Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ширкати Бег Сабур"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд. САДО, ВИДЕО


Биноҳои навбунёд дар маҳаллаи Зарафшон, ки сокинонаш мегӯянд, ҳафт сол боз дар инҷо зиндагӣ мекунанд, вале хонаҳояшон аз санҷиш нагузаштааст
Биноҳои навбунёд дар маҳаллаи Зарафшон, ки сокинонаш мегӯянд, ҳафт сол боз дар инҷо зиндагӣ мекунанд, вале хонаҳояшон аз санҷиш нагузаштааст

Дар Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфтанд, ширкати "Комил-2010"-ро, ки бо номи "ширкати Бег Сабур" машҳур аст ва дар Душанбеву минтақаҳои дигар биноҳои баландошёна месозад, ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карданд.

Дар санадҳои расмӣ муассиси ширкат Зуҳуров Сиёвуш Бегович, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ном бурда шудааст. Ширкатро ёздаҳ сол пеш барои "истеҳсоли қум, сангреза, рег, шағал ва иҷрои корҳои сохтмонӣ" таъсис додаанд. Назари масъулони ширкат ба изҳороти охир маълум нест.

Як ширкати дигари сохтмониро бо номи "Ниагара" ба "рӯйхати сиёҳ" шомил кардаанд, ки гуфта мешавад, коршарики ширкати сохтмонии "Комил-2010" аст.

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, "минбаъд барои сохтмони манзилҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ ба ширкати "Комил-2010" қарордод баста намешавад". Вай иддао кард, ки "бо супориши шаҳрдорӣ ба Бег Сабурович дар Душанбе барои сохтмон умуман иҷоза намедиҳанд".

Пайдо кардани назари Бег Сабур то ҳол имконпазир нашуд. Телефонҳои ҳамроҳи вай ва масъулини ширкати "Комил 2010" то замони нашри матлаб дастнорас буд.

Ширкати вобаста ба Бег Сабурро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00
Линки мустақим

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, эҳтимол сифати бади хонаҳо ва танқидҳои пайваста аз кори ширкат боис шудааст, ки онро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кунанд.

"Маҳмадсаид Зувайдзода ин ҳарфҳоро дар нишасти матбуотӣ бе мувофиқа бо мақомоти олии кишвар ҳаргиз ба забон намеовард. Яъне, мақомот ба натиҷае расидаанд, ки бояд ин вазъ ислоҳ карда шавад. Дар акси ҳол, ин сохтмонҳо ба имиҷсозии Рустами Эмомалӣ мушкил эҷод мекунад", -- гуфт ӯ.

Соли гузашта низ дар ҳамин вақт раиси пешини Кумитаи сохтмон гуфта буд, агар ширкати вобаста ба Бег Сабур камбудҳоро дар хонасозӣ ислоҳ накунад, литсензия ё муҷаввизашро мегиранд ва барои ин чанд моҳ фурсат дода буданд. Мақомот ва масъулони ширкат нагуфтанд, ки оё камбудҳо ислоҳ шудааст ё не.

Вале Зувайдзода гуфт, ҳоло се биное мондааст, ки ширкати "Комил-2010" бояд умури сохтмониашро анҷом дода, ба онҳое, ки манзил харидаанд, санад бидиҳад. Дар акси ҳол, ба гуфтаи ӯ, фарзандони соҳибони ин хонаҳо ҳатто наметавонанд ба мактаб раванд.

"Соҳибони манзилҳо дар ивази пул ин хонаҳоро харидаанд, вале комиссияи давлатӣ то ҳол ин хонаҳаро қабул накардааст. Зеро корҳои сохтмонӣ ба дурустӣ анҷом нашудааст", -- афзуд ӯ.

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, ду бино дар наздикии дарвозаи ғарбӣ, дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе ва як бино дар назди Бемористони касалиҳои сироятии пойтахт ҷойгиранд. "Баъд аз анҷоми умури сохтмонӣ, ваъда медиҳам, ин ширкат дигар ба сохтмони манзил барои сокинон ҷалб карда намешавад", -- афзуд Маҳмадсаид Зувайдзода.

Ин дар ҳолест, ки чандин бинои мутааллиқ ба ширкати "Комил 2010" дар маҳалли Зарафшони пойтахт сохта шудаанд ва сокинон дар онҷо зиндагӣ мекунанд, вале ҳеч санад надоранд. Рӯшан нест, сарнавишти он хонаҳо ва моликонаш чӣ хоҳад шуд.

"Ширкати Бег Сабур"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд."Комил 2010" аз бозори хонасозӣ берун мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Ширкати “Комил 2010” дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт 16 бинои навсохти бисттабақа ва ҳар бинои он ҳудуди 200 хона дорад. Сохтмони ин хонаҳо охири соли 2016 шуруъ шуда, бар асоси шартнома, бояд соли 2020 ба соҳибонашон супорида мешуд.

Бо гузашти беш аз 4 сол сохтмони биноҳо идома дорад ва муштариён аз он тарс доранд, ки мабодо корҳои сохтмонӣ солҳои дароз тӯл кашад ва ҳамаи нақшаи онҳоро барбод диҳад.

Бег Сабур қаблан дар як суҳбат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, бисёре аз муштариён пули хонаҳоро пурра напардохтаанд ва ҷараёни сусти сохтмон ба он вобастааст.

Қонунҳои Тоҷикистон ба соҳибкорӣ машғул шудани мансабдорони давлатиро манъ кардааст. Бег Сабур мегӯяд, вай амалан раҳбари ягон ширкати сохтмонӣ нест, аммо ба наздиконаш барои рафъи мушкили мардуми бехона дар Тоҷикистон кумак мекунад.

Навори суҳбат бо Бег Сабур аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Бег Сабур дар бораи қарзи андоз ва пайвандӣ бо президент
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Як таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон бо далелу аксҳо исбот карда буд, ки Бег Сабур маҳалли кори давлатиашро ба макони қабули муштариён ва харидуфурӯши хонаҳо табдил додааст.

Бег Сабур (Зуҳуров) соли 2011 раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъйин шуд ва аз он замон то кунун раёсати ин ниҳодро бар дӯш дорад. Номи ӯ чанд дафъа бо ҳодисаҳои муҳими кишвар дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ҳангоми ҳодисаҳои соли 2012 дар Бадахшон, ки дастрасӣ ба телефону Интернет дар онҷо қатъ шуд ва ӯ гуфт, "як тир тамоми алоқа бо вилоятро канд".

XS
SM
MD
LG