Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 чечентабор дар Фаронса дар доираи парвандаи қатли омӯзгор


Панҷ зодаи Чеченистон дар доираи парвандаи қатли омӯзгори фаронсавӣ Самюэл Патӣ боздошт шуданд.

Расонаҳо аз қавли мақомоти фаронсавӣ навиштанд, ки боздоштшудаҳо бо қотили Патӣ, Абдуллоҳ Анзорови 18-сола муколамаи интернетӣ доштаанд ва дар ин муколамаҳо мавзуи ҷиҳодро гуфтугӯ кардаанд.

Панҷ боздоштшудаи ахир аз 18 то 21 сол доранд. Айни замон нисбати онҳо айб эълом нашуда, балки тафтишот идома дорад.

Феълан дар доираи парвандаи қатли Патӣ 14 кас тафтиш мешавад, ки миёни онҳо панҷ тан хонандаи мактаб ҳастанд. Бархе аз онҳо дар ҳамдастӣ дар ҷиноят гумонбар ҳастанд.

Самюэл Патии 47-сола рӯзи 16 октябр кушта шуд. Чанд рӯз пеш аз кушта шуданаш вай дар дарс карикатураҳои маҷаллаи Charlie Hebdo-ро ба хонандагон нишон дод, ки дар онҳо пайғамбар Муҳаммад гӯё нақш ёфта буд. Абдуллоҳ Анзорови 18-сола ҳангоми боздошт аз сӯи мақомоти Фаронса парронда шуд.

Анзоров зодаи Москва ва чечентабор аст, ки рӯзи 6 декабр дар Чеченистон дафн шуд. Телевизиони "Грозний"-и Чеченистон гуфт, Анзоров қурбони дасиса шуд.

XS
SM
MD
LG