Дар чанд ҷумла
"Равшан" ва "Хатлон" дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар Ҳисор бозӣ мекунанд
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол бо иштироки ду дастаи вилояти Хатлон - “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар рӯзи якшанбе, 18-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Бозии ҳалкунанда, ки соати 14:00 оғоз меёбад, бе ҳузури тамошогарон доир мегардад.
Дар арафаи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020, рӯзи ҷумъаи 16 –уми октябр, дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор шуд. Сармураббиёни дастаҳо дар бораи интизориҳои худ аз ин бозии ҳалкунанда нақл карданд.
Аслиддин Хабибуллоев, сармураббии дастаи “Хатлон”:
- Охирин бор мо дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 17 сол қабл бозӣ карда будем, вақте ки соли 2003 дастаи “Олимп-Ансол”-ро аз Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 шикаст додем. Имсол формат ё шакли баргузории Ҷоми миллӣ тағйир ёфт ва роҳи мо ба финал осон набуд. Ман ҳаяҷони бачаҳоямонро пинҳон намекунам, зеро барои бисёриҳо ин аввалин финал дар карйераи онҳост. Бозигарон хоҳиши зиёд доранд, ки дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми миллӣ бомуваффақият бозӣ кунанд. Мо ҳарифи худро эҳтиром мекунем. "Равшан" ҳаққи соли оянда дар лигаи олӣ бозӣ карданро ба даст овард, даста бисёр бозигарони ботаҷриба дорад. Бозии ниҳоӣ пуршиддат сурат хоҳад гирифт ва дастаи қавӣ ғолиб мешавад. Умедворам, ки мо метавонем Ҷоми фахриро ба даст орем.
Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии дастаи “Равшан”:
- Имсол дар назди мо танҳо як вазифа - ба даст овардани роҳхат ба лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда гузошта шуда буд. Мо аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа баромадем. Дар мавриди Ҷоми кишвар бошад, роҳ ба финал душвор буд. Бачаҳо хуб мефаҳманд, ки танҳо як қадам мондааст, қадами душвортарин. Ҳамаи футболбозон бесаброна интизор ҳастанд, то ба майдон ворид шаванд ва барои пирӯзӣ мубориза баранд. Боварӣ дорам, ки дар охири мавсим мо метавонем Ҷомро болои сари худ баланд бардорем.
Ёдовар мешавем, “Равшан” барои ба финал роҳ пайдо кардан бар тимҳои «Ҳулбук»-и Восеъ (3:2), «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ (3:2), «Истиқлол»-и Душанбе (4:2) ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (1:0) ғолиб омад.
«Хатлон» бошад, барои ба финал баромадан бар дастаҳои «Файзканд»-и Восеъ (2:1), «Эсхата»-и Хуҷанд (1:0) ва «Истаравшан»-и Истаравшан (2:0) пирӯз шуд.
Қаблан «Равшан» (соли 2003 даста «Олимп-Ансол» ном дошт) се бор ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, танҳо як маротиба - соли 1994 – ғолиб шудааст. Футболбозони шаҳри Кӯлоб дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Шодмон»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.
«Хатлон» дар таърихи худ (пештар даста «Вахш» ном дошт) чаҳор маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ пайдо карда, ду бор – солҳои 1997 ва 2003 – баранда шудааст.
Бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон баргузор шуд. Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила аз як бозӣ иборат аст.
Агар замони асосии бозии ниҳоӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расад, онгоҳ ду қисми 15-дақиқаӣ таъйин мегардад. Агар дар замони изофӣ ғолиб муайян нашавад, онгоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ғолибро силсилаи пеналтӣ ё зарбаҳои 11-метрӣ маълум хоҳад кард.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
Финал
18-уми октябр (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
«РАВШАН» (КӮЛОБ) - «ХАТЛОН» (БОХТАР)
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак)
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 28-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (ҳозира «Хатлон»-и Бохтар), “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992 – 2019):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Сабукии дигари Тоҷикистону Эрон ба шаҳрвандони ҳамдигар
Тоҷикистон ва Эрон рафтуои мардуми худро ба хоки ҳамдигар осон кардаанд.
Акнун барои он шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон, ки шиносномаи хориҷӣ доранд ва мехоҳанд бо роҳи заминӣ ё тавассути давлати севум ба ин ду кишвар бираванд, раводид ё виза зарур нест.
Сайидҷон Шафизода, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, гуфт, ин муқаррарот аз 5-уми октябр ба иҷро даромад.
То ин дам танҳо шаҳрвандоне, ки бо ҳавопаймо байни ду кишвар рафтуо мекарданд, аз гирифтани раводид озод буданд.
"Низоми мазкур тавассути гузаргоҳҳо, аз ҷумла гузаргоҳҳои заминӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва хатсайрҳои ҳавоӣ аз кишварҳои сеюм… амалӣ карда мешавад," – афзуд Сайидҷон Шафизода.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон ҳақ доранд ба муҳлати 30 рӯз (дар давоми се моҳ) бидуни раводид ба кишварҳои якдигар ворид ё аз он берун шаванд ва ё муваққатан иқомат кунанд.
Муносибати Тоҷикистону Эрон, ки чандин сол сарду печида буд, соли 2019, пас аз имзо шудани санаде тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард. Ин ду кишвар забону фарҳангу таърихи ягона доранд ва дар айни замон аз ҳампаймонҳои муҳиму муштараки Русия ба шумор мераванд.
Даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд. Шаҳрвандони Эрон ҳам бештар барои тиҷорату дидани Тоҷикистон меоянд.
Тасмими нави Душанбеву Теҳрон дар ҳолест, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати эронии "Вориш” аз Эрон ба Тоҷикистон бо сабаби таҳримҳои Амрико дучори мушкил гаштааст.
Вазорати хазинадории Амрико аз 8-уми сентябр ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии Эронро ба рӯйхати таҳримҳои худ шомил карда, аз 23-юми сентябр таҳримҳои дуюмдараҷаро барои расонидани хидматрасонӣ ба ҳама гуна ҳавопаймои эронӣ дар саросари ҷаҳон ба иҷро даровард.
Ҳалзен барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика шуд
Профессор Франсис Ҳалзен аз Белгия барандаи имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика шуд.
Дар ин бора рӯзи 6-уми октябр дар маросиме дар Стокҳолм хабар доданд.
Ҳалзен дар Донишгоҳи Висконсин-Медисони Амрико кор мекунад.
Ҷоизаро барои нақши ҳалкунандаи ӯ “дар эҷоди зарраи нейтринои IceCube ва кашфи нейтринои баландэнержии астрофизикӣ” тақдим намуданд.
Франсис Ҳалзен соли 1988 аввалин касе буд, ки пешниҳод кард яхро дар Қутби Ҷанубӣ истифода карда, нейтринои аз кайҳони дур ба замин расандаро маълум кунанд.
Соли 2011 бо заҳматҳои ӯ дар Антарктида расадхонае бо номи IceCube таъсис шуд ва он аз яхи калоне дар ҳаҷми як километри мукааби насбшуда бо дастгоҳҳои ба нур ҳассос иборат мебошад. Ба шарофати ин кор соҳаи нави илм бо номи астрономияи нейтринӣ эҷод гардид.
Қарор аст, ба зудӣ номи барандагони ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши кимиё, адабиёт ва барандаи ҷоизаи сулҳ эълон шавад.
Фиристодаи вижаи Трамп гуфт, “ӯ мехоҳад ба Узбекистон равад”
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, барои дидани Узбекистон майл нишон додааст, аммо замони сафари ӯ ҳанӯз маълум нест.
Дар ин бора Паоло Замполли, фиристодаи вижаи Трамп дар масоили шарикии ҷаҳонӣ, дар суҳбат бо телевизиони давлатии "Узбекистон 24" дар шаҳри Тошканд хабар дод.
Ӯ аз ҷумла гуфт: "Президент барномаи зиёди корӣ дорад, вале ӯ ба ман дар бораи нияти сафар ба Узбекистон гуфта буд. Ман ҳам ҳамеша ин мавзуъро матраҳ мекунам. Як рӯз ҳатман ба Узбекистон меояд. Умедворам, ки ин сафар ҳарчи зудтар анҷом мешавад."
Ин хабар дар остонаи сафари ҳайати бузурги тиҷоратии Амрико ба Узбекистон ва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар шаҳри Самарқанд нашр шудааст.
Қарор аст, нишаст моҳи октябр барпо шавад ва ба қавли Серҷио Гор, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, мақсади он тақвияти мавқеи тиҷоратии Вашингтон дар Осиёи Марказӣ аст.
Паоло Замполли дар мусоҳибааш таъкид кардааст, ки муносибатҳои президенти Амрико Доналд Трамп бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон бисёр хуб аст. Мирзиёев борҳо Трампро барои боздид аз Узбекистон даъват кардааст.
Маъмурияти Кохи Сафед солҳои охир ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар карда, аз ҷумла дастрасӣ ба маъданҳои табиии ин кишварҳоро муҳим донистааст.
Амрико ба Тоҷикистон як низоми паҳподӣ дод
Амрико ба Горди миллии Тоҷикистон як низом ё сомонаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дода, онро “имконияти нав ва тақвияти шарикӣ” номидааст.
Сафорати Иёлоти Муттаҳида 6-уми октябр дар баёнияе гуфт, ин низоми паҳподӣ “барои тақвияти амният дар сарҳад ва вокуниши муассир ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат хоҳад кард”.
“Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар 35 соли гузашта барои эҷоди минтақаи амнтар ва босуботтар бо якдигар ҳамкорӣ кардаанд,” – гуфта шудааст дар баёнияи сафорат.
Манбаъ ҷузъиёти дигаре наовардааст.
Иёлоти Муттаҳида аз соли 1991 то кунун ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 400 миллион доллар кумаки амниятӣ кардааст.
Ин ёриҳо асосан барои ҳифзи сарҳад, мубориза бо терроризм, омӯзиши нерӯҳои амниятӣ ва рушди зербунёдҳо дар марз сарф шудаанд.
Вашингтон дар ин муддат беш аз даҳ дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ сохта ё таъмир кардааст. Аз ҷумла, бунёди қисми сарҳадии “Айвоҷ” дар ноҳияи Шаҳритус 14,5 миллион доллар харҷ дошт.
Номи барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши тиб маълум шуд
Номи барандагони имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ва тиб рӯзи 5-уми октябр эълон шуд. Онро муҳаққиқон Карл Дейссерот, Петер Ҳегеман ва Георг Нагел барои "кашфиёт дар бахши каналҳои ионии ҳассос ба нур ва оптогенетика" гирифтанд.
Кумитаи Нобел гуфт, Ҳегеман ва Нагел сафедаи "каналородопсин"-ро кашф карданд, ки ҳангоми ворид шудан ба ҳар ҳуҷайрае дар баробари нур ҳассос мешавад.
Донишманди сеюм Дейссерот "ин сафедаро ба калиде бо қобилияти назорати нурӣ барои ҳуҷайраҳои асаб табдил додааст".
"Акнун ин шеваи назорат аз аломатҳои асабро бо ёрии нур оптогенетика меноманд ва он аҳамияти ҷаҳонӣ касб кардааст," -- навиштааст Кумитаи Нобел.
Оптогенетика имкон медиҳад, ки роҳи ташаккулёбии хотира, эҳсосот ва рафтор дар мағзи сари инсони зинда мушоҳида шавад. Кумитаи Нобел навишт: “Ҳар рӯз як ихтирои нав мешавад, ки ба кашфи асрори инсоният – тарзи кори мағзи сари одам имкон медиҳад."
Бо шурӯи ҳафтаи эълони барандаҳои ҷоизаи Нобел, қарор аст, номи ғолибони ин ҷоизаи бонуфузтарини ҷаҳонӣ дар бахши физика, кимиё, адабиёт, иқтисод ва сулҳ базудӣ маълум шавад.
Тоҷикистон чораҳои беҳдоштиро дар марз тақвият додааст
Тоҷикистон баъди гузоришҳо дар мавриди вабо дар Русия бо ҳадафи пешгирӣ аз бемории сироятии хатарзо чораҳои беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои марзӣ тақвият додааст.
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр хабарро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёт надод.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли Саид Давлатзода, сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ, навишт, ки ҳарорат ё таби мусофиронро дар сарҳад месанҷанд.
Инчунин, ба гуфтаи ӯ, аз мусофирон пурсида мешавад, ки оё нишонаҳое аз дилбеҳузурӣ, дарди сар, заъфи бадан ва дарди мушак доранд ё на.
Ӯ аз мусофироне, ки аз Русия меоянд, даъват кардааст, ҳангоми доштани яке аз ин нишонаҳо ҳатман ба мутахассисон муроҷиат кунанд.
Сабаби роҳандозӣ шудани чунин тадбирҳо марги як зани 28-сола дар бемористоне дар вилояти Иркутски Русия мебошад.
Матбуот ва саҳифаҳои мухталиф дар Телеграм навиштанд, ки ин зан рӯзи 25-уми сентябр дар як озмоишгоҳ шишаи дорои манбаи ваборо шикаст ва худаш ба беморхона интиқол ёфт. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтанд, ин зан аз “илтиҳоби шуши табиаташ номаълум” даргузашт.
Дар Қазоқистон ва Қирғизистону Узбекистон ҳам эълон карданд, ки чораҳои беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ сахттар кардаанд.
Ҳамлаи шабонаи Русия бо 205 паҳпод ба Украина
Мақомоти низомии Украина гуфтанд, ки Русия шаби 4 ба 5-уми октябр бо 205 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин ба ин кишвар ҳамла кард.
Аз ин теъдод танҳо 172 паҳподро маҳв намудаанд.
Шаҳрдори Харков, Игор Терехов, гуфт, бар асари бархӯрди паҳподҳои Русия ба манзилҳои истиқоматӣ як нафар кушта ва дастикам ҳашт тан захмӣ шуд.
Хадамоти давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар дод, ки низомиёни Русия ба ноҳияи Индустриали Харков низ ҳамла кардаанд.
Дар натиҷа бинои дуошёнаи маъмурӣ ва чанд мошин оташ гирифта, ба хонаҳои мардум зарар расид.
Дар ҳамин шаб вилояти Одесса низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ҳарчанд касе осеб надид, ба қавли раиси маъмурияти вилояти Одесса Олег Кипер, “сӯхтори густурдае сар зад.”
“TAS” наворҳои Галустянро дар Душанбе аз саҳифаҳояш пок кардааст
Ширкати сохтмонии “TAS International Group” наворҳои ҳузури Михаил Галустян, ҳаҷвнигори русро дар як ҳамоиш дар Душанбе аз саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок кардааст.
Михаил Галустян, ки бештар ӯро барои нақшҳои таҳқиромезаш нисбат ба муҳоҷирони тоҷик мешиносанд, рӯзи 30-юми сентябр бо даъвати ин ширкат ба Тоҷикистон омада буд.
Масъулони “TAS” сабаби ҳазфи наворҳоро шарҳ надодаанд, вале пештар аксу видеои пешвози ҳаҷвнигори рус ро бо нону намак ва иштирокаш дар муаррифии як тарҳи сохтмониро дар Душанбе нашр карда буд.
Сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон хашми фаъолони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Аксарият даъвати ӯро “таҳқир ба миллат” номида, дархост карда буданд, ки ӯро ба кишвар роҳ надиҳанд.
Галустян ба ин даъватҳо ҳеч вокунише накардааст.
Нақши Михаил Галустян дар силсиланамоиши ҳаҷвии “Наша Russia” дар соли 2010 эътирози тоҷиконро ба бор оварда буд.
Дар ин мазҳакаи телевизионӣ ду муҳоҷири корӣ бо номҳои "Равшан" ва "Ҷамшуд" нодону бесавод тасвир ёфтаанд, ки қоидаҳои одитарини зиндагиро намедонанд ва гуё ба забони тоҷикӣ гап мезананд.
Ин мазҳакаи телевизиониро фаъолони муҳоҷирон таҳқири тоҷикон номида буданд.
Михаил Галустян 46 сол дорад ва дар тарҳи телевизионии “Наша Russia” нақши “Равшан”-ро бозӣ кардааст.
Саида Мирзиёева гуфт, бо Трамп мулоқот кард, аммо ҷузъиёт надод
Саида Мирзиёева, духтари калонии раисҷумҳури Узбекистон ва ҳамзамон раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти ин кишвар, бо нашри аксе аз мулоқот бо раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп хабар дод.
Ӯ рӯзи 2-юми октябр дар саҳифааш дар шабакаи “Х” навишт, ки дидору гуфтугӯ бо раҳбари Иёлоти Муттаҳида барояш мояи ифтихор аст.
Мирзиёева ҳамин хабарро дар саҳифааш дар Телеграм ҳам нашр кард, аммо ҷузъиёт надод. Маълум нест, дар ин дидор дар бораи чӣ суҳбат шудааст. Кохи Сафед ҳам дар ин бора хабаре нашр накардааст.
Саида Мирзиёева бо як сафари корӣ дар Иёлоти Муттаҳида қарор дорад. Ӯ ҳафтаи гузашта аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милал ба унвони намояндаи кишвараш суханронӣ кард.
Вай дар мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Узбекистон салоҳиятҳои худро бештар ва ҷойгоҳашро қавитар кардааст. Саида Мирзиеёваро як муддаии эҳтимолии курсии президентӣ дар оянда дар Узбекистон меноманд.
Вазъи саломатии муҳоҷирони кориро дар Тоҷикистон кӣ месанҷад?
Маркази миллии таҳқиқоти пизишкӣ дар Русия масъули санҷиши тиббии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон таъйин шудааст.
Қарорро дар ин бора Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия, рӯзи 28-уми сентябр тасдиқ кард.
Намояндагони ин марказ пеш аз сафар вазъи саломатии муҳоҷиронро дар Тоҷикистон хоҳанд санҷид. Аз хадамоти ин идора ҳамчунин барои ирсоли гурӯҳии муҳоҷирон ба кор дар Русия истифода хоҳад шуд.
Ҳанӯз Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи иҷрои ин қарор хабар надодааст, аз ҷумла маълум нест, ки идораи санҷиши саломатии муҳоҷирон дар куҷо ва дар чӣ шароит амал хоҳад кард.
Созишномаи ташхиси муҳоҷирон моҳи октябри соли 2025 аз сӯи мақомоти Тоҷикистону Русия имзо шуда, баъди тасвиб аз сӯи порлумонҳои ду кишвар иҷроӣ гардид.
Ин санад "қоидаҳои муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин расондани хадамоти дигари тиббиро тибқи қонунгузории Русия ба танзим меорад".
Ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд.
Муҳоҷирон борҳо аз мушкил будани гирифтани санади тиббӣ дар Русия шикоят кардаанд. Ҳоло рӯшан нест, ки бо гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабл аз сафар, ин мушкили муҳоҷирон то куҷо кам хоҳад шуд.
Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ифротгароӣ дар Абхозистон
Мақомоти интизомии Абхозистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо ба таблиғи ифротгароӣ ва ҳимояти ошкоро аз фаъолиятҳои террористӣ муттаҳам мешавад.
Дар як видеое, ки мақомоти амниятии Абхозистон рӯзи 2-юми октябр дар Фейсбук нашр кардаанд, гуфта мешавад, Хуршед Ойматови 36-сола аз Тоҷикистон, дар ин ҷумҳурии худхонда иқомат мекард ва пайваста ақидаҳои исломи ифротиро аз тариқи интернет паҳн мекард.
Дар ин видео, ки саҳнаи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар як вайронаро ҳам нишон медиҳанд, гуфта мешавад, ӯро дар ҳамкорӣ бо ФСБ ё Хадамоти Амнияти Федеролии Русия дастгир карда, барои муҳокима ба дасти маъмурони амниятии ин кишвар супурдаанд.
Назари муттаҳам ба ҷиноят маълум нест, вале дар гузашта афроди дигаре бо айни иттиҳом дар Абхозистон дастгир шудаанд.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш. Мақомот чӣ мегӯянд, мардум чӣ?
Маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон рӯзи якуми октябр шуруъ шуд.
Расонаҳои давлатӣ аз маросими ботантанаи гусели ҷавонон ва мақомоти баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон “аз сад дарсад” иҷро шудани нақша хабар доданд.
Пушти ин маросими ботантана воқеиятҳои дигарест, ки аксар аз тарси мақомот аз гуфтанашон метарсанд.
Ҳарчанд, мақомот аз ихтиёрӣ ҷалб шудани ҷавонон хабар медиҳанд, чанд падару модар аз шаҳру ноҳияҳои гуногун рӯзи 2-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз қабл зери фишор фарзандони муҳоҷирашонро аз хориҷ баргардонда, ба артиш фиристоданд.
Мақомот мегӯянд, шароит дар артиш хуб шудааст, вале марги сарбозон дар артиш ва ҷалби ҷавонони маъюб ҳанӯз дида мешавад.
Радиои Озодӣ танҳо дар як соли охир дар бораи марги наздик ба 10 сарбоз ва ҷалби ду ҷавони бемор ба артиш хабар дод.
Як маҳбуси амрикоӣ баъди ду сӯзандоруи заҳри қотил зинда мондааст
Як зани амрикоӣ, ки соли 1996 барои куштори бераҳмонаи як духтар ба ҳукми қатл маҳкум шуда буд, баъди ду сӯзандоруи заҳри қотил зинда мондааст.
Криста Пайки 50-соларо баъд аз иҷрои бенатиҷаи ҳукми қатлаш ба бемористон бурдаанд.
Ӯ аввалин зане аз аёлати Теннеси аст, ки дар давоми 200 соли охир ба ҳукми қатл маҳкум шудааст.
Як соат пеш аз иҷрои ҳукми Пайка, Додгоҳи таҷдиди назари Амрико амр дод, ки парвандаи ӯро бозбинӣ кунанд. Аз ҷумла, додгоҳ гуфтааст, далелҳои вакилони Криста Пайк дар бораи ин ки ӯ дар хурдӣ мавриди хушунати ҷинсӣ қарор гирифтааст, бояд аз нав дида шавад.
Чанд соат баъди ин, Додгоҳи олии Амрико ин қарорро бекор кард. Раёсати зиндонҳои Теннеси гуфт, онҳо бар асоси “ҳар банди қоидаҳои иҷрои ҳукми қатл амал кардаанд”. Сарнавишти зан ҳоло маълум нест.
Криста Пайк замоне ки 18-сола буд, ҳамроҳи дӯстдоштааш Тадарил Шипп духтари дигареро бо номи Коллин Слеммер куштаанд. Шипп, ки он замон 17-сола буд, ба зиндони умрбод маҳкум шуд.
Пас аз содир шудани ҳукми қатли Пайк, маълум гашт, ки ӯ дар хурдӣ мавриди хушунати ҷинсии падарандарҳояш қарор гирифтааст.
Вазирони корҳои дохилии 8 кишвар дар Душанбе чӣ гуфтанд?
Вазирони корҳои дохилии 8 кишвар, аз ҷумла аз Русия, рӯзи якуми октябр дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, ҳамкориҳои муштаракро дар роҳи мубориза бо терроризм ва дигар ҷиноятҳои созмонёфта баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои муштаракулманофеъ таваҷҷуҳи бештар ба “муқовимат ба шаклҳои муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумла истифодаи фанновариҳои нав барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, терроризму ифротгароӣ ва мағзшӯии ҷавонону наврасон дар интернет” равона карда шуд.
Қабл аз ин ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо вазирони корҳои дохилии Русияву Беларус, Узбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон, Арманистон ва Молдова гуфтугӯ дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, ҷонибҳо дар бораи рушди босуръати ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи технологияҳои нав ва ҳуши маснуӣ аз ҷониби гуруҳҳои ҷинояткор изҳори андеша кардаанд.
Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои муштаракулманофеъ соли 1996 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии ин кишварҳои собиқи шӯравӣ барои мубориза бо қонуншиканиву ҷинояткорист.
Мақомоти интизомии ин кишварҳоро дар гузашта барои он танқид кардаанд, ки дигарандешон ё сиёсатмадорони мухолифро бо ҳар баҳона боздошт карда, барои муҳокима ба якдигар месупоранд.
“Фавран ва бечунучаро озод кунед.” Даъват ба раҳоии Бузургмеҳр Ёров
Як созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои шинохтаро аз зиндон озод кунад.
Созмони “Вакилон Ҳомии Вакилон”, қароргоҳаш дар Ҳолланд, бо нашри як баёния гуфтааст, вакили тоҷик ҳеч гуноҳ надорад ва аз ин рӯ мақомоти Тоҷикистон бояд уҳдадориҳои байнулмилалии худро иҷро ва “Бузургмеҳр Ёровро фавран ва бечунучаро озод кунанд”.
Рӯзи 28-уми сентябр аз замони боздошти вакили дифои тоҷик 11 соли расо сипарӣ шуд.
Ӯро, ки соли 2015 аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоят мекард, баъди созмони террористӣ эълон шудани он дастгир карда, сипас бо иттиҳоми “қаллобӣ”, “сохтакорӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” ба 28 сол зиндон маҳкум карданд.
Созмони “Вакилон Ҳомиёни Вакилон” гуфтааст, тамоми иттиҳомот сохтаву бофта аст ва худи Бузургмеҳр Ёров ҳам ҳангоми муҳокимаҳои додгоҳӣ гуфтааст, ки гуноҳе надорад ва фақат аз ҳаққи муттаҳамон ба ҷиноят ҳимоят кардааст.
Яке аз кумитаҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳам боздошти Бузургмеҳр Ёровро худсарона ва ғайриқонунӣ хонда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ӯро аз зиндон раҳо кунад.
Ҳарчанд ҳукми зиндони Бузургмеҳр Ёров бар асоси ду Қонуни афв дар солҳои 2019 ва 2021 кӯтоҳ карда шуд, вале соли 2023 мақомот парвандаи ҷиноии дигареро ба зидди ӯ боз карданд ва ӯ бояд камаш то соли 2043 дар зиндон бимонад.
Ҳукми ӯ бар асоси Қонуни афви имсол ҳеч тағйире накард.
Дар гузашта Созмони Милал ва ҳам созмонҳои зиёди ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани Бузургмеҳр Ёров ва ҳуқудонҳои дигар танқид карда, хостаанд, ки онҳоро озод кунад, вале ин даъватҳо то кунун бепосух мондаанд.
Бузургмеҳр Ёров 55-сола ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 вакили мудофеъ буд ва раёсати анҷумани “Сипар”-ро ба уҳда дошт.