Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2020 дар Сербия доир мегардад


Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо-2020 дар шаҳри Нови-Сади Сербия баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ҳамроҳ бо қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, ки қаблан баргузории он дар Сербия ба нақша гирифта шуда буд, давоми 4 рӯз – 5-8-уми ноябр - идома хоҳад кард.

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо-2020 миёни бузургсолон бояд дар шаҳри Ишқобод баргузор мешуд, вале ба иллати пандемияи COVID-19 Федератсияи самбои Туркманистон маҷбур шуд, ки аз доир кардани мусобиқа дар соли равон даст кашад.

"Федератсияи байналмилалии самбо ҳамеша ҷонибдори баргузории ҳадди аксари мусобиқоти самбо дар сатҳи байналмилалӣ буд, вале пандемия ба иҷро нашудани нақшаи чорабиниҳои мо таъсир гузошт. Ман ба Федератсияи самбои Сербия, ки розӣ шуд мизбони ду мусобиқаи бузург шавад, миннатдорӣ баён мекунам. Федератсияи самбои Сербия дар баргузории мусобиқоти байналмилалӣ таҷрибаи кофӣ дорад ва ман мутмаинам, ки ин ду чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор мешавад",-иброз намуд президенти FIAS Василий Шестаков.

Ӯ, ҳамчунин таъкид кард, ки мусобиқот тибқи "Дастурамали Федератсияи самбо ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва пешгирӣ баъд аз пандемияи COVID-19" доир мегардад, яъне бо дарназардошти маҳдудият ва гаштугузори варзишгарон дар шаҳр, ҳамчунин риояи чораҳои бехатарӣ ва фосилаи иҷтимоӣ дар толори варзишӣ.

Мухлисон имкон доранд қувваозмоиҳоро ба таври мустақим дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо тамошо кунанд. Қиси ниҳоии мусобиқот дар шабакаи телевизионии "Eurosport" ва шабакаҳои телевизионии кишварҳои гуногун намоиш дода хоҳад шуд.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 28-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз тасмими Федератсияи байналмилалии самбо дар бораи моҳи ноябри имсол гузаронидани мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ва ҷавонон дар Сербия изҳори хушҳолӣ кард. Ӯ гуфт, ба далели пандемияи коронавирус имсол оид ба самбо ягон мусобиқот дар сатҳи байналмилалӣ доир нашудааст.

"Албатта, гуштигирони мо пазмони чунин мусобиқотанд. Онҳо ҳамасола дар чемпионати ҷаҳон ҳам миёни калонсолон ва ҳам байни ҷавонону наврасон иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Паҳлавонони тоҷик ба мусобиқоти мазкур омодагӣ мегиранд. Дар мавриди ҳал шудани мушкилоти парвоз тавассути ҳавопаймо, албатта дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар чемпионати ҷаҳон ба Сербия сафар хоҳад кард",-афзуд ӯ.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG