Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA як зина поин шуд


Мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) як зина поин рафт ва дар байни 211 кишвар бо 1148 имтиёз дар ҷойгоҳи 122-юм қарор гирифтааст.

Дар феҳристи нави FIFA Белгия бо 1773 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1744 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1712 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Англия – 1664 имтиёз, Португалия – 1653 имтиёз, Уругвай – 1645 имтиёз, Испания – 1642 имтиёз, Хорватия – 1628 имтиёз, Аргентина – 1623 имтиёз ва Колумбия – 1622 имтиёз дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1500 имтиёз дар зинаи 28-ум) қарор дорад. Эрон дувум (дар ҷаҳон 30-юм, 1489 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 39-ум, 1464 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (24-ум, 1539 имтиёз), Русия (32-юм, 1485 имтиёз) ва Узбекистон (85-ум, 1290 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Туркманистон (129-ум), Литва (131-ум), Латвия (137-ум) ва Молдова (175-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (85-ум), Қирғизистон (95-ум) ва Қазоқистон (118-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон имсол танҳо як бозӣ анҷом дод. Футболбозони тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев дар бозии байналмилалии дӯстона аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд. Ин бозӣ 3-юми сентябр дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд бе ҳузури тамошогарон доир гардид.

Ҳисобро дар дақиқаи 33-юм ҳамлагари мунтахаби Узбекистон Шаҳзодбек Убайдуллоев кушод. Дар оғози нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 48-ум, бозигари мунтахаби Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев ҳисобро баробар кард – 1:1.

Ҳангоми яке аз ҳуҷумҳои мунтахаби Узбекистон меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ бозигари мизбононро аз по афтонданд. Сардовар Арол Рисқуллоев ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро аз пеналтӣ Мурод Холмуҳаммадов дар дақиқаи 67-ум ба дарвозае, ки онро Шоҳрух Қирғизбоев ҳимоя мекард, ворид намуд. Ҳамин тариқ, бозии дӯстона бо пирӯзии футболбозони узбек бо ҳисоби 2:1 анҷом пазируфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар майдони худ бар мунтахаби Қирғизистон ва дар бозии дувумаш дар меҳмонӣ бар мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада, дар даври севум дар Душанбе аз тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Баъдан дар меҳмонӣ аз мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт ва бозиро бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо ҳоло мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи “F” ба соли оянда мавқуф гузошта шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе бо мунтахаби Муғулистон, дар меҳмонӣ бо дастаи Ҷопон ва дар майдони худ бо тими Мянмар рақобат мекунад.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

XS
SM
MD
LG