Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хонститутсия", ё чаро Қирғизистонро ҳоло бо ҳамсоякишварҳои авторитариаш муқоиса мекунанд


Содир Ҷабборов, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон
Содир Ҷабборов, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон

Лоиҳаи нави Сарқонун ё Конститутсияи Қирғизистон, ки ба президент салоҳиятҳои бештарро пешбинӣ кардааст, мавриди интиқоди ҷомеа қарор гирифт. Ин тарҳ ҳоло ба баррасии умум гузошта шудааст.

Қирғизистонро, ки “ҷазираи демократия” дар Осиёи Марказӣ меномиданд, акнун ба ҳамсоякишварҳои наздикаш, мисли Тоҷикистону Туркманистон монанд мекунанд. Ба кишварҳое, ки дар он низоми авторитарӣ шакл гирифтааст.

Дар Қирғизистон, пас аз интихоботи баҳсбарангези порлумонии рӯзи 4‑уми октябр ва тағйир ёфтани ҳукумат, лоиҳаи нави Конститутсияро дар баррасии умум қарор додаанд.

Аз қабл эълон шуда буд, ки тарҳи нави Сарқонун аз сӯйи 80 вакили порлумон таҳия мешавад, аммо баъдан, чанд депутат аз ширкат дар таҳияи тарҳи тағйири Сарқонун худдорӣ карданд. Ҳоло маълум нест, ки шакли нави қонуни асосии ин кишварро кӣ навиштааст.

Дар таҳрири нави Конститутсия талоши асосӣ ба бештар кардани салоҳиятҳои президент равона шудааст. Тибқи ин лоиҳа ҳамчунин шӯрои мардумӣ (Қурултой) таъсис меёбад, ки вазифаи мақоми олии машваратӣ ва ҳамоҳангсозро иҷро мекунад. Маҳз ҳамин ду банд дар тарҳи Сарқонуни нав аз сӯйи сиёсатмадорону фаъолон ва ҳуқуқшиносону бархе аз қонунгузорон ҳадафи танқиди шадид қарор гирифтаанд.

Пешниҳодҳои куллан тағйир додани сохтори сиёсии кишвар аз ҷониби вакилони даъвати шашум садо дод. Вакилоне, ки фаъолияти қонунии онҳоро бисёриҳо зери шубҳа мебаранд. Ваколати онҳо 28-уми октябр ба поён расид, аммо дар пасманзари тазоҳуроту нооромиҳо дароз карда шуд.

"ХОНСТИТУТСИЯ"?

Тибқи лоиҳаи нави Конститутсия, президент барои 5 сол интихоб мешавад, ин дар ҳолест, ки дар қонуни асосии феълӣ, ин мӯҳлат 6 сол пешбинӣ шудааст. Аммо ҷолиб ин аст, ки дар шакли русӣ ва қирғизии сарқонун тафовутҳо мушоҳида шудааст. Дар матни қирғизии қонуни асосӣ гуфта шудааст, ки як нафар наметавонад ду маротиба президент интихоб шавад. Вале дар матни русӣ омадааст, ки як нафар наметавонад беш аз ду давра раиси ҷумҳур интихоб гардад. Забони давлатӣ дар ин кишвар қирғизӣ аст, забони русӣ ҳам чун забони расмӣ истифода мешавад.

Бино бар тарҳи Конститутсияи нав, барои президенте, ки рӯзи 10‑уми январ дар интихоботи пеш аз мӯҳлат пирӯз мегардад, ин давраи аввали раҳбарии ӯ дониста мешавад. Тибқи лоиҳа, президент, раҳбари ҳокимияти иҷроия хоҳад буд.

Тавсеаи салоҳиятҳои президент, аз ҷумла додани ҳаққи баргузории раъйпурсӣ ба ӯ, низ зери танқиданд. Шакли нави Сарқонунро сокинони Қирғизистон, «хонститутсия» номидаанд. (Хон-ишора ба хонигариҳои замони феодалӣ).

Бархе аз сиёсатмадорон ҳам Қирғизистони маъруф бо номи "ҷазираи демократия" дар Осиёи Миёнаро, акнун ба ҳамсояҳояш дар минтақа, ки сарварони авторитарии онҳо конститутсияро ба манфиати худ тағйир додаанд, монанд мекунанд.

ҚУРУЛТОЙ, МАСЛАҲАТ ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ворид кардани Қурултой ё Шӯрои мардумӣ ба лоиҳаи нави Сарқонуни Қирғизистон, бисёриҳоро ба ёди Халқ Маслаҳати (Шӯрои машваратӣ)‑и Туркманистон мебарад.

Дар моддаи 7-уми лоиҳа омадааст, ки "мақоми олии машваратӣ, тавсиявӣ ва ҳамоҳангсозии Курултои мардумӣ (шӯрои мардумӣ )мебошад."

Соли 2016 дар Тоҷикистон Конститутсияро дигар карданд, ки дар мақоми наве бо номи “Асосгузори сулҳу ваҳдат‑Пешвои миллат” пайдо шуд. Ин мақомро танҳо Эмомалӣ Раҳмон метавонад дошта бошад ва пас аз истеъфо аз мақоми президентӣ низ Тоҷикистонро идора мекунад.

Дар Конститутсияи амалкунандаи Қирғизистон, Курултои мардумӣ, чунин мақом надорад, аммо коршинсон онро қадаме ба сӯи монанд шудан ба як ҷомеаи диктаторӣ медонанд. Тибқи қонунгузории мавҷуда, шаҳрвандон метавонанд, доир ба масоили давлатӣ ва ҷамъиятӣ шӯроҳои мардумӣ ташкил карда, хулосаҳои онро чун тавсия ба ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод намоянд.

Дар лоиҳаи Қонуни асосӣ, гуфта мешавад, ки Қурултой ё Шӯро дар масоили муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои одамон қарор қабул карда, барои баррасӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ирсол менамояд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки намояндагони Шӯро "ба президент оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат пешниҳодҳо мекунанд".

Қаблан, дар ин бора Содир Ҷабборов, ки барои пешбарии номзадиаш аз мансаби сарвазирӣ истеъфо дод ва дигар иҷрокунандаи вазифаи президент ҳам нест, ибрози назар карда буд.

Зимни боздид аз минтақаи Ҷалолобод, ӯ гуфт, ки Шӯрои мардумӣ, воситаи муассири назорати ҳукумат хоҳад шуд.

“Соле як бор, аъзои Шӯро, ки 2 ҳазор нафаранд, ҷамъ шуда, ҳисоботи президентро гӯш мекунанд. Дар он сурат, дар воқеъ мешавад, ҳукуматро назорат кард”,‑ гуфт ӯ.

Баҳсҳо атрофи Шӯрои мардумӣ ҳар сари чанд ввақт дар ҷомеаи Қирғизистон рӯ мезанад. Дар ҷаласаи Шӯро моҳи феврали имсол пешниҳод шуда буд, ки барои тағйир додани шакли идоракунӣ, системаи интихоботӣ ва нақши давлат раъйпурсӣ баргузор шавад.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонун дар бораи Шӯрои мардумӣ, дар баррасии умум гузошта шуд. Дар гузашта, бархе аз сиёсатмадорон пешниҳод карда буданд, ки Шӯрои мардумӣ ба палатаи болоии порлумон табдил дода шавад.

Ташаббусҳо дар бораи Шӯрои мардумӣ, Қурултойи мардумиро дар Қирғизистон ба Туркманистон низ монанд мекунанд. Дар ин кишвари Осиёи Марказӣ, дар пайи тағйири Сарқонун дар соли равон Халқ Маслиҳатӣ ба палатаи болоии порлумон табдил ёфт. Порлумони Тоҷикистон низ палатаи болоӣ дорад, ки аъзои онро асосан президент муайян мекунад.

Бештар кардани салоҳиятҳои президент ва ворид кардани институти Қурултойи мардумӣ дар тарҳи нави конститутсияро Омурбек Текебоев, вакили порлумон ва Феликс Қулов, сарвазири собиқи Қирғизистон ба ғасби ҳукумат дар Туркманистон монанд карданд.

Содиқ Шерниёз, депутати собиқ мегӯяд, тарҳи нави Конститутсия талоши қудратро ба даст гирифтан ва роҳ ба сӯйи низоми тоталитарӣ аст. Ӯ аз қонунгузорон даъват кард, ки ин тарҳро рад кунанд.

Сафармамад Небесқулиев, коршиноси масоили Туркманистон, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунад, “қиёси Қирғизистон бо Туркманистонро номуносиб медонад”.

“Миёни ду кишвар баъзе монандиҳо дида мешавад, вале онҳо ду давлати комилан дигар ҳастанд. Аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто бо фарқи менталитет мо миллатҳои гуногун ҳастем”,‑‑гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин коршинос, дар Туркманистон “Маслиҳат” ҳамчун ниҳод шакл нагирифта, балки он як сохтори сунъӣ ҳаст.

“Дар Қирғизистон ба ҳар ҳол нишонаҳои озодии сухан вуҷуд дорад. Дар Туркманистон ягон намояндаи мухолифин нест. Ягон нашрияи дигарандеш нашр намешавад. Ин ҳама дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд. Зимнан, дар Қирғизистон мардум метавонанд ба хиёбон бароянд ва ҳукуматро сарнагун кунанд”,‑‑ гуфт Сафармамад Небесқулиев, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

“ЗАМОНИ АЗ ДАСТРАФТА”

Анар Мусабаева, коршиноси мустақили сиёсӣ мегӯяд, талоши саросемавори ҳукумати нав барои баргузории ҳамапурсӣ ба хотири тағйири Конститутсияро дар ҷомеа "табаддулоти конститутсионӣ" меноманд.

Ӯ гуфт, ки “ҳангоми таҳияи тарҳи нави Конститутсия ҳеҷ машварати сиёсӣ сурат нагирифтааст” ва фаъолони ҷамъиятӣ дар он чизе, ки “ислоҳоти конститутсионӣ” меноманд, иштирок накардаанд.

Ба гуфтаи Мусабаева, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ омодаанд, ки муқобили тарҳи нави Конститутсия эътироз кунанд. Дар бораи ин тарҳи ислоҳот чанд вакили порлумони Қирғизистон низ изҳори норизоӣ карданд.

Аз замони нашри лоиҳаи Конститутсия чанд рӯз гузашт ва ҳоло маълум нест, ки то куҷо назари ҷомеа дар ин маврид шунида хоҳад шуд.

“Шахсан фикр мекунам, ки интиқоди ҷомеа дар ин марҳила таъсири каме хоҳад кард. Фурсат аз 22‑юми октябр ба ин сӯ аз даст дода шуд, замоне, ки ин ҳарф аз ҷониби ҳукумати муваққат садо дод ва имкони муқобилият ба пешниҳоди тарҳи тағйири Конститутсия вуҷуд дошт. ”

Ҳоло ин раванд оғоз шудааст ва Содир Ҷабборов бо командааш ҳар кореро анҷом хоҳанд дод, ки ин раванд то ҳамапурсӣ (референдум) расад”,‑‑ гуфт Мусабаева.

Ба ақидаи сиёсатшинос, агар Конститутсия ба ин шакл қабул шавад, “он зинае барои ғасби ҳокимият аз ҷониби гуруҳи манфиатдор хоҳад шуд”.

22‑уми октябр порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки моддаи 38 ва 63‑и қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи президентӣ ва вакилони Жогорку Кенеш”‑ро бозмедорад. Ҳамчунин, интихоботи нав ё такрории порлумониро бар асоси ин муқаррарот, пас аз анҷоми ислоҳоти Конститутсия ва на дертар аз 1‑уми июни соли 2021 баргузор мекунанд. Он рӯз Содир Ҷабборов, ки иҷрокунандаи вазифаи президент шуда буд, ин тарҳро имзо кард.

Бархе ҳуқуқдонҳо ва созмонҳо таъкид карданд, ки ҳангоми қабули ин қонун ҳуқуқвайронӣ сурат гирифтааст ва он хилофи конститутсия мебошад.

18‑уми ноября Комиссияи венагӣ, як ниҳоди машваратӣ барои Иттиҳоди Аврупо фавран ба ин вокуниш кард. Коршиносони Комиссия таъкид карданд, ки ба таъхир андохтани интихобот то ислоҳи Конститусия хилофи меъёрҳои демократӣ аст.

Гузориш шуд, ки 4‑уми ноябр Комиссия ин ҳарфро ба Қорибек Дуйшеев, намояндаи Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон расонидааст. Комиссия аз Қирғизистон даъват кардааст, ки марҳилаҳои конститутсиониро риоя кунад.

Ба гуфтаи Анар Мусобаева қарори Комиссияи венагӣ характери тавсиявӣ дорад ва ҳукумат метавонад онро ба назар нагирад.

Содир Ҷабборов рӯзи 19‑уми ноябр ба интиқодҳо посух дод. Ӯ гуфт, ки Конститутсияи соли 2010 роҳи рушди иқтисодии Қирғизистонро гирифт ва монеи пешрафти давлати мустақил шуд, ки он ба эътирозҳои мардумӣ расонд. Ӯ гуфт, ки барои қонеъ кардани талаботи мардуми мо қабули Конститутсияи нав лозим аст.

Пас аз инқилоби соли 2010 Қирғизистон ба шакли идоракунии порлумонӣ гузашт. Он замон Конститутсияи нав қабул шуд, ки тағйири онро барои даҳсолаҳо моратория эълон карданд.

Бо ин вуҷуд, соли 2016 ҳамапурсӣ барои тағйири қонуни асосӣ анҷом шуд, ки ва салоҳиятҳои сарвазир густариш ёфт.

XS
SM
MD
LG