Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бо Урдун ду бозии дӯстона анҷом медиҳад


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" муқобили мунтахаби Муғулистон бо тими миллии Урдун ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳарду бозии дӯстонаи мунтахаби кишвар бо мунтахаби Урдун рӯзҳои 1-ум ва 5-уми феврал дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ доир мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун охири моҳи январ шуруъ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон соли гузашта се бозии дӯстона анҷом дод ва аз тимҳои миллии Узбекистон бо ҳисоби 1:2, Баҳрайн бо ҳисоби 0:1 ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамроҳи тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон ба гурӯҳи "F" шомил аст.

Дар ин гурӯҳ мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи "F" ба далели пандемияи COVID-19 ба моҳҳои март ва июни соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, 7-уми июн дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон ва 15-уми июн дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои дӯстона

1-уми феврал

Урдун Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

5-уми феврал

Урдун Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

XS
SM
MD
LG