Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъруф Рустамов: "Бовар доштем, ки Ҷоми Тоҷикистонро ба даст меорем". САДО


Маъруф Рустамов, мураббии калони дастаи "Равшан", рӯзи 19-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳ ба финали Ҷоми Тоҷикистон душвор буд, аммо бовар доштанд, ки дар ин мусобиқаи пурнуфуз баранда мешаванд.

“Барои ба финал баромадан мо бар дастаҳои «Ҳулбук»-и Восеъ, «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода пирӯз шудем. Бахусус баъди он ки дар чорякфинал дастаи пурқуввату номдори “Истиқлол”-ро шикаст додем, мо боварӣ ҳосил кардем, ки Ҷомро ба даст меорем.”

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Равшан” ва “Хатлон”-и Бохтар, ки рӯзи якшанбеи 18-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бе ҳузури тамошогарон доир гардид, бо пирӯзии футболбозони шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ба поён расид. Голи ягонаро ҳимоятгар Далер Шомуродов дар дақиқаи 67-ум аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.

Ба дастаи ғолиб – “Равшан” - ба ҷуз аз Ҷоми Тоҷикистон ва медалҳои тилло ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва ба финалист – дастаи «Хатлон» - медалҳои нуқра ва 15 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

“Мо аз он хурсандем, ки ҳамчун барандаи Ҷоми Тоҷикистон соли оянда дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AФК (Конфедератсияи футболи Осиё) иштирок мекунем. Дар марҳилаи гурӯҳӣ мо дар меҳмонӣ се бозӣ анҷом медиҳем. Барои ба ҳар як бозӣ сафар кардан АФК ба даста 40 ҳазор доллар медиҳад. Ин маблағро мо сарфакорона истифода мекунем, зеро ки барои дар мавсими соли оянда дар лигаи олӣ иштиирок кардан ба мо зарур аст. Ин ба маблағе, ки сарпарастони мо – мақомоти иҷроияи ҳикимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб – ҷудо мекунанд, зам хоҳад шуд”, - иброз дошт Маъруф Рустамов.

Қаблан «Равшан» се бор ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, танҳо як маротиба - соли 1994 – ғолиб шуда буд. Он замон футболбозони шаҳри Кӯлоб дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Шодмон»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда буданд.

Барои дастаи "Равшан", ки ба ҳайати он аслан бозигарони худӣ - шогирдони мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб дохиланд, мавсими имсола бобарор гардид. Даста се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ дар соли оянда гардид. Дар ҳамин ҳол “Равшан”, ки дар 20 бозӣ 48 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқаи лигаи аввал пешсаф аст.

Тими “Эсхата”-и Хуҷанд, ки 43 имтиёз дорад ва дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро касб намудааст, соҳиби роҳхати дувум ба лигаи олӣ гардидааст.

Ҳамакнун «Равшан» ва «Эсхата» барои дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввали Тоҷикистон ғолиб шудан талош доранд. «Равшан» дар ду даври охирин муқобили «Ҳулбук»-и Восеъ ва «Саройкамар»-и Панҷ, «Эсхата» бошад, бо «Шоҳмансур»-и Душанбе ва «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бозӣ мекунанд.

«Ба мо барои ғолибият дар мусобиқаи лигаи аввал дар ду бозии охирин як имтиёз гирифтан кофист. Вале агар мо дар ду бозӣ мағлуб шавем ва «Эсхата» дар ду бозӣ ғолиб гардад, онгоҳ футболбозони Хуҷанд ҷойи аввалро ишғол мекунанд», - гуфт Маъруф Рустамов.

Суҳбати Маъруф Рустамовро бо шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф инҷо бишнавед.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:43 0:00
Линки мустақим

XS
SM
MD
LG