Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба “Истиқлол” барои дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон ғолиб шудан як имтиёз кофист


То анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон-2020 чаҳор даври дигар мондааст. Бозиҳои даври шонздаҳуми қаҳрамонии кишвар рӯзҳои 19-ум ва 20-уми сентябр бе ҳузури тамошогарон баргузор мешаванд.

Даври навбатӣ рӯзи шанбе, 19-уми сентябр, шуруъ шуда, се бозӣ миёни дастаҳои «Файзканд» (Восеъ) – «Душанбе-83» (Душанбе), «Локомотив-Помир» (Душанбе) – ССКА (Душанбе) ва «Истаравшан» (Истаравшан) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) доир мегардад.

Ду бозии марказии даври шонздаҳум рӯзи якшанбе, 20-уми сентябр, миёни дастаҳои “Хатлон” (Бохтар) - “Истиқлол” (Душанбе) дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар ва “Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Кӯктош”(Рӯдакӣ) дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Ба “Истиқлол”, ки бо касби 40 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал аст, барои ба даст овардани медалҳои тилло дар бозиҳои боқимонда як имтиёз гирифтан кофист. Бинобар ин, агар “Истиқлол” бозиро дар Бохтар бо “Хатлон” ҳадди аққал бо натиҷаи мусовӣ анҷом диҳад, бори нӯҳум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст меёбад.

Зимнан, ин бозии 31-уми ҳарду даста дар қаҳрамонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар 23 бозӣ “Истиқлол” ғолиб омадааст, 5 бозӣ мусовӣ шуда, танҳо ду бозӣ бо пирӯзии бохтариҳо хотима ёфтааст.

“Хуҷанд”, ки бо касби 29 имтиёз дар ҷадвал дар зинаи дувум қарор дорад, довталаби аслии медалҳои нуқра маҳсуб мешавад. Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои “Хатлон”, “Кӯктош” ва ССКА талош доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

19-уми сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Файзканд» – «Душанбе-83»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

«Локомотив-Помир» – ССКА

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

20-уми сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Хатлон» – «Истиқлол»

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

«Хуҷанд» – «Кӯктош»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

14

13

1

0

57-7

40

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

9

2

3

23-16

29

3

«Хатлон» (Бохтар)

14

6

5

3

23-19

23

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

14

5

5

4

21-18

20

5

ССКА (Душанбе)

14

5

5

4

21-20

20

6

«Душанбе-83» (Душанбе)

14

4

4

6

16-23

16

7

«Файзканд» (Восеъ)

14

3

6

5

13-24

15

8

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

14

2

4

8

11-22

10

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

14

2

3

9

17-33

9

10

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

2

3

9

17-37

9

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 тӯб.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG