Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо то Олимпиадаи Токио-2020 тасдиқ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) тақвими чорабиниҳои пеш аз Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро нашр кард.

Пас аз се рӯз дар Доҳаи Қатар мусобиқаи World Judo Masters шуруъ мешавад, ки Тоҷикистонро дар он се варзишгар намояндагӣ хоҳад кард: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило) ва Темур Раҳимов (+100 кг). Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио талош меварзанд.

Шаҳри Доҳа бори аввал мизбони мусобиқаи World Judo Masters мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки 400 варзишгар (215 мард ва 185 зан) аз 70 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Сипас, дар моҳи феврал, Исроил ва Ҳонконг ду мусобиқаро баргузор мекунанд ва баъдан эстафетаро Тошканд ба даст мегирад, ки дар онҷо аз 5-ум то 7-уми март бори аввал мусобиқаи силсилаи “Тоскӯлоҳи бузург” баргузор мешавад.

Аз 7-ум то 10-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек баргузории мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус байни бузургсолон ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, варзишгарон дар ин ришта боз се мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузург” ва қаҳрамониҳои Осиёву ҷаҳон доранд. Аз 6-ум то 13-уми июн дар пойтахти Маҷористон – Будапешт бори дигар қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон баргузор мешавад, ки он то Олимпиадаи Токио охирин мебошад. Дар онҷо ба даст овардани имтиёзҳои рейтингӣ имконпазир аст.

Тибқи иттилои olympic.uz, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2021 байни бузургсолон мебоист дар Тошканд баргузор мешуд, аммо он ба соли 2022 мавқуф гузошта шуд. Бо эҳтимоли зиёд қаҳрамонии ҷаҳонии 2022 дар Тошканд метавонад ба мусобиқае табдил ёбад, ки дар он имтиёзҳои рейтингии Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж ҷамъ оварда шаванд.

XS
SM
MD
LG