Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Хоҷаев сармураббии "Хуҷанд" шуд


Рустам Хоҷаев, сармураббии нави дастаи "Хуҷанд"
Рустам Хоҷаев, сармураббии нави дастаи "Хуҷанд"

Рустам Хоҷаев, мутахассиси 48-солаи тоҷик, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд - таъйин шуд.

Ба иттилои бошгоҳи футболи «Хуҷанд», Рустам Хоҷаев ба ҳайси сармураббии ноиби қаҳрамони Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ шуруъ кард.

Бояд гуфт, ки Хоҷаев солҳои 2017 - 2018 дар вазифаи сармураббии «Хуҷанд» кор кардааст. “Хуҷанд” бо раҳбарии ӯ соли 2017 медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст. Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 беҳтарин мураббии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Дар мавсими соли 2020 Хоҷаев ба ситоди мураббиёни «Хуҷанд», ки ба он Никола Лазаревич раҳбарӣ мекард, шомил буд. Баъди аз даста рафтани мутахассиси сербиягӣ ӯ иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ шуд. Бо омадани Ҳаким Фузайлов ба «Хуҷанд» ҳамчун сармураббӣ Хоҷаев ёвари ӯ гардид. Зимнан, Фузайлов чанд рӯз пеш сармураббии бошгоҳи «Динамо»-и Самарқанди Узбекистон таъйин шуд.

«Хеле шодам, ки бори дигар ба ман ин клуби дорои таърих ва анъанаҳои бойро бовар карданд. Ман аз мавсими оянда интизориҳои хуб дорам, ба бозигаронам бовар дорам, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем”, - гуфт Рустам Хоҷаев пас аз таъйин шуданаш ба вазифаи нав.

Ин мутахассиси пуртаҷриба, инчунин, солҳои мухталиф ҳамчун сармураббӣ дар дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Барқчӣ»-и Душанбе, «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ССКА-и Душанбе кор кардааст.

Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2013 беҳтарин мураббии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд. Ҳамон сол дастаи «Хайр» бо раҳбарии ӯ медалҳои биринҷии қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардидааст.

Рустам Хоҷаев, ки дорои муҷаввизи мураббии дараҷаи «А» мебошад, дар гузашта ҳамчун футболбоз ба ҷуз аз дастаҳои Тоҷикистон, дар бошгоҳҳои футболи Қазоқистон ва Белорус бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба дарвозаи рақибонаш чор гол задааст.

XS
SM
MD
LG