Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз некӣ дар ҳаққи мардикорон то подоши бад барои хайрхоҳӣ дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Эълони як соҳибкори тоҷик, ки гуфт, мехоҳад, барои мардикорони муҳтоҷ, як меҳмонсарои ройгоне бисозад, сабаби таҳсину офарин хондани ӯ аз тарафи корбарони зиёде дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Айни замон иддае гуфтанд, ки мумкин аст, нияти хайри соҳибкор метавонад барои худаш оқибати хубе надошта бошад.

Хайрулло Насриддинов чанде пеш гуфт, агар мақомот иҷоза диҳанд, ҳозир аст, як сарпаноҳи муносибе барои мардикорон бисозад. Бисёре аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ ба Хайрулло Насриддинов офарину аҳсан гуфтаанд, ки мехоҳад, дар ҳаққи мардуми бекор некӣ кунад. Аз ҷумла корбаре бо номи Манучеҳр, ки дар вебсайти мо чунин гуфтааст: «Худованд ба ин бародар хайру баракат дихад. Дар ягон кишвари дунё ҳама бо кор таъмин набуду нест ва нахоҳад шуд. Мардикорӣ ва сохтмон кори мард аст, нанг аст, номус аст. Кор мекунад ва рӯзи худу кӯдаконашро мегузаронад.»

Аз некиву бекорӣ то подоши бад барои хубӣ дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Корбари дигаре бо номи Ватан низ соҳибкори тоҷикро барои нияти хайраш ситоиш ва мақомотро танқид кардааст, ки барои кори ночизе худнамоӣ мекунанд. Шарҳи уро чунин аст: «Офарин бародар Хайрулло. Беҳтарин кор мешавад. Ҳамин аст, садақа. На ин ки мисли баъзе раисони ноҳияву вилоят дар муқобили камера ба ду писарак курта мепӯшонанду тамом. Гӯиё, ки бисёр хоксоранд.»

Гуруҳи дигаре аз корбарон бо истифода аз фурсат масъалаи бекорӣ дар Тоҷикистонро дар миён гузошта ва пурсидаанд, ки чаро дар кишвар муддатҳои тулонист, ки бекорӣ мардумро азоб медиҳад ва мақомот роҳи дурусте барои ҳалли ин мушкил намеёбанд. Корбаре бо номи Мардикор чунин суолу шарҳеро дар вебсайти Радиои Озодӣ гузоштааст: «Охир ман ҳайрон мешавам, ки чаро дар мамлакат ҷойи кор нест? Мардикори бечора барои пайдо кардани як тикка нон дар хунукиву, гармӣ гуруснаву ташна мешинад. Ҳамин сохтмони қасри нав барои порлумон ба кӣ даркор аст? Магар намешавад, бо пуле, ки дар ин сохтмон сарф мекунед, корхона созед. Барои 100 ҳазор марди бекор.»

Дар ин байн як идда аз корбарон ҳушдор додаанд, ки агар соҳибкори тоҷик барои мардикорон меҳмонхонае бисозад, мумкин аст, баъд аз муддате онро бигиранд ва мардикоронро ба кӯча ва зери барфу борон биандозанд. Иқбол Аюбӣ корбари саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм чунин гуфтааст: Баъди чанд моҳ як нафар пайдо мешавад ва мегӯяд, бо мақсади таъмири бино корҷӯёнро якчанд рӯз аз инҷо холӣ мекунем. Лекин бадъи таъмир мебинед, ки дар пештоқаш калон менависанд, ки ОШХОНАИ МИЛЛӢ.

Як корбари дигар аз эҳтимоли оқибати бад барои нияти хайри соҳибкор ҳушдор дода ва гуфтааст, ки нишон додани кори хуби соҳибкорон дар Тоҷикистон гоҳо бар зиёнашон мешавад. Шарҳи корбари Инстаграм, ки худро рипоофиссиал номидааст, чунин аст: “Ин бародарам бехабар аст, ки бо пойи худ ба зиндон меравад. Дар Тоҷикистон кори хайр накунед, ки ягон баҳона карда, ё дузд гуфта ба зиндон меандозанд. Одамони хуб ингуна дер намепоянд.”

Воқеан чунин аст, одамони хуб дар Тоҷикистон дер намепоянд ва ё баръакс аст? Шумо ҳам назару андешаҳои худро дар ин бора нависед ва ё дар видео бигӯеду ба ин телефон бифристед: (+420) 607 900 808;

XS
SM
MD
LG