамагӣ 100 миллион евро изҳор кардааст. Дар мавсими гузашта “Реал” ба ПСЖ барои Мбаппе 280 миллион евро пешниҳод карданӣ буд.

Ин интиқол метавонад қиматтарин дар таърихи футбол бошад. Дар айни замон, рекорд ба ҳамлагари ПСЖ Неймар тааллуқ дорад, ки тобистони соли 2017 ба бошгоҳи фаронсавӣ аз “Барселона» бо нархи 222 миллион евро гузашт.

Бозигари 21-солаи фаронсавӣ тибқи портали бонуфузи transfermarkt.de гаронтарин футболбоз дар ҷаҳон ба шумор меравад. Арзиши интиқолии Мбаппе 180 миллион евроро ташкил медиҳад. Соли 2018 ҳамлагар дар ҳайати тими миллии Фаронса қаҳрамони ҷаҳон шуд. Ӯ беҳтарин бозигари ҷавони қаҳрамонии ҷаҳон – 2018 эътироф гаштааст.

Мбаппе тобистони соли 2017 аз бошгоҳи “Монако” ба “Пари Сен-Жермен” ба иҷора дода шуд. Пас аз як сол бошгоҳи Париж ҳамлагарро ба маблағи 145 миллион евро харид. Мавсими гузашта Мбаппеи 21-сола дар 20 бозии қаҳрамонии Фаронса ширкат варзида, 18 гол задааст. Шартномаи футболбоз бо бошгоҳ то тобистони соли 2022 амал мекунад.

Қаблан сайти Федератсияи футболи Фаронса хабар дода буд, ки ҳамлагари бошгоҳи футболи «Пари Жен-Сермен” (ПСЖ) ва мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе ба коронавирус гирифтор шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар арафаи бозии дастаи мунтахаби Фаронса дар Лигаи миллатҳои УЕФА бо Хорватия, ки рӯзи 8-уми сентябр ба нақша гирифта шуда буд, натиҷаи ташхиси футболбоз мусбат баромад.

Ҳамлагар маҳалли ҷойгиршавии дастаи мунтахабро тарк кард ва дар бозӣ ширкат наварзид. Зимнан, дастаи мунтахаби Фаронса дар бозии Лигаи миллатҳои УЕФА мунтахаби Хорватияро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод.

XS
SM
MD
LG