Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати мошинҳои борбар дар масири Душанбе-Хуҷанд муваққатан манъ шуд


Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ. Акс аз бойгонӣ.
Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ. Акс аз бойгонӣ.

Бар асари боридани барфи зиёд ҳаракати мошинҳои калони борбар дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, манъ карда шудааст. Шаби 18 ба 19-уми ноябр дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои атрофи пойтахт ва вилоятҳои Суғду Хатлон барф борид. Ҳавошиносони тоҷик эҳтимоли сард шудани ҳаво ва боридани барфро дар ин рӯзҳо пешбинӣ карда буданд. Ба иттилои Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, сардиҳо то рӯзи 21-уми ноябр идома мекунад.

Дар ширкати IRS -- масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ гуфтанд, ки бо вуҷуди бориши шадиди барф, ҳаракат дар ин масир барои мошинҳои сабукрав идома дорад, аммо ҳаракати мошинҳои калони борбарро муваққатн манъ кардаанд.

Хадамоти матбуоти ширкати IRS (Innovative Road Solutions) рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, муваққатан боздоштани ҳаракати мошинҳои калон ба хотири эҷод нашудани монеа ба дигар нақлиётҳо аст ва дар наздиктарин фурсат ҳаракати онҳо низ имконпазир хоҳад гашт.

Шаби гузашта бархе аз мусофирон бо нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки бар асари бориши барфи зиёд ва тоза нашудани роҳ, ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Ҳуҷанд мушкил шуд ва бархе мошинҳо дармондаанд. Масъулони ширкати IRS ҳам гуфтанд, ки дар воқеъ чунин мушкил вуҷуд дошт ва дар муддати кутоҳ бартараф шуда, айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба истиснои мошинҳои калони боркаш таъмин аст.

Ширкати офшории IRS - "Инновейтив роуд солюшнз" бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009, ягона роҳ ба шимоли Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад. Бо вуҷуди баҳсҳои зиёд дар ҷомеа то ҳанӯз молики ширкат эълон нашудааст. Дар ин роҳ чанд плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад. Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Дар бораи моликони ширкат маълумоти дақиқе расонаӣ нашудааст, вале мақомоти Тоҷикистон онро аз пардохти андоз ва боҷҳо озод кардаанд. Расонаҳо ва бархе аз коршиносон ин ширкатро ба яке аз наздикони президенти Тоҷикистон нисбат медиҳанд, вале ӯ дар яке аз нишастҳои хабарӣ ин нуктаро рад кардааст. Пештар вазири собиқи нақлиёт Худоёр Худоёров аз шеваи нигоҳубини шоҳроҳи мазкур аз ҷониби IRS интиқод карда буд ва дар пай ин ширкат ба танқидҳои ӯ посухи шадид дод.

Зимнан, аз ин пештар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД хабар дод, ки ҳангоми ҳаракат тавассути роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ аз ҷумла, Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Ваҳдат-Рашт-Лахш, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Лабиҷар-Сангвор-Қалаи Хумб, Айнӣ-Панҷакент ҳангоми бориши борон ва барф боэҳтиёт бошанд ва талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, ки дар вақти бориши борон ва барф ба ронандагон хушдор дода мешавад, ки таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо занҷирҳо муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш насозанд.

XS
SM
MD
LG