Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар Қирғизистон – сабақҳо барои Тоҷикистон


9 октябр, тарафорони Содир Ҷапаров дар майдони марказии Бишкек ҷамъ шудаанд

Ба бовари коршиносон, таҳаввулоти ахир дар Қирғизистон ба ин ё он шева ба шуури сиёсии аҳолии минтақа таъсир мегузорад. Бархе коршиносон таъкид мекунанд, ки ҳаводис мисоли он аст, ки набояд вазъро дар кишвари худ такон дод, вале бархи дигар бар инанд, ки ин як раванди табиӣ ба самти таҳаввулоти демократӣ мебошад.

Баъди чанд рӯзи бӯҳрони сиёсӣ дар Қирғизистон, порлумони ин кишвар номзади сарвазири нави ин кишварро тасдиқ кард. Садир Жапарови 51-сола, ки чанд рӯз пеш аз сӯи ҷонибдоронаш ҳангоми беназмиҳо аз маҳбас озод карда шуда буд, ба ин вазифа таъйин шуд.

Номзадии ӯ бо иттифоқи оро дар ҷаласаи ғайринавбатии порлумони Қирғизистон 10-уми октябр таъйид шуд. Ба ҷуз номзади ягона, вакилон ҳамчунин барнома ва ҳайати кобинаи вазиронро ҳам тайъид карданд. Тибқи сарқонуни ин кишвар, сарвазири навро президент Сооронбой Ҷеенбеков ҳам бояд таъйид кунад, ки ваъда дода буд баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ба истеъфо меравад.

Аммо то куҷо ба эътидол омадани вазъ дар ин кишвар, мавзӯи баҳси коршиносон боқӣ мемонад ва вобаста ба тавофуқ расидани ҳамаи гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар аст. Айни замон на ҳамаи неруҳои сиёсӣ, ба далели ҳузур надоштани ҳамаи вакилон, тасмими парлумонро оиди таъини сарвазири нав, пазируфтаанд.

Қирғизистон дигарбора қолабҳои шаклгирифтаи сиёсии моил ба режимҳои авторитарӣ дар минтақаро ба чолиш кашид. Аз соли 1991 то кунун бори сеюм аст, ки дар ин кишвар талоши бо роҳи хушунатомез тағйир додани қудрат мушоҳида мешавад. Дар соли 2005 баъди эътирозҳои оммавӣ раисҷумҳури ин кишвар Аскар Акаев аз мақомаш истеъфо дод. Баъди 5 сол, дар соли 2010 ин сарнавишт насиби Қурмонбек Боқиев шуд.

Соли 2020 бо иттиҳоми фасод додгоҳ ҳамтои пешини раисҷумҳури кунинӣ Алмосбек Отамбоевро ба 11 соли зиндон ҳукм кард.

Ба ин суол, ки чаро маҳз дар ин кишвари Осиёи Марказӣ норозигии мардум бошиддат рӯйи мавқеи ҳукумат таъсир мегузорад ва чаро ин мавридҳо дар ҳамсояҳо такрор намешавад, посухи коршиносон гуногун аст.

"Натиҷаи низоми заъиф"

Шореҳи сиёсӣ Григорий Михайлов ба чанд омили ноустувории шаклгирифтаи низоми қудрат ишора мекунад.

"Дар Қирғизистон дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя бахши қудратӣ хеле заъифтар аст. Манзурам пулис, ОМОН ва қушунҳои дохилӣ. Ин ниҳодҳо дар воқеъ омода нестанд неруро дар ин гуна мавридҳо истифода кунанд. Онҳое, ки муқобили онҳо меистанд, инро хуб медонанд. Ба ҷуз ин, ҳар қадар қудрат бо роҳи зӯрӣ тағйир ёбад, худи қудрат ба ҳамон андоза сустар мегардад", - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳамеша барканор кардани кадрҳо дар дохили низом ва ба ҷойи кадрҳои тавонманд боло бурдани нафарони вафодор, низ ба гузинаи манфӣ дар ин давлат расонид.

"Ин гуна ҳаводис дар дигар кишварҳо ҳам ба назар мерасад, вале он ҷо тағйирот куллан кам сурат мегирад. Чунин шахс дар тӯли 5-10 сол ҳадди аққал ба кораш сарфаҳм мешавад ва каму беш самаранок кор мекунад. Дар Қирғизистон ғайриҳирфавиро ба мансаб таъин мекунанд, ки вориди мавзуъ нашуда, даст ба тасмимгирӣ мезанад. Баъдан ҳукумат иваз мешавад ва каси дигар таъин мешавад. Баъди ним сол боз ҳукумат иваз мешавад ва боз таъиноти нав сурат мегирад. Дар натиҷа сифати мудирият сахт зарар мебинад, ки норизоятии мардум ва коҳиши устувории ҳукуматро ба бор меоварад", - мегӯяд Михайлов.

"Натиҷаи фарҳанги ҳоким"

Номзади илмҳои сиёсӣ Сулаймон Шоҳзода мегӯяд, ки фаъолшавии тӯдаҳо дар Қирғизистон натиҷаи фарҳангӣ кӯчӣ ва он пояҳои демократие аст, ки дар даврони ҳукумати Аскар Акаев шакл гирифта буданд. "Ин шакл барои асри 21 чандон хос нест, вале дар айни замон сабақи хубе барои нухбагони ҳукмрон аст, ки нақзи тавозун миёни нухбаҳо ва талошҳои инҳисорсозии қудрат пайомадҳои ногувор дорад",- мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Ӯ бар ин аст, ки мубориза миёни нухбаҳо хатари мушаххасе барои ягонагии кишвар дар пай дорад, вале бо ин вуҷуд нухбаҳо фарҳанги ба тавофуқ расиданро аз худ мекунанд.

Буҳрони сиёсии кунунӣ дар кишвар баъди эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4 октябр рух дод. Шаби 6 октябр эътирозгарон "Қасри сафед"-ро гирифтанд, ки дар он порлумон ва дастгоҳи президент қарор дорад.

6-уми октябр ҷаласаи гуруҳи вакилон баргузор шуд, ки онро ҷаласаи ғайринавбатии порлумон номиданд. Дар ҷаласа номзадии раиси нави маҷлис ва номзадии Содир Жапаровро ба мақоми сарвазир таъид карданд.

Аммо машруъияти ин тасмимро на ҳама гуруҳҳои сиёсӣ пазируфтанд. Шӯрои ҳамоҳангсоз, ки аз ҳизбҳои "Бутун Қирғизистон", "Ата Мекен", "Республика", "Бир Бол" ва ғайра ташкил шудааст, қонунӣ будани ҷаласа ва ширкатдорони онро напазируфт. Онҳо ба мақоми сарвазир номзадии Омурбек Бабанов, ба мақоми муовини сарвазир – Тилек Токтоғозиевро пешниҳод намуданд. Вале дар ҷаласаи ғайринавбатии 10 октябр номзадии онҳо баррасӣ нашуд.

Тоҷикистон чӣ чизе барои худ ба даст меоварад?

Ҷомеаи тоҷик ва нухбаҳо ҳаводиси марбут ба эътирозҳои омавӣ дар кишварҳои ҳамсояро маъмулан бо оромиши намоишӣ мепазиранд. Коршиносони мустақил тахмин мезананд, ки оромии нухбаҳо марбут ба вуҷуд надоштани шароити мушобеҳ барои эътирозҳо дар кишвар аст.

Таърихдони тоҷик Даврон Нуралиев мегӯяд, ки дар Тоҷикистон, нухбаҳои минтақавӣ бо омадани низоми кунунӣ ба қудрат, ё ҷузъе аз режим шуданд, ё аз миён бардошта шуданд ва ё маҳруми эътибор шуданд.

"Дар Қирғизистон дастаҳои минтақавӣ аз ҳимояти лозим, зарфият ва нуфуз бар вазъ бархурдоранд ва аз ин рӯ ҳузури сиёсӣ мехоҳанд. Низоми қудрат бар асоси тавозуни дастаҳо, аз ҷумла ба василаи ҳузур дар порлумон асос ёфтааст. Нақз кардани ин гуна тавозун, маъмулан ба он чизе меоварад, ки ҳоло дар Бишкек мушоҳида мешавад",- мегӯяд Нуралиев.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, сарфи назар аз набуди ин гуна анъана дар фарҳанги сиёсии тоҷикӣ, ҳаводиси Қирғизистону Белорус, ҳарчанд рӯйи амалкарди мардум таъсир нагузорад ҳам, эҳтимолан дар шуурашон асар мегузорад.

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар мусоҳиба бо cabar.asia аз хосияти дугонаи ин таъсиргузориҳо гуфтааст. "Аз як сӯ барои қисми зиёди мардуми тоҷик "демократияи кӯчагӣ" ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро хеле ба хотир меоварад. Мутаносибан, барои ин қишри ҷомеаи Тоҷикистон, ки "синдроми пасошӯравӣ" хоси онҳост, ҳаводиси Бишкек бори дигар мисоли ёдоварӣ аз номатлуб будани эътирозҳои кӯчагист. Аз сӯйи дигар, барои қишри дорои руҳияи интиқодӣ, аз ҷумла мухолифини сиёсӣ ҳаводиси кишвари ҳамсоя метавонад як далели дигари имкони тағйир додани вазъ дар кишвар аз поён, гардад".

Шабакаҳои давлатӣ ва чеҳраҳои расмии Тоҷикистон, маъмулан тарҷеҳ медиҳанд ҳаводиси марбут ба эътирозҳо дар кишварҳои ҳамсояро шарҳ надиҳанд. Вале ба гуфтаи муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Сайфулло Сафаров таҷрибаи Қирғизистон барои Тоҷикистон мисоли қобили мулоҳизаест. «Фарҳанги пасти сиёсии баъзе гуруҳҳо дар Қирғизистон ба мо нишон медиҳад, ки дар ҳеч сурат ин амалкардҳоро набояд такрор кард. Дар солҳои 90-ум мо ин марҳиларо гузаштем, ки дарси хубе барои мо шуд. Аз ин рӯ, бештари аҳолӣ ба ин сенарияҳоро роҳ намедиҳанд»,-мегӯяд Сафаров.

Дар даврони пасошӯравӣ дар Қирғизистон се бор талоши бо роҳи хушунат тағйир додани қудрат, ду бор интиқоли мусолиматомези қудрат, бештар аз 30 бор қисман ё комилан иваз шудани кобинаи вазирон бо шумули сарвазир, ҳафт бор Қонуни Асосӣ ва ду бор шакли идораи давлат сурат гирифтааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG